Ёди рӯзгори ширин
Донишӌӯёни омӯзишгоҳи ӌумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов баъди супурдани имтиҳони баҳорӣ ба плэнер (расмкашӣ дар оғӯши табиат, дар ҳавои соф) мебароянд. Донишӌӯёни курси якум дар боғҳои ҳайвоноту ботаникӣ ва муҳассилини курсҳои дуюм ба китфашон этюдник (дастгоҳи сепояи расмкашӣ) дар Такоб, Варзоб ва ё худ дар ягон рустои зебоманзари гирду атрофи шаҳри Душанбе ба тасвири табиат мебаромаданд.
Дар курси дуюм мехондем. Бачаҳои 17 - сола: ман, Валӣ Маҳмудови хуӌандӣ, Алишо Ӌалолови кӯлобӣ, Акмал Миршакаров ва Борис Абдураҳмонови душанбегӣ қарор кардем, ки ба плэнер бароем. Дар курс 12 кас будем, аммо панӌгонаи романтикҳо, сарсупурдаи санъати тасвирӣ ва ба ростӣ, «фанатикҳо» - и фарҳангу адабиёт аз гурӯҳ ӌудо шуда деҳаи зебоманзари Чавалайро интихоб намудем.
- Равед, - гуфт роҳбари гурӯҳ, рассоми шинохта ва омӯзгори варзидаи ӌумҳурӣ Хушмурод Раҳмонов. - Деҳаи Чавалай дар оғози фасли баҳор қабои дилфиребу зебо мепӯшад, деҳаи қадима, дар болои деҳа масӌиди қадимае ҳам ҳаст. Ба гумонам асрҳои ХVII – XVIII сохта шудааст… Баъд ба ҳар яки мо нигаристу таъкид намуд: «Агар аз деҳа ягон хабари нохуб шунавам, ҳамаатон аз омӯзишгоҳ хориӌ мешавед!».
- Фаҳмо! - бо як овоз садо додем мо…
Шодикунон ба кӯча баромадему нақшаи ба Чавалай рафтанро кашидем. Хӯроки якҳафтаина, хайма барои зист, рангубор, этюдкашаки сепоя, матоъ ва картони бо рангҳои равғанӣ мекашида гирифтем. Хурсандии мо ҳадду канор надошт. Ҳамин асно Акмал якбора хомӯш шуду чашмони ғамгину пурташвишашро ба сӯи хонаашон дӯхта гуфт:
- Узр, ман бо шумо рафта наметавонам.
- Чаро? Охир ин фикри олиӌаноб аз сари ту баромада буд. Чанд лаҳза пеш бо мо шодмонӣ мекардӣ - ку. Ба ту чӣ шуд, Акмал? Ё падару модарат рухсат намедиҳанд? - бо ҳаяӌон пурсид Бориси яҳудитабор, бо забони русӣ абрувони сиёҳи пайвастаи худро чин карда.
- Падару модарам розӣ, аммо…
- Чӣ аммо? Фикратро дурусттар баён кун, - гуфт Алишо бесаброна.
- Апаам Зарина розӣ нест. Ба ҳамаи шумо осон: падару модаратон дар Кӯлобу Хуӌанду Фархор. Дирӯз бо падару модарам маслиҳат карда будам. Онҳо зид нестанд. Аммо апаам розӣ намешавад. Ман, ки дар оила фарзанди хурдӣ ҳастам, ӯ сарпарастии маро ба зиммаи худ гирифтааст…
- Заринаапа чӣ гуфт?
- Ана, акоят Мирафзал факултети шарқшиносиро бо баҳои аъло хатм кард. Бачаи боодоб, фурӯтан. Ҳоло дар Сафоратхонаи СССР дар Ӌумҳурии Сурия тарӌумон шуда кор мекунад, дипломат. Ягон бор беодобии ӯро надидем. Ҳамсояҳо низ ба ӯ офарин мехонанд. Ман китф дар ҳам кашида бо тааӌӌуб «Чӣ, ман ягон бор беадабӣ кардам?, - гуфтам. Не гуфт ӯ, дар он ӌо, дар Чавалай бо ҳамкурсонат ҳатман бесарӣ мекунетон. Ин бесарии ту ба оилаи мо доғ меорад.
Ҳамакаса ба хонаи Акмалшон рафтем ва бо ваъдаҳои қатъии худ Заринаапаро розӣ кунондем…
Хаймаи худро, ки он ӌои хоби ин панӌгона маҳсуб меёфт, дар нуқтаи баландтарини яке аз теппаҳои деҳа гузоштем. Дар пушти хайма чуқурие кандем. Маводи хӯрокаи худро, ки аз ҳасиб, консерви моҳӣ, «Шири қиёмшуда» ва нон иборат буд, ба ин яхдон гузоштем. Теппа дар фасли баҳор чунон сералаф буд, ки барои хоб кардан, кӯрпача ҳам лозим набуд.
Аз ин нуқта тамоми деҳа бо ҳама зебоиву нозукиҳо ӌилва медод: ана, дар поён, дар чуқурии маркази русто чашмае ба назар мерасид. Гирди он пур аз одам. Духтарон аз он ӌо об кашонда истодаанд. Яке зарфҳои пур аз обро ба хар бор кардаасту духтараки миӌгонсиёҳи куртачакани дигаре кӯзаи обро ба китфаш гирифта, бо пайроҳаҳои борик ба сӯи хонааш гом мениҳод. Оҳ, чи манзараи дилангез.
Аз ҳамон рӯз сар карда сепояи худро ба ҳар нуқтаи дилхоҳ гузошта, дар як рӯз як манзараи дилкаш меофаридем. Хурду калони деҳа моро хуш пазируфта буданд. Кӯдакони хурдсолро намегӯед, онҳо моро думболагирӣ мекарданд. Расм кашидани моро тамошо карда, завқ мебурданд.
Рӯзи сеюм субҳона хӯрдему аз теппа манзараи суратбоб ӌустем.
- Назди чашма бисёр манзараи табиӣ ва ҳам миллӣ, - афзуд Валӣ Маҳмудов. - Рӯзгори деҳаи қадимаи тоӌик. Либосҳои гулдӯзии зану духтарони обкашро намегӯед. Композитсияи таппа - тайёр. Номашро ҳам ёфтам: «Дар лаби чашма».
- Чашма намегреза. Имрӯз, ҳо ана хонаи лойшапака мекашем, - сухани Валиро бурида гуфт Алишо бо лаҳчаи кӯлобӣ. - Диден, дар боми оғил дарзаи алаф тал чиндагияй. Зардолуи гул кардагиш ай болойи деволи похсагӣ ҳам зада истодай. Осмон, раҳи каӌмокаӌак, хона, дарбача. Сафили куҳна аз қафо ӌо - ӌо ғрамбидагӣ. Фақат дар пеши дарбача ягон кампираки хамгаштара мешинонему тамом. Этюд ҳам гапай. Як картинаи зӯр мешава…
Ба сӯи ҳамон хонаи Алишо интихобнамуда равон шудем. Сепояҳои худро дар рӯбарӯи ҳамон хона гузоштему ба мусаввирӣ пардохтем. Вақто ки этюди хомакии мо нимтайёр шуда буд, аз даричаи хона кампири қоматаш хамгаштаи тахминан 70 – 75 - сола падид омад. Ҳама баробар ба ӯ салом додем. Кампир аз саломи гарму ӌӯшони мо неру гирифта, оҳиста - оҳиста ба назди мо омаду этюдҳои дар сепоя бударо як - як дидан гирифт.
- Боракаллоҳ, писаронам. Бисёр зебо, монанд, вале чаро айнан ҳамин кулбаи хоксоронаи маро мекашед?
Акмал ба пиразан рӯ оварда: «Очаӌон, мо рассом. Ин расмҳо барои имтиҳонҳои тобистона даркор» гуфтанӣ буд, ки ман бо ишораи «хап кун» чашмакӣ задаму нохост гуфтам:
- Очаӌон, мо инженер. Аз ин ӌо роҳи калон мегузарад. Девори шумо ба ин роҳ халал мерасонад.
- Чӣ хел роҳ? Охир дар паси хонаи ман ба ғайр аз кӯҳу талу теппаҳо чизи дигар нест - ку.
- Геологҳо, - идома додам ман, - дар тайи ҳо, ана вай кӯҳи кабуд кони тиллоро пайдо кардаанд. Ба ин ӌо тиллокорҳо меоянд. Роҳи калон мегузарад. Лоиҳаи хонаи шуморо кашида ба идораҳои дахлдор месупорем. Девори ҳавлии шумо бардошта мешавад. Ба ӌояш ҳукумат девори нав мебардорад.
Аз ин суханони бардурӯғи ман ҳамроҳонам аз ханда худашонро базӯр нигоҳ медоштанд.
Пиразан як муддат шох шуд. Пас аз чанд лаҳза, чизе ба ёдаш расид магар, ки зуд ба ҳавлӣ даромад. Аз байн ним соат нагузашта кампирак боз пайдо шуд.
-Ҳо, бачаҳо,- гуфт ӯ дарбачаи куҳнаю фарсудаи худро боз карда. - Нисфирӯзӣ шуд. Ман барои шумо дастархон омода кардам, дароед.
Беӌуръатона ба ҳавлӣ ворид шудем. Ба ростӣ консерви моҳигию ҳасиб ба диламон зада буд. Дар меҳмонхонаи калону васеъ ва коҳгилкардашудаи пиразан гирдобагирд кӯрпачаҳо партофта шуда буданд. Рӯи дастархон моломоли нозу неъмат. Ӌурғот, нони тунук, қанд ва кулчаҳо. Кампирак ба табақи калон, ки келинаш овард, ишора карда, гуфт:
- Ана ин қурутоб, дар шаҳр ин хел ғизо нест. Нашармида нӯши ӌон кунед. Кор намегурезад…
Ҳамакаса қурутоби болаззатро ба серӣ хӯрдем.
- Кори нағз нашуд! - гуфт Акмал…
- Ҳа, нағз нашуд, - такрор карданд дигарон.
- Чӣ бояд кард?
- Аз модар узр мепурсем.
Хестан пас ба ҳавлӣ баромадем. Пиразан ба мо обдаста дароз кард.
- Дастҳоятонро шӯед, - гуфт ӯ бо тавозӯъ.
- Очаӌон, - гуфт Алишои кӯлобӣ. - И бача шӯхӣ кард. Мо инженер нестем. Мо донишӌӯ, танҳо расм мекашем. Расмҳоро ба намоиш мегузорем. Маълимон тамошо карда, баҳо мемона. Халқ тамошо мекна…
Кампирак хандид:
- Ҳо ита бугу. Агане деволи хонаи мара чаппа намекунанд? Суратҳои хонаи мара дар шаҳр тамошо мекунанд?
- Нафақат хонаи шуморо, хонаҳои тамоми деҳаи Чавалайро, - ханда ба лаб гуфт Валиӌон. - Ана он чашма ва масӌиди куҳнаро низ…
- Масӌид сад сол пеш сохта шудагияй. Бобом нақл карда буд, - гуфт бо фараҳмандӣ пиразан.
Ҳама хушҳол шудем.
-Агар пагоҳ ҳам расм кашед, барои хӯроки чошт ба хонаи мо биёед. Қурутоб маъқул шуд ё не?
Дар замони шӯравӣ, дар ошхонаҳо умуман қурутоб таҳия намекарданд. Акмалу Борис, ки шаҳрӣ буданду ба онҳо ин таоми болаззатро чашидан бори якум иттифоқ афтода буд, барои баёни сипос ҳарф намеёфтанд.
Манзараро кашида тамом кардем. «Оғози фасли баҳорон. Осмони нилгун. Хонаи похсагинро зардолуи ғарқи гул ородода. Ва дар назди дарбачаи куҳнаю фарсуда кампираке ғӯтавари фикру андешаҳои рӯзгорон…»
Пеш аз ба Душанбе баргаштан, Акмал ҳамон этюдро ба пиразан туҳфа кард. Кампир ба чашмонаш ашк гирифта манзараро ба қафаси синааш зер кард, моро то ба поёни русто гусел карда, дуои хайрамон дод.
-Хайр, очаӌон.
-Хайр, писаронам. Хайр. Соли оянда боз биёед.
Вақте ки ба Душанбе омадем, дар навбати аввал ба назди Заринаапа рафта ҳисобот медодем. Акмал такрор ба такрор таъкид мекард, ки ҳодисаи фиреби пиразанро ҳаргиз фош насозем. Ин сирро фош накардем. Дар омӯзишгоҳ этюдҳои Чавалай ба баҳои панӌ сазовор шуданд. Шодии роҳбари гурӯҳ Хушмурод Раҳмоновро намегӯед. ӯ ба намоиши этюдҳои Чавалай Рассоми халқии Тоӌикистон Зуҳур Ҳабибуллоевро даъват кард.
Ин воқеа соли 1977 рух дода буд. Аз байн чанд сол сипарӣ шуда бошад? Ростӣ, намедонам. Донистан ҳам намехоҳам, зеро он хотираҳои ширин ҳамеша мисли он ки дирӯз гузашта бошанд, дар лавҳи хотир нақш бастаанд…
Ба наздикӣ дар гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагон Заринаапаро дидам. Зарина Миршакар - хатмкардаи Консерваторияи ба номи П. Чайковскийи шаҳри Москва, дорандаи мукофоти комсомоли ленинӣ, бастакори машҳури тоӌик. Заринаапае, ки дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат ба хунёгари машҳур Давлатманд Холов дарс додааст. Бисёр ба гармӣ аҳволпурсӣ карданд. Бачагиҳои моро ба ёд оварданд, хуб хандидем…
-Апаӌон, ёд доред, ҳамон солҳо ба шумо дар Чавалай беадабӣ намекунем гуфта ваъда дода будем?
- Дар ёдам ҳаст. Аз плэнер ҳамаатон баҳои панӌ гирифтед.
- Лекин мо бар хилофи ваъда беадабие карда будем.
-Наход?
-Ҳа, апачон, мо дар он ӌо ба ивази як беадабӣ шикамсерӣ қурутоб хӯрда будем, - гуфтаму ҳамон воқеаро пеши назар овардам.
Заринаапа каме ғамгин метофтанд, аммо якбора хандиданд. Якӌоя хуб хандидем.
- Ҳо шумо беодобҳо, - гуфт ӯ ва лаҳзае пас афзуданд:
- Ҳамон бачаҳо ҳоло ҳама ашхоси обрӯманд ва мутахассисони кордон,-гуфт Зарина. Валиӌони хуӌандӣ ҳайкали Айниро сохтааст. Дидам, хурсанд шудам. Алишо Ӌалолов дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дорад. Борис Абдураҳмонов дар Ню - Йорк галереяи санъати тасвирии Тоӌикистонро кушодааст. Шумо тарӌумон, хабар дорам, шеърҳои падарамро ба ӯзбекӣ тарӌума намуда, ба китоби дарсии ӯзбекӣ дохил кардед. Раҳмат…
- Акмалро фаромӯш кардед?
- На, дастовардҳои ӯ маълум…
- Барои ману шумо маълум, барои дигарон- чӣ?
Барои дигарон мегӯям: ҳамон Акмали 17 - сола, ки барои як густохии ман аз кампираки чавалайӣ узр пурсида буд, ҳоло Арбоби шоистаи фарҳанги Тоӌикистон, узви раёсати Иттифоқи рассомони ӌумҳурӣ, узви Академияи рассомӣ, профессори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоӌикистон Акмал Миршакар мебошад…
Акмале, ки бо вуӌуди писари Шоири халқии Тоӌикистон Мирсаид Миршакар буданаш, бероҳа нашуд, роҳи худро ёфт. Аз пайи ҳунарҳои зебо рафт ва имрӯз ёду ёдгори падарашро азиз медорад.
Ногаҳон сӯи троллейбусе, ки дар истгоҳ истода буд, давидам. Зеро бо одамони нағзу азиз хайрухуш карда наметавонам. Хайр гуфтан бо чунин инсонҳои соҳибдилро хуш надорам. Бо модарам ҳам, ҳаргиз хайрухуш намегуфтам. Барои ҳамин, давдавон садо баровардам:
- Заринаапа, сарпарасти бачагиҳои мо, хуш бошед, то дидор!
- То дидор…
Сайфулло ҚУЛАЕВ