Сайёра Сафарӣ:
«Аз тоҷик буданам мефахрам»
ДУХТАРИ ДУШАНБЕ
Дар зарфи қариб 30 сол аз аҳли ҳунар чандин таҳиягарону ҳунарпешаҳои тоӌик дар хориӌи кишвар бо фаъолияти пурсамари хеш дар дили ҳазорон ҳаводорон маскан гузидаанд. Аммо ағлаб аз зумраи мардонанд. Хушбахтона, дар ин росто бонуе бо ҳунари хеш бо нақшофарӣ дар олами синамо маҳбуби дилҳо гашта. ӯро Сайёра Сафарӣ ном мебаранд. Ин духтари зебо нахуст дар шаҳри Душанбе, дар 16 – солагӣ дар филми истеҳсоли «Мосфилм» нақш офарида.
Парирухи 13 – соларо ҳаводорони кинои Россия мешинохтанд. Сайёра зодаву парвардаи шаҳри дилорои Душанбе аст. Рӯзи пурнишот, 21 марти соли 1991, дар рӯзи Наврӯзи оламафрӯз бо қадами некаш хонадонро мунаввар сохтааст. Дар оилае, ки аллакай 3 писару 1 духтар ба камол мерасиданд.
Волидонаш сахтгир набуданд. Ба ӌигарбандони хеш имкон медоданд, ки мустақилона инкишоф ёбанд. Онҳо Душанбеи худро дӯст медоранд. Имрӯз ҳам бо ёфтани фурсати муносиб сӯи зодбум ба парвоз меояд, то аз ҳолу аҳволи хешовандон, дугонаву ҳамсинфон ва ошноҳо воқиф гардаду фурсате бо онҳо ғами дил барорад, рӯзҳои пурнишоти наврасии хешро пеши назар биёрад.
Сайёра дар 14 – солагӣ, дар як ташкилоти байналмилалӣ ризокор – волонтёр буд. Онҳо зуд – зуд спектакл мемонданд. Ба ӯ мудом иӌрои нақшҳои асосӣ мерасид. Нахустин мухлисонаш падару модар ва аҳли хонаводаашон буданд. Падар ӯро шӯхиомез «телевизор» меномид ва ҳар доим бо меҳрубонӣ садо дармедод, ки «телевизори ман» куӌост? Ин ҳамаро боис он буд, ки замони сангини ноамнӣ дар шаҳр барқ камчин буду Сайёра аҳли хонаводаро бо ҳунарнамоии хеш андармон месохт.
ИҚБОЛ
Сайёра соли 2007 дар синфи 11 таҳсил мекард. Аз Москва ба шаҳри Душанбе таҳиягарони киностудияи «Мосфилм» омаданд. Онҳо барои иӌрои нақши духтарбачае дар филми «Десантура» кастинг эълон карданд. Хоҳарбузургаш то ба он лаҳза дар филми эроние нақш офарида буд. Барои санӌиш ӌадал мекард. Ситора он замон дар шабакаи якуми телевизиони Тоӌикистон баранда буд. Пас аз кор бояд ба санӌиш мерафт. Модараш аз Сайёра хоҳиш намуд, ки бо апааш равад, то дар бевақтии шаб танҳо барнагардад…
Ситора охирин довталаб буд. ӯ ба ҳуӌра ворид шуда чанде баъд берун омад. Коргардоне дарро кушода, хитоб кард, зуд бош духтарак, шумо охиронед. Ва дарро пӯшид. Ба ӌуз Сайёра дигар нафаре дар роҳрав набуд, даступо хӯрд. Аммо таваккал гуфта, ба толор ворид гашт. Он даврон ӯ шавқманди театри русии ба номи Маяковскийи пойтахт буд ва аз ҳунарнамоии актёрон дар саҳна ба завқ меомад. Бо поён ёфтани кастинг хоҳарон ҳазлу шӯхикунон ба хона баргаштанд. Рӯзи дигар масъулон мужда гирифтанд, ки онҳо Сайёраро барои иӌрои нақш дар филм тасдиқ кардаанд. ӯро даҳшат фаро гирифт, зеро дар ин ӌода ба чизе сарфаҳм намерафт…
Баъди ҳунарнамоӣ дар филми мазкур, ки ҳамагӣ чанд рӯзро дар бар гирифт, коргардон аз ӯ пурсид, ки чандсолаӣ. Фаҳмид, ки духтараки ширинрӯ 16 – сола асту орзуи журналист шуданро дорад. Маслиҳат дод, хубаш пешаи актёриро интихоб намояд. Ба шаҳри Москва биёяд.
Ин озмоиш барои Сайёра тасодуфӣ буд, зеро ӯ дар гӯшаи хаёл ҳам надошт, ки актёр мешавад.
РОЗИКУНОНӣ
Дар хона падару модари хоҳарон аз чунин ранг гирифтани кор хушҳол нагаштанд. Солу замони ноамнӣ, раҳи дур, шаҳре ноошно, на хешу на табор. Онҳо намехостанд духтари қадраси хешро тани танҳо ба шаҳри дури дур фиристанд.
Ҳайати филмофарони маскавӣ низ паст наомаданд ва ба ёрии Сайёра шитофтанд. Ҳунарпешаи маъруф Егор Бероев бо чанд тан аз ҳайат баҳри гапгузаронӣ ба хонаи онҳо омаданд. Егор дар хусуси истеъдоди волои Сайёра изҳори назар кард. Ба волидон фаҳмонд, ки ӌигарбандашон бояд дар донишкадаи санъати Москва таҳсилро идома бидиҳад. Зеро ин духтарак соҳибистеъдод асту аз ӯ ҳунарпешаи хубе мебарояд.
Ниҳоят волидон розӣ шуданд. Меҳмонон бо хотири хуш изҳори сипос намуданд. Ҳамин хел Сайёра фотиҳаи нек гирифта баҳри фатҳи қуллаҳои ҳунар ба парвоз омад.
МОСКВА
Сайёра соли 2008 роҳи эӌодии хешро дар шаҳри Москва асос гузошт. Дар навбати аввал муҳассили Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М. С. Шепкин шуд. Таҳсил барояш саҳл набуд, аммо духтараки соҳибистеъдод ва масъулиятшинос бо тамоми ҳастӣ ба таҳсил дода шуд.
ӯ овони донишӌӯӣ дар намоишҳои театрии «Девушка с обручем, восточная красавица» – «Наш цирк» (2010, режиссёр Владимир Сулимов), «Горничная» – А. П. Чехов, «Чайка» (2010, режиссёр Александр Коршунов), «Леди Торренс» – «Орфей спускается в ад» (2011, режиссёр Наталя Петрова) нақш офарид.
«ГУЛЧИТАЙ»
Сайёра Сафарӣ дар олами синамои Россия ва ӌумҳуриҳои пасошӯравӣ туфайли ҳунарнамоӣ дар силсилафилмҳои «Гулчитай» ва «Салом, Москва» маъруф гашт.
Ба қавле, нуҳ сол қабл парирухсори тоӌикро дар кишвари Россия чун пешаваре мумтоз шинохтанду эътирофаш карданд. Соли 2011 бахт ба рӯи ӯ рух намуд. Истеъдоди волои ӯ дар силсилафилми «Гулчитай» зоҳир гардид. Вай дар ин филм бо ҳунарпешаҳои маъруфи рус Ирина Розанова, Евгений Пронин, Алексей Макаров, Наталя Рудова ва дигарон нақш офарид. Ин дафъа низ тавассути озмун (кастинг) ба филм роҳ ёфт. Бе ҳаводор, бе муттако барои иӌрои нақши асосӣ – Гулчитай. Барои соҳиб гаштан ба ин нақш духтарони хушқаду басти зиёде омада буданд. Дар охир ду довталаб монд. Ҳайати ҳакамон барои иӌрои нақши асосӣ дар филм Сайёра Сафариро пазируфтанд. Баъдан режиссёри филм иқрор шуд, ки вай аз лаҳзаҳои аввал дар иӌрои ин нақш Сайёраро дар назар дошт.
Гулчитай образи бофтаву сохта нест. Ба андешаи ҳунарпешаи тоӌик чунин духтарон дар ҳаёт зиёд вомехӯранд. Сайёра мегӯяд, ки дар Тоӌикистон мисли қаҳрамони ӯ духтарони поксиришт кам нестанд. Филми мазкур дар ӌануби Қазоқистон, дар Шимкент (Чимкенти қаблӣ) наворбардорӣ шуд. Дар филм аслан ҳунарпешаҳои Россия ва ӯзбекистон нақш офаридаанд. Рӯзҳову моҳҳои аввал ӯро чун ҳунарпешаи ӯзбек ё қазоқ мепиндоштанд. Мояи ифтихор аст, ки дар иӌрои нақши асосии ин силсилафилм – Гулчитай ҳунарманди ӌавону умедбахш духтари тоӌик Сайёра Сафарӣ аст. Муҳоӌирон, муҳассилини тоӌик фахр мекунанд, ки ҳамватани онҳо дар нақши ӌолиб ҳунарнамоӣ кардааст.
Даврае, ки ӯро барои иӌрои нақш пазируфтанд, донишӌӯи курси дувуми Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М. С. Шепкин буд. Сайёра ҳангоми иӌрои нақши Гулчитай корҳои зиёдеро аз бар намуд. Дар танӯр нонпазӣ, аспсаворӣ, ба говҳо алаф доданро…
Филм ба тамошогарону ҳаводорони синамо мақбул афтод ва сарпарастон дар фикри давом додани филм шуданд. Ҳамин хел соли 2014 идомаи филмро бо унвони «Гулчитай. Ради любви» ба навор бардоштанд.
Сайёра Сафарӣ бо нақши Гулчитай дар қалби ҳаводорони синамои Россия ва кишварҳои пасошӯравӣ маскан гирифт. Ҳамчунин, дар филмҳои зерин нақш офарид: «Десантура», «В ожидании моря: жена», «Салом, Москва», «1001», «Без границ», «Московская борзая», «Вернуть любой ценой»…
САФАРӣ
Сайёра низ мисли ҳамватанони хеш солҳои аввал дар шаҳри барояш бегона тамоми кулфат, расму қоидаҳои муҳоӌириро аз сар гузаронд. Аз қайд гузаштану баъди се моҳ убури сарҳад намудану пас гаштанҳо, ба расмиятдарории патентро дидаву аз душвориҳо сахт ноҳинӌор гардидан. Буданд лаҳзаҳое, ки барои надоштани патент ва қайд нақшофарӣ намемонданд. ӯ тамоми душвориҳоро таҳаммул намудаву ба сӯи қуллаи мурод устуворона гом ниҳод.
Сайёра иброз медорад, ки модараш рус ва падараш тоӌик аст. Ягон бор одамонро аз рӯи миллат ӌудо накардааст. Аз рӯи эҳтирому эътиқод ба худ тахаллуси сирф тоӌикӣ – Сафарӣ интихоб намуд.
—Муҳоӌир будан дар дилхоҳ мамлакат душвор аст. Тамоми азобу мушкилиҳои ҳиӌратро аз сар гузарондаам, – меафзояд ӯ. – Сарсониву саргардониҳои ҳуӌӌатнигорӣ, пардохт, патент надорӣ кор нест.
ӯ ба ҳамаи муҳоӌирон эҳтиром дорад.
МАТИН
Духтари боистеъдоди тоӌик, парирухи душанбегӣ Сайёра алҳол сокини шаҳри Москва асту дар театр ва кинои Россия ҳунарнамоӣ менамояд. Вайро акнун ҳунарпешаи рус бо решаи тоӌик ном мебаранду эътироф менамоянд.
ӯро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри бузурги Москва мухлисону ҳаводорон мешиносанд. Ҳамшаҳриҳо бо ӯ акс мегиранд. Аз тамошогаронаш номаҳои зиёд мегирад. Аслан аз номи сокинони кишвари офтобрӯяаш.
Сайёра мегӯяд, ки маро устуворӣ, матонатам ёваранд. Ҳамчунон, ғурурам ба ман ёрӣ мерасонад. Ман аз тоӌик будани худ мефахрам.
Худоро шукр, ки дар Тоӌикистон зода шудаам. Ин имкон медиҳад, ки дар байни издиҳом фарқ кунам. Ман бо он тафовут дорам, ки Сайёра Сафарӣ ҳастам. Маро одамон танҳо бо як номам дар хотир мегиранд.
Умари ШЕРХОН,
адиб