Сарҳалқаи занӌираи тарбия
(назаре ба фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба кӯдакистонҳо
ва марказҳои инкишоф дар вилояти Суғд)
Кӯдакистон ё ба истилоҳи расмӣ - муассисаи таҳсилоти томактабӣ сарҳалқаи қавиест дар занӌираи таълиму тарбияи насли наврас, ки то кадом дараӌа муҳим буданаш ба шарҳу тафсир ҳоӌат надорад. Аз ин рӯ, дар сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ӌумҳурӣ ба масъалаи торафт бештар ӌалб кардани кӯдакон ба ин муассисаҳо таваӌӌуҳи ӌиддӣ ба назар мерасад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари корӣ ба вилояти Суғд чанд кӯдакистони навро ифтитоҳ мекунанд, ки далели амалии ин таваӌӌуҳ аст. Мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо низ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва ӌалби соҳибкорон ба сохтмону таъмири кӯдакистонҳо, беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, бо мутахассисон таъмин намудани ин муассисаҳо ба таври доимӣ машғул мешаванд.
РОЗИЯ – БЕҲТАРИН МУРАББИЯ
Навиди пирӯзии мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15 шаҳри Конибодом Розия Нурматова дар озмуни ӌумҳуриявии «Мураббии соли Тоӌикистон - 2019», ки моҳи январи соли равон дар Душанбе доир шуд, аҳли маорифи вилоятро шод гардонд.
Розия зодаи деҳаи Маҳрами деҳоти ба номи Шарифови Конибодом аст. Пас аз хатми мактаб (2005) донишӌӯи факултети филологияи тоӌики Донишгоҳи давлатии Хуӌанд ба номи академик Бобоӌон Ғафуров гардид. Фаъолияти омӯзгориро дар дабистони таҳсилкардааш - МТМУ №32 оғоз кард ва дар сафи омӯзгорони пешсафу эӌодкор мақом ёфт.
Дар деҳа баъди талабу дархости зиёд соли 1988 кӯдакистон сохтанд ва шодии мардум, хусусан, модарони серфарзандро, ки дар ин ё он соҳа кор мекарданд, ҳадду канор набуд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози нобасомониҳо дар ӌумҳурӣ системаи маориф фалаӌ шуд. Кӯдакистони деҳа, ки мардум бо ҳазорон умеду орзу «Донояк» ном ниҳода будандаш, тадриӌан ба харобистон табдил ёфтан гирифт.
Соли 2014 мардуми деҳа ташаббус нишон доданд, ки кӯдакистонро таӌдид менамоянд ва шаҳри Конибодом, раёсати маорифи вилоят ин иқдоми наӌибро дастгирӣ карданд. Дар як муҳлати кӯтоҳ бомпӯшҳои кӯдакистон пурра иваз шуда, бино аз тармими асосӣ баромад, атрофаш гулу гулзор шуд. Он сол чор гурӯҳ созмон доданд. Розияро ҳамчун мураббияи яке аз гурӯҳҳо пазируфтанд.
Розия Нурматова эҳсос намуд, ки таълиму тарбияи кӯдакон маълумоти вижаеро талаб мекунад. Аз ин рӯ, ҳарчанд модари се фарзанд буд, тасмим гирифт, ки ба бахши ғоибонаи факултети психология ва таҳсилоти томактабии ДДХ дохил шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Хушбахтона, чанде қабл ҳуӌӌати таҳсилоти олии дуюмро ҳам дарёфт намуд.
Азбаски эӌодкорӣ дар тинаташ буд, дар кори гурӯҳаш навовариҳо ворид намуд. Дар чандин озмунҳо чун беҳтарин мураббӣ дар миқёси вилоят эътироф гардид ва ба озмуни ӌумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Баъди аз Душанбе бо зафар баргаштан, ба ӯ вазифаи мудирии муассисаро пешниҳод намуданд. Ва акнун Розия Нурматова мудири «Донояк» аст, мудири кӯдакистоне, ки дар он 45 нафар, аз ӌумла 17 нафар кадрҳои педагогӣ ба тарбияи 314 нафар кӯдак машғул мебошанд.
ФАРОГИРӣ 20, 4 %.…
Бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи кӯдакистонҳо ба раёсати маорифи вилоят муроӌиат намудам. Мутахассиси пешбари раёсат Гулсара Сайфиддинова маълумоти даркориро пешниҳод ва онҳоро шарҳу эзоҳ дод.
- Дар вилоят 272 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ӌумла 203 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 56 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ мавӌуд аст. Дар онҳо 44 ҳазору 507 нафар кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд. Нисбат ба соли 2018 шумораи муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 11 адад афзудааст. Ғайр аз ин дар марказҳои инкишофи кӯдак 757 гурӯҳ бо фарогирии 16289 нафар кӯдакони 6 - сола амал мекунанд. Умуман, дар вилоят 20,4 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба кӯдакистон ва марказҳои инкишофи кӯдак ӌалб шудаанд.
Таҳлили оморӣ нишон медиҳад, ки сатҳи фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар шаҳрҳои Бӯстон 63,5 %, Хуӌанд 55,8 %, Гулистон 48,7 % аст. Дар ин миён ноҳияҳои Ӌаббор Расулов 35,3 %, Спитамен 24,5 %, Зафаробод 23,9 % пешсафанд. Мутаассифона, фарогирии кӯдакон дар кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак дар ноҳия ва шаҳрҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 5,1, Истаравшан 7,6, Мастчоҳ 8,3, Айнӣ 9, Деваштич 12,1, Панӌакент 12,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд мақсад гузоштаанд, ки ин рақамро то соли 2030 ба 30 дарсад расонанд.
ОЁ БА ИН ҲАДАФ МЕРАСАНД?
Асосан ду роҳ ҳаст: яке сохтани кӯдакистонҳои нав, дигаре – таӌдиду тармими кӯдакистонҳои мавӌуда, ки аз истифода берун мондаанд. Чунончи, соли гузашта дар шаҳри Бӯстон кӯдакистони хусусии «Гули Наврӯз» бо ӌалби 180 нафар тарбиятгиранда ва як кӯдакистони хусусии дигар бо номи «Ахтари тобон» ба фаъолият оғоз намуданд.
Боиси хурсандист, ки бонувони соҳибкор дар сохтани кӯдакистонҳои хусусӣ фаъол мебошанд. Соли гузашта соҳибкорбонувони суғдӣ М. Ҳоӌибоева ва О. Бӯтаева дар ноҳияи Ӌаббор Расулов, Шаҳло Кенӌаева дар ноҳияи Зафаробод, Замира Каримова дар ноҳияи Бобоӌон Ғафуров кӯдакистонҳои замонавӣ сохтанд. Алҳол аз тарафи омӯзгор Рисолат Яҳёева дар шаҳри Исфара кӯдакистони хусусӣ сохта шуда истодааст. Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони ду кӯдакистони хусусӣ анӌом ёфт, ки аз соли нави хониш тарбиятгирандагонро фаро хоҳанд гирифт.
Як сол қабл аз ин дар шаҳри Гулистон ду кӯдакистони аз фаъолият бозмондаро аз нав ба истифода доданд. Аз ӌумла, кӯдакистони «Парасту» бо дастгирии МИҲД - и вилоят аз таъмири куллӣ бароварда, бо дастгирии МИҲД-и шаҳри Гулистон таӌҳизонида, ба истифода дода шуд. Теъдоди гурӯҳҳо дар кӯдакистони мазкур 14 адад буда, алҳол 376 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Баробари таваӌӌуҳ ба кӯдакистонҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки шароити созгор доранд, марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис дода шудаанд, ки барои ба мактаб омода намудани бачаҳо нақши мусбат доранд. Дар вилоят соли хониши гузашта 438 маркази инкишофи кӯдак амал дошт. Дар ин давра дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар назди 122 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Бобоӌон Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Айнӣ, Панӌакент, Деваштич, Спитамен, Конибодом марказҳои таҳсилоти бармаҳал барои кӯдакони 4 – 6 - сола таъсис дода шуда, ҳар марказ ба маблағи 3500 доллари амрикоӣ бо ашёҳои зарурии таълимӣ таӌҳизонида, зиёда аз 500 омӯзгори ин марказҳо аз омӯзишҳои такмили ихтисос гузаштанд.
МУРАББИЁНИ МОДАРЗОД
Кӯдакистонҳо муассисаҳое ҳастанд, ки аксарияти мутлақи кормандонашон бонувон мебошанд. Ин беҳуда нест, зеро зан - модар табиатан хислати мураббигӣ дорад. Аз 272 кӯдакистони ҳудуди вилоят ба 271 ададаш бонувон сарварӣ мекунанд. Ӌамъ аз 4483 нафар корманди муассисаҳои томактабӣ бо шумули 1809 корманди техникӣ 1339 нафар маълумоти олӣ, 294 нафар олии нопурра, 1354 нафар миёнаи махсус, 1496 нафар миёна доранд.
Замони нав тақозо дорад, ки мураббиён на танҳо маълумоти олии омӯзгорӣ, балки олии хоси тарбияи томактабӣ дошта бошанд. Дар вилоят мураббиёни машҳур ба мисли Розия Нурматова зиёданд, ки заҳматашон сазовор қадр карда мешавад.
Дар раёсати маорифи вилоят бо хурсандӣ иброз намуданд, ки мураббиён Фирӯза Қодирова (аз кӯдакистони №15, шаҳри Хуӌанд), Мутриба Ёдгорова (аз кӯдакистони №20, шаҳри Исфара), Бисангин Ҳайдарова (аз кӯдакистони №11 - и ноҳияи Бобоӌон Ғафуров), Мухбира Шамсиева (аз кӯдакистони президентии шаҳри Хуӌанд) ва дигарон навовару эӌодкор буда, таӌрибаи ғании онон дастраси ҳамагон гардонда мешавад. Боиси ифтихор аст, ки мудири кӯдакистони №8 ноҳияи Бобоӌон Ғафуров Дилрабо Каримова моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Имкониятҳои дидактикии пешгирии одатҳои бади томактабиён ба воситаи тарбияи дастӌамъии гуманистӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
КӮДАКИСТОНИ БЕҲТАРИН
Ҳар сол дар вилояти Суғд озмуни «Беҳтарин муассисаи томактабӣ» баргузор мешавад. Аз ӌумла, соли сипаришуда дар ин озмун кӯдакистонҳо фаъолона иштирок карданд. Озмун, ки аз 21 шарт иборат буд, муайян намуд, ки кӯдакистони №27 шаҳри Хуӌанд беҳтарин дар соли 2019 будааст. Ӌойи дуюм насиби кӯдакистони №19 ноҳияи Ӌаббор Расулов ва ӌойи сеюм насиби кӯдакистони №8 шаҳри Панӌакент гардид. Ғолибон ва ширкатгарони озмун соҳиби мукофот шуданд.
14052 НАФАР ДАР НАВБАТ
Бино бар маълумоти раёсати маорифи вилоят алҳол 14052 нафар кӯдак барои ӌой гирифтан дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар навбат истодааст. Талабот дар ин маврид дар шаҳру ноҳияҳои Хуӌанд 2332 нафар, Спитамен 1600 нафар, Истаравшану Зафаробод ва Бобоӌон Ғафуров 1500-нафарӣ, шаҳри Бӯстон 1063 нафар нисбатан бештар аст. Ин майдони фарохест барои маблағгузории соҳибкорони ватанӣ, ки ҳам амали савоб асту ҳам фоидаовар.
Ӌӯра ЮСУФӣ,
вилояти Суғд