ВАҲДАТ
Чист миллат?
– Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Решаи ӌонҳост дар ҳам бофта,
Риштаи ӌонҳост дар ҳам тофта.
Аз пари Симурғи тавҳидаш қалам,
Мераҳонад ҳасти моро аз адам.
Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.
Ҳарфҳо аз муддао гардад китоб,
Зарраҳо аз тоби мақсад офтоб.
Чашми Сино бар сари гаҳворааш,
Тарҳи сад олам ба ҳар ангорааш.
Дар вуӌуди миллати яктопараст
Ваҳдату мақсуд чун ду шаҳпар аст.
Бо ду шаҳпар дарнавардад ин ӌаҳон,
Зери болаш як бувад ҳафт осмон.
Сӯйи дому донаи кас нангарад,
Ҳимматаш то авӌи гардун мебарад.
Он ки ҳаст Албурзу Алвандаш нишем,
Аз сияҳчоли замонаш нест бим.
Бартариҳояш ҳам аз худогаҳист,
Огаҳӣ – шерозаи девони Зист.
Дастҳо пайванди ин ҳаблулматин,
Асли ҳикмат, асли ойин, асли дин.
Не гусастан, не шикастанро раҳе,
Пайкари пӯлоду ӌони огаҳе.
Фитнаи айём монанди ҳубоб
Мешавад аз мавӌи дарёяш хароб.
Нури Ҳақ ойинаи идроки ӯ,
Хонаи хуршедҳо афлоки ӯ.
Ҳикматаш деринаву бахташ ӌавон,
Дар замираш растхези ӌовидон…
Рустам ВАҲҲОБ
ВАТАН
Бе Ватан ҷон ба тан намеғунҷад,
Беватан дар кафан намеғунҷад.
Ҷои бегона бахши меҳмонист,
Кас дар он одатан намеғунҷад.
Бошад аз меҳри ӯ табу тобам,
Ҷои дигар намебарад хобам.
Саҷдагоҳи ман аст ҳар сӯяш,
Дар Ватан қибларо намекобам.
Ҷон, ки аз ҷабри тан садо дорад,
Беватан дар кафан садо дорад.
Булбуле дар қафас ба гӯшам гуфт:
Сози дил дар Ватан садо дорад.
Нигаҳи беватан пур аз зорист,
Зӯрию зар раҳи хатокорист.
Меҳри моҳиву об дар дунё
Беҳтарин мояи Ватандорист.
Ёри дар назъи ҷони ширинро
Қатраи оби ин Ватан шаҳд аст.
Заҳри ғурбатчашида медонад,
Дар Ватан заҳр дар даҳан шаҳд аст.
Давлат Сафар
ШУКРОНА
Шукронаи нони ватану номи ватан,
Шукронаи субҳи ватану шоми ватан.
Шукронаи ҳар нафас, ки бо ӯ бикашам,
Шукронаи моҳи гӯшаи боми ватан.
Гулрезии гулбоди кӯҳистонаш бас,
Ҷонбахш навои резаборонаш бас.
Арзанда наям, ки хоки ӯ сурма кунам,
Гарди раҳи ӯ ба рӯйи миҷгонам бас.
Шукронаи ҳар хонаи ободи ватан,
Шукронаи ҳар тифлаки дилшоди ватан.
Шукронаи ҳар чеҳраи хурсанди ватан,
Шукронаи ҳар фарди хирадманди ватан.
Ҷавҳари Саидназар
ВАҲДАТ
Чист миллат?
– Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Решаи ӌонҳост дар ҳам бофта,
Риштаи ӌонҳост дар ҳам тофта.
Аз пари Симурғи тавҳидаш қалам,
Мераҳонад ҳасти моро аз адам.
Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.
Ҳарфҳо аз муддао гардад китоб,
Зарраҳо аз тоби мақсад офтоб.
Чашми Сино бар сари гаҳворааш,
Тарҳи сад олам ба ҳар ангорааш.
Дар вуӌуди миллати яктопараст
Ваҳдату мақсуд чун ду шаҳпар аст.
Бо ду шаҳпар дарнавардад ин ӌаҳон,
Зери болаш як бувад ҳафт осмон.
Сӯйи дому донаи кас нангарад,
Ҳимматаш то авӌи гардун мебарад.
Он ки ҳаст Албурзу Алвандаш нишем,
Аз сияҳчоли замонаш нест бим.
Бартариҳояш ҳам аз худогаҳист,
Огаҳӣ – шерозаи девони Зист.
Дастҳо пайванди ин ҳаблулматин,
Асли ҳикмат, асли ойин, асли дин.
Не гусастан, не шикастанро раҳе,
Пайкари пӯлоду ӌони огаҳе.
Фитнаи айём монанди ҳубоб
Мешавад аз мавӌи дарёяш хароб.
Нури Ҳақ ойинаи идроки ӯ,
Хонаи хуршедҳо афлоки ӯ.
Ҳикматаш деринаву бахташ ӌавон,
Дар замираш растхези ӌовидон…
Рустам ВАҲҲОБ
ВАТАН
Бе Ватан ҷон ба тан намеғунҷад,
Беватан дар кафан намеғунҷад.
Ҷои бегона бахши меҳмонист,
Кас дар он одатан намеғунҷад.
Бошад аз меҳри ӯ табу тобам,
Ҷои дигар намебарад хобам.
Саҷдагоҳи ман аст ҳар сӯяш,
Дар Ватан қибларо намекобам.
Ҷон, ки аз ҷабри тан садо дорад,
Беватан дар кафан садо дорад.
Булбуле дар қафас ба гӯшам гуфт:
Сози дил дар Ватан садо дорад.
Нигаҳи беватан пур аз зорист,
Зӯрию зар раҳи хатокорист.
Меҳри моҳиву об дар дунё
Беҳтарин мояи Ватандорист.
Ёри дар назъи ҷони ширинро
Қатраи оби ин Ватан шаҳд аст.
Заҳри ғурбатчашида медонад,
Дар Ватан заҳр дар даҳан шаҳд аст.
Давлат Сафар
ШУКРОНА
Шукронаи нони ватану номи ватан,
Шукронаи субҳи ватану шоми ватан.
Шукронаи ҳар нафас, ки бо ӯ бикашам,
Шукронаи моҳи гӯшаи боми ватан.
Гулрезии гулбоди кӯҳистонаш бас,
Ҷонбахш навои резаборонаш бас.
Арзанда наям, ки хоки ӯ сурма кунам,
Гарди раҳи ӯ ба рӯйи миҷгонам бас.
Шукронаи ҳар хонаи ободи ватан,
Шукронаи ҳар тифлаки дилшоди ватан.
Шукронаи ҳар чеҳраи хурсанди ватан,
Шукронаи ҳар фарди хирадманди ватан.
Ҷавҳари Саидназар