Булўри чашмони обандому чењраи хуршедии ў симои барљастаи бонувони мањбуби миллатро пеши назар меорад. Бешак, рисолати дар зиндагї пеш гирифтааш аз орзуву ормонњои ниёгон маншаъ мегирад, ки тарбияи инсонро муњимтарин рукни њаёт ва мояи пешрафти давлату саодати мардумон медонистанд. Дар ин мартабаи пурмасъул садоќат ба касб, мењру самимият ба халќу мењан ва азми сабру саъю талоши хастанопазир бањри рушду нумўи љомеаро шарти муњими њузури занони равшанзамир дар вазифањои роњбарї мешуморад.
Муждаи вақт
Омӯзгори асил Шарофат Мирзоева дар рустои Файзободи ноҳияи Восеъ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таълиму тарбияи ибтидоӣ, хосса одоби суханвариро дар суфраи волидони соҳибназари худ аз бар намуда, таҳти назорати доимии падари бузургвораш фанҳои мактабиро бо баҳои хубу аъло поён бурда. Дар интихоби касбу идомаи таҳсилоти олӣ, бунёди оилаву тасмимгириҳои айёми шубоб қиблагоҳ ҳидоятгараш буда.
- Он овон духтарони қадрас ҷуръат намекарданд, ки аз идомаи таҳсили олӣ назди зодмандон лаб кушоянд. Маро аз ризоияту ҳамраъйии зодмандон дар интихоби пайроҳаи устоди фарзонаам Сайбӣ Бӯриева рӯҳбаландии бузурге фаро гирифта буд, ки дар баёнаш ҳарфи муносиб намеёфтам, - андаке аз овони ҳабдаҳсолагиаш қисса кард Шарофатбону. – Мабодо, баҳонае пеш ояд гуфта, дарҳол ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ супурдам.
Комёбиву хушбахтиҳои айёми шубоб, талошу ташвишҳои даврони донишҷӯӣ, шабаҳи руъёҳои ширин пушти сар шуданд. Чун бори аввал ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ вориди дабистон гардидам, лаҳзаҳои деринтизор, ки дар хаёлоти наврасӣ худро ҷойи устодон тасаввур мекардам, пеши рӯ меомаданд.
Ба муроди «илм дар кӯдакӣ нақш дар санг», дар зеҳни шогирдон арзиши вақт ва ғанимат шумурдани ин неъмати бебозгаштро талқин менамуд. Гоҳе бо панду андарз ва гоҳе бо замзамаи шоҳбайтҳои ҷонгудозе гузаро будани фурсати умри инсониро тавзеҳ медод:
Тақ-тақи соат чў гўяд гўш дор,
Гўядат бедор бош, ай ҳушёр.
Аз таносорию бекорї битарс,
Ҳам машав як сония ғофил зи дарс.
Ақрабак оҳиста пандат медиҳад,
Панди ширин тарзи қандат медиҳад…
Замоне саргарми заҳмату сарбориҳои омӯзгорӣ ба ғайри дунёи беғаши кӯдакон фикри дигаре дар сар надошт, ки номзадиаш ба вазифаи мушовири синфҳои ибтидоии шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ пешниҳод шуд. Баъди шаш соли дастоварду навовариҳо дар риштаи таҳсилоти ибтидоии соҳаи маориф ӯро роҳбари МТМУ №53 таъйин карданд.
- Солҳои роҳбариам ба даврони азнавсозӣ ва аз мактаби ибтидоӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил ёфтани ин муассисаи таълимӣ рост омад,- зикр намуд муаллима. - Боздиди вазири вақти маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода аз муассисаи мазкур сабаб шуду ба туфайли ин маорифпарвари асил куҳантарин муассисаи таълимӣ аз нав эъмор ва ба истифода дода шуд.
Аз бунёди мактаби наву замонавӣ ҳаёт дар маҳалла ранги дигар гирифта, эътибори мардум ба донишандӯзии насли наврас афзуд. Бовар дорам, ки бо дарки моҳияти муҳими пайравӣ аз ташаббусҳои ободкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳону фарзандони баору номус минбаъд низ барои бунёд ва азнавсозии мактабҳои таъмирталаб саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Намои дастоварду роҳбарии Шарофат Мирзоева дар вазифаҳои роҳбарии МТМУ-ии №53 ва №11, кӯдакистони №2 ва муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Восеъ, далели бебаҳси афзалияти як зумра бонувон дар садорати риштаи таълиму тарбияи ноҳия арзёбӣ мегардад.
Дар бораи сабабҳои кам будани занони пешоҳанг дар зинаҳои роҳбарии соҳаи маънавиёт, ки гӯиё маъмурони ноҳия ҳоло ҳам кадрҳои лаёқатмандро ҷустуҷӯй доранд, Шарофатбону зикр намуд: - Мушкили аслӣ пешниҳоду муаррифӣ нашудани кадрҳои шоиста ба зинаҳои роҳбарӣ аст, вагарна, кам нестанд бонувони соҳибназаре, ки аз уҳдаи дилхоҳ вазифа ба хубӣ бароянд.
Ба гуфти ӯ дар самти рушди маҳал, таҳкими робитаи мақомот бо ҷомеа ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна равандҳои номатлуб, пеш аз ҳама, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро бояд то дар деҳоти дурдаст назорат бурд. Зеро мушкилу бадбахтиҳои ҷомеа аз бесаводию коҳиш ёфтани таълиму тарбия, тақлиди кӯр-кӯрона ва исрофу риёкорӣ ибтидо мегиранд. Ҳоло ҳам ба чашм мехӯранд, ки шаҳрвандон ба ҷойи назорат, таъмини фарзандон бо либоси мактабӣ ва ашёи хониш, баръакс, ба исрофкориҳои бемаънӣ дода мешаванд.
- Ба беҳдошти сатҳу сифати таълим, пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб ва бартараф кардани камбудиҳои иҷтимоӣ замоне муяссар мегардем, ки робитаи мактаб бо оиларо тақвият дода, волидон ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамзамон, иштироки падар ё модари хонанда ба дарс таваҷҷуҳи фарзандон ба донишандӯзӣ ва ҳисси масъулиятшиносии омӯзгоронро дучанд менамояд. Бо истифода аз усулҳои муосири илму ҳунаромӯзӣ саводу маърифатнокии бонувони хонашинро боло бардошта, ин қишри осебпазирро ҳарчи бештар ба шуғлҳои фоидаовар моил бисозем. Бешак, бо омӯзиши ҳунару фароҳам овардани шуғлҳои судманд барои бонувони таҳсилнодида, ки умри худро кунҷи хонаҳо мегузаронанд, мушкилиҳои печидаи рӯзгор ҳалли худро меёбанд,- итминон мекунад Шарофат Мирзоева.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Восеъ
Булўри чашмони обандому чењраи хуршедии ў симои барљастаи бонувони мањбуби миллатро пеши назар меорад. Бешак, рисолати дар зиндагї пеш гирифтааш аз орзуву ормонњои ниёгон маншаъ мегирад, ки тарбияи инсонро муњимтарин рукни њаёт ва мояи пешрафти давлату саодати мардумон медонистанд. Дар ин мартабаи пурмасъул садоќат ба касб, мењру самимият ба халќу мењан ва азми сабру саъю талоши хастанопазир бањри рушду нумўи љомеаро шарти муњими њузури занони равшанзамир дар вазифањои роњбарї мешуморад.