Мардум мунтазири
кадом филм аст?
Одамон тамошои филмро чун усули дилхушӣ пазируфта, барои аз гиру дори зиндагӣ лаҳзае орамидан, хаёли худро ҳаволаи ҳаводиси дигар рӯзгор месозанд. Ва ҳар миллате, ки кинои хешро тавлид месозад, маъмулан дар он ғ ояҳои миллии худро тарғ иб менамояд.
Филмҳои мустанад ва бадеии таърихӣ дар ташаккули худшиносиву худогоҳии мардум нақши муассир мебозанд. Барои рушди ин соҳаи муҳим соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ӌумҳурии Тоӌикистон «Барномаи рушди кинои Тоӌикистон барои солҳои 2017 -2020» ба тасвиб расида, дар заминаи киностудияи «Тоӌикфилм» ва КВД кино ва видеои «Тоӌиккино» Муассисаи давлатии «Тоӌикфилм» ҳамчун сохтори мустақил ташкил ёфт, то сиёсати давлатиро дар соҳаи кино амалӣ созад. Аммо, чаро филмҳои миллии баландғояи дар бозори кино рақобатпазир имрӯзҳо тавлид намегарданд? Вобаста ба ин бо Назар Назаров, сармуҳаррири муассисаи мазкур суҳбати кӯтоҳе анҷом додем.
Назар Назаров мегӯяд:
- Нодида гирифтани филмҳои истеҳсолшудаи «Тоӌикфилм» аз рӯи адолат нест. Назар ба замони шӯравӣ миқдори истеҳсоли филмҳо имрӯз зиёд аст. Филми кӯтоҳҳаӌми коргардон - таҳиягар З. Мӯсо «Дуғоб» дар фестивали байналмилалии «Лолаи тиллоӣ» дар кишвар ва дар Шветсия сазовори мақоми аввал гардид. Филми «Рақси зиндагӣ»-и коргардони шинохта Муҳаббат Сатторӣ наворбардорӣ шуд, ки тамошогарони зиёдеро ба ҳам овард. Соли 2019 техникаи муосири наворгириву тадвин ба муассиса ворид шуд ва алҳол як даста ӌавонони корозмуда дар ин самт фаъолият доранд. Тибқи барномаи «Дурахшандагон» ду нафар дар Россия таҳсил менамояд ва дар муассиса низ 3 нафар бо омӯзиш фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, тибқи нақша имсол мактаби кинематографони ӌавон низ таъсис хоҳад ёфт.
- Филмҳои таърихӣ, ки мардум ба он эҳтиёӌ доранд, чаро офарида намешаванд?
- Барои офаридани чунин филм маблағи зиёд лозим аст. Баъди аз байн рафтани Иттиҳодӣ Шӯравӣ чунин филм рӯи навор наовардаем. Дар хориӌи кишвар барои сабти филми таърихӣ миллионҳо доллари амрикоӣ масраф мегардад. Ба мисол, хароӌоти филми ҳунарии «Ҳазрати Юсуф» (Эрон) 20 миллион ва «Титаник» 200 миллион долларро дар бар дошт. Мушкили дигар норасоии филмномаҳои баландмазмун аст. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ то моҳи марти соли ӌорӣ озмуни филмномаҳои филми таърихӣ ва мустанад оид ба давраҳои гуногуни таърихи тоӌикон, бахусус давраи Сомониён эълон гардидааст. Барои филмномаҳои беҳтарин ӌоизаҳо аз 50 000 сомонӣ муқаррар шудааст, ки баъдан аз рӯи онҳо филмҳо рӯи навор хоҳанд омад…
Дар хориӌа барои интишори ғоя ва ҳувияти миллӣ шахсони ватандӯст - соҳибкорон ва сарватмандон маблағгузорӣ мекунанд. Агар филми олӣ рӯи навор омада, тамошогарони зиёдро ӌамъ оварад, продюсерон, ки сарпарастонро меӌӯянд, маблағи сарфшударо бо фоиз ба онҳо бармегардонанд. Яъне ҳам шахси маблағгузор ва ҳам офарандагони филм аз он суд мебинанд.
- Камбуди ҳунармандони асил эҳсос мешавад, бахусус аз ҳисоби бонувон…
- Дар ин самт мушкиле надорем, дар кишвар ҳунармандони касбӣ зиёданд. Агар чеҳраи муносиб пайдо накунем, ҳунармандонро аз Россия, Қирғизистон ва ӯзбекистон мехонем. Ҳамчунин, онҳо низ ҳунармандони моро ба ҳамкорӣ даъват менамоянд. Ба наздикӣ барои нақшофарӣ ҳунармандони моро ба ӯзбекистон даъват намуданд, то дар филми «Барон» нақш офаранд. Дар филми Румӣ Шоазимов духтаре, ки нақши асосиро бозидааст, ҳунарманд нест, аммо аз уҳдаи кор хеле олӣ баромадааст.
- Ҳамкории устодон Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода бо коргардони маъруф Борис Кимёгаров хеле қавӣ буд, ки филмҳои машҳури «Ҳасани аробакаш» ва «Қисмати шоир» рӯи навор омаданд. Имрӯз робитаи адибон бо синамо дар кадом поя қарор дорад?
- Чанд маротиба бо адибон вохӯрӣ доир намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намудем. Танҳо Абдурофеъ Рабизода, ки алҳол нафақахӯранд, филмнома менависанд. Аксаран муаллифон ба мо роману повест, очерку қисса ва ғайра пешниҳод мекунанд. Лек филмнома аз онҳо ба куллӣ фарқ дорад. Дар он ҳар як ӌузъиёт ва амалҳо бояд саҳна ба саҳна ӌудо гардад. Филмноманависи хуб надорем гӯем ҳам, хато намешавад. Зиёд мехостам, ки адибони мо бо коргардонҳо ҳамкорӣ карда, қаҳрамонҳои миллиро тарғиб намоянд ва филмномаҳои воқеан ҳадафрасу баландғоя таҳия созанд.
- Дар хориӌ ҳангоми тадвини филмҳо аз графикаҳои компютерӣ васеъ истифода мебаранд. Дар Тоӌикистон имкони ба роҳ мондани чунин усул имконпазир аст?
- Ин фаъолияти басо заҳматталаб аст. Дар хориӌа барои сохтани 1 дақиқаи он дастикам 10 ҳазор доллар музд барои ин гурӯҳи эӌодӣ пешбинӣ шудааст. Ният дорем, ки то моҳи сентябри соли равон филми омехтаи мустанад ва ҳунарии «Саразм» - ро рӯи навор орем ва аз ин усули компютерӣ васеъ истифода барем. Бо Сангаҳмад Тиллозода, устоди Донишгоҳи техникии Тоӌикистон ба номи М. Осимӣ шартнома бастаем, ки ҳамроҳ бо чор шогирди хеш пайи иӌрои ин амал ӌадал хоҳад кард.
- Филмҳои тасвирии истеҳсоли худӣ хеле каманд ва ниёзмандиҳои кӯдакони тоӌикро бартараф намесозанд. Дар ин самт чӣ чораҳо андешида мешаванд?
- Гурӯҳи эӌодии шуъбаи аниматсионии муассиса соли 2019 ду филми тасвирии омӯзишиву тарбиявиро бо номи «Алифбо» ва «Достони гандум» офарид. Мутаассифона, барои офаридани филмҳои тасвирии графикӣ мутахассис надорем. Филмҳои мо танҳо тасвир шуда, дар шакли 2Д ва 3Д ба ҳаракат дароварда мешаванд.
- Истифодаи усулҳои муосири тадвини визуалӣ тақозои замон аст. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
- Таълими графикаҳои компютерӣ дар донишгоҳҳои хориӌи кишвар васеъ ба роҳ монда шудааст, ки мо аз онҳо бархӯрдор нестем. Ӌавононеро, ки дар таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ фаъолият доранд, мебояд барои омӯзиш ба хориӌи кишвар фиристод.
- Мавӌудияти шаҳраки синамогарон фаъолиятро дар ин самт хеле осон мегардонад. Дар ӌумҳурӣ ҳастанд қитъаҳои махсуси наворбардорӣ?
- Шаҳрак неву майдону майдончаҳо ҳастанд. Дар 8 гектар замин майдони наворбардорӣ дар мавзеи Симиганӌи шаҳри Ваҳдат мавӌуд аст. Филми Румӣ Шоазимов бо номи «Сафи домодҳо» аз рӯи асари Т. Зулфиқоров ҳамон ӌо наворгирӣ шуд. Декоратсияҳои филм дар ин майдон маҳфузанд. Боғу роғ, хонаҳо, ҳавзу фаввораҳо мавӌуданд. Ҳамчунин, дар 40 километрии шаҳри Хуӌанд майдончаи наворбардории «Шӯркӯл» ва дар Конибодом низ 5 гектар майдонча дорем, ки ӌиҳати беҳтар намудани шароити ин минтақаҳо чораҳо андешида мешаванд. Филмеро, ки тӯли 2 моҳ навор мегирем, дар хориӌа, масалан дар Украина ва ё Туркия дар зарфи 6 рӯз сабт мегардад. Зеро онҳо дар декоратсияҳои қаблан тайёршуда навор мегиранд. Аз картону коғаз хонаҳо, бемористону ҳуӌраҳои табибон, мактабу корхонаҳои давлатӣ, маҳбас ва ғайраро дар ҳамон шаҳрак месозанд. Мо, ки аз чунин имкон бархӯрдор нестем, барои наворгирӣ аз мақомоту муассисаҳо қаблан иӌозати расмӣ мегирем, ки вақти бештаре ба он сарф мегардад. Мабодо, агар барои сабти филм мошини боркаш лозим ояд, бо соҳиби мошин шартнома мебандем. Агар мошин дар муассиса мебуд, маблағ сарфа мегардид. Дар даврони шӯравӣ, ба қавли кормандони вақти «Тоӌиккино», то 300 адад кинотеатрҳои сайёр – мошинҳо буданд, ки дар деҳоти ӌумҳурӣ филмҳоро ба намоиш мегузоштанд. Имрӯз аз он техника ягон адад намондааст.
- Имрӯз робитаи байни синамо ва тамошогар дар кадом сатҳ аст?
- Баъди дастрасии аҳолӣ ба технологияҳои замонавӣ, аз қабили интернет, DVD ва ғайра фаъолияти кинотеатрҳо дар ӌумҳурӣ таназзул ёфт. Муассиса ҳам иқдом намудааст, ки дар баробари офаридани филмҳои хуб кинотеатрҳоро низ барқарор намуда, шароити хуби онро фароҳам орад.
Алҳол дар шаҳри Душанбе чор кинотеатр – «Зебунисо», «Ватан», «Ситора» ва «Орлёнок» мавӌуданд. Аммо тибқи супориши Ҳукумати ӌумҳурӣ то сохтану барқарор кардани кинотеатрҳо муассиса ҳақ дорад, ки дар асоси шартномаи тарафайн бо қасрҳои фарҳангу ӌавонон намоиши филмҳои ватаниро ба роҳ монад.
- Барои офаридани як филми таърихӣ, ки миёни мардум ҳангома ангезад, чӣ чиз лозим аст?
- Дар шароити имрӯзи Тоӌикистон камаш 1,5 миллион доллари амрикоӣ лозим аст, то асбобу анӌом, қасру кӯшк, либос ва дигар лавозимоти ҳамон давр сохта шаванд. Яъне декоратсияи мутобиқи ҳамон аср фароҳам ояд. Ҳамчунин, филмномаи қавӣ, коргардони ҳирфаӣ, наворбардору рассомон, пардозгарон ва дигар кормандони баландихтисос лозим меоянд. Дар ниҳоят, маркетинги филм бояд хуб ба роҳ монда шавад. Вагарна ба ӌуз худи офарандагони филм касе дар бораи он филм огаҳӣ нахоҳад ёфт.
О. хоҷаева