Ҳар субҳ таваллуди дигар аст
Шукргузор аз он аст, ки соҳиби ду ҳадия, волидони нексиришт ва ҳамсари солеҳаест. Худро марди хушбахт меҳисобад. Зеро маҳз бо роҳнамоиву дастгириҳои онҳо чун шахсият ба камол расидааст.
Ҳунарманди шинохта Лутфулло Давлатов дар бораи нақши хонавода, бахусус модар ва ҳамсар дар ташаккул ёфтани шахсияти инсон андешаҳои худро чунин иброз медорад.
- Суоле, ки дер боз интизораш будам
- Бо тақозои маслак бо журналистони зиёд ҳамсуҳбат шудам. Мавзӯи суҳбатамон аслан театр, кино ва нақшҳои офаридаам буд. Аз он интизорӣ мекашидам, ки шояд нафаре аз боби саҳми волидон дар кору пайкорам ӌӯё шавад. Ва имрӯз фурсате расида, ки аз ин бобат бигӯем.
Дар хонаводае, ки ман дар он ба воя расидаам, падар нақши муҳимро дошт ва, албатта, ин анъана хоси ҳар як оилаи кӯҳистонист. Ба ӌо овардани рисолатҳои оиладории мардуми тоӌик, яъне ба воя расондани фарзанди солиму солеҳ, таъмини амнияту озуқаи аҳли хонавода ва амсоли он, табиист, ки аз ӌониби марди хона сурат мегирад. Падар мисли кӯҳи азиме барои фарзандон буд, ки дар ҳама мушкилоти пешомада ба ӯ такя менамудем. Вақте бузург шудам, фаҳмидам, ки падарам инсони одӣ, заҳматкашест, ки дастонаш аз ғояти меҳнати сангини сохтмон пуробилаю шахшӯл гаштааст. Бале, падар тавонист рисолати роҳбарии хонаводаро ба сомон расонад. Қиблагоҳ бароям мояи ифтихор буд. Ва имрӯз ин рисолати оиладорӣ, ки аз падар мерос гирифтаам, дар хонадони ман роиӌ аст.
Падар нақл мекарданд, ки бо оғоз ёфтани Ӌанги Бузурги Ватанӣ ҳафт сол доштанд ва бо наҳсии он ҳамагӣ як сол дар мактаб хонданду тамом. Вале соҳибхат ва дӯстдори асарҳои бузургони тоӌику форс буданд. Ҳангоми хизмати аскарӣ бо хати зебову хоно ва чашмбарандаашон ба унвонам номаҳо ирсол менамуданд. Байни ҳамхизматон ифтихор доштам, ки аз ҳама зиёд ман аз падар мактуб мегирам. То ҳанӯз номаҳои навиштаи падарамро маҳфуз медорам.
- На ҳар мард мард бувад…
- Бо тақозои касб ба ноҳияҳои дурдаст ба наворгирии филм меравем ва бо зиндагии аслию воқеии мардум аз наздик ошно мегардем. Он чизе, ки бештар таваӌӌуҳи маро ба худ мекашад, зиндагии бонувони деҳот мебошад. Мутаассифона, на ҳар мард дар оила рисолати хешро ба ӌо меорад ва он урфу одатҳои оиладорӣ дар деҳот то ӌое коста гаштааст. Занон дар кӯҳу пуштаҳо ба ҳезумчинӣ машғул мешаванд ё корҳои ниҳоят вазнину сангинро анӌом медиҳанд. Борҳо аз онҳо пурсидам, ки мардҳои хона дар куӌоянд, ки шумо чунин корҳоро бар дӯш доред? Мегӯянд, ки дар хона хобанд. Вақте мард нисбат ба ҳамсару духтари худ чунин амалро раво мебинад, пас писари чунин хонадон чӣ тавр масъулияти оиладориро ба субут расонда метавонад?
- Модарон ғаниматанд
- Саҳми модар дар хонаводаҳои мардуми аврупоӣ бештар ба назар мерасад. Зеро аксари ин оилаҳо устувор нестанд ва бештари масъулият бар дӯши зан меафтад. Хушбахтии мо дар анъана ё оини хонаводагист, ки аҳли хонавода такя ба ӌинси мард доранд. Ин ӌо гуфтанӣ нестам, ки модар барои ташаккулёбии шахс саҳм надорад. Ин амри табиист, ки аз лаҳзаи ба вуӌуд омадани фарзанд дар батни модар, муколамаи модару кӯдак оғоз меёбад. Меҳрубонӣ, навозиш, бахшидан, дӯст доштан ва амсоли ин аз модар омӯхта мешаванд. Шуӌоату мардонагӣ, ростқавлӣ ва ғайра аз падар ба фарзанд мерос мемонанд.
Модарам соҳиби 10 фарзанд аст ва ман фарзанди нахустини хонадонам. Меҳрубониашро зиёд дидаам. Агарчи фарзанди деринтизори модар будам, ёд надорам, ки боре ҳам эркагӣ карда бошам. Барои «беадабиҳо» - и кӯдаконаам ҳатман гӯштмол ва танбеҳам медод. Ин лаҳзаҳоро наметавон фаромӯш сохт (механдад).
Модарам ба синни 82 расидаанд. Шукр мегӯям, ки ӯ болои сарам мисли офтоби ӌонбахш шуъла мепошад. Аз ҳастиаш барои идома додани зиндагӣ неру мегирам. Ҳар гоҳе фурсати кӯтоҳе даст диҳад, чанд рӯзеро бо модар мегузаронам. Модарон ғаниматанд…
- Суруди «Модар» аз дил буд
- Гоҳе ёди кӯдакӣ маро ба дуриҳои дур мебарад. Зери лаб оҳангеро замзама мекунам. Иддаои ҳофизӣ надорам, вале бо амри дил гоҳе суруд мехонам. Сурудеро, ки дар васфи модар сароидам, аз умқи дил буд. Ҳамон хотираҳо, дур будан аз хонаи падарӣ, аз навозишҳои модар лаҳзаҳои фориғ водорам сохт, то оҳанге ё суруде аз ёдҳо тавлид гардад. Ва бо қалами Давлат Сафар суруди «Модар» навишта шуд.
- Хислатҳои модарро дар ҳамсар мебинам
- Модарам бонуест қаноатпеша, камгап, шармгин ва хеле пуртаҳаммулу дурандеш. Ин ҳама хислатҳои модарро дар бонуи хонадонам мебинам. Бо қувваи муҳаббати ҳамсарам ба шаҳри Душанбе ба хондан омадам. Аз он ки ҳамон сол дар шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоӌикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои театри Конибодом мебоист ҳунарпеша омода менамуданд, ҳуӌӌатҳои маро напазируфтанд. Пеши дилдода шармандагӣ буд, ки ба донишкада дохил нашавам. Гиряҳои зор намудам, то маро аз ин даргоҳи ҳунар ноумед нагуселонанд. Корам омад кард. Ҳуӌӌатҳоямро супурдам, аз имтиҳонҳо баҳои аъло гирифтам ва то давраи оғоз ёфтани дарсҳо дар донишкада ба деҳа баргаштам.
Дар оғози зиндагӣ мушкили зиёдеро паси сар намудем ва аз ин санӌиши ҳаёт ҳамсарам бо хислатҳои қаноатпешагию пурсабриаш «бомуваффақият» гузашт. Бо тақозои пеша рӯзҳои бешуморам дар сафарҳои ҳунарӣ ё дар тамрини нақшҳо сипарӣ мешуд, ки гоҳе боиси рашкҳои беасосаш мешуданд. Ростӣ, боре ҳам дар фикри хиёнат ба ҳамсар набудам. Сабру таҳаммули завӌаам то имрӯз сутуни хонаводаи моро мустаҳкам нигоҳ медорад. Шояд, агар ҳамсарам чунин хислатҳоро доро намебуд, оилаамон кайҳо пароканда мешуд.
Сифати дигари модарам ин аст, ки бо келинҳо дар муошират хеле самимию эҳтиёткор мебошад. Ба зиндагии фарзандон кордор намешавад. Вақте бо келинҳо «духтарӌон» гуфта муроӌиат мекунад, онҳо аз ин муносибаташ рӯҳбаланд мешаванд ва эҳтиромашон зиёд мегардад. Ин сифатҳои хуби модарамро вақте дар симои завӌаам мебинам, шод мешавам. Зеро аз ин табъи писаронам ҳам хушу болида мегардад. Муҳаббаташон ба ҳамсару фарзандонашон бештар мешавад.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО