Забон – мероси миллат
Забони тоӌикӣ, ки ёдгори бузурги ниёгон ва унсури миллатсози мост, дар замони соҳибистиқлолӣ вазъи ҳуқуқии он дар Қонуни Ӌумҳурии Тоӌикистон «Дар бораи забони давлатӣ» муайян ва истифодаи он дар ӌумҳурӣ ба танзим дароварда шуд.
Наврасону ӌавонон ҳамакнун имрӯзҳо бо лаҳни адабии тоӌикӣ дар макотиби миёнаву олӣ, тариқи садову симо озод суҳбат меороянд, ба шакли электронии фарҳангҳо дастрасӣ доранд ва дар мавриди зарурӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Вале гоҳо аён мегардад, ки бархе аз тоӌикон русигӯиро арзишмандтар медонанд ва дар раставу барзан, оилаву мактаб ба ин забон ҳарф мезананд.
Як сӯ, агар хонавода ба сатҳи забондонии кӯдак таъсир гузорад, аз сӯи дигар мактаб низ сарфи назар аз забони омӯзиш метавонад дар ниҳоди бачагон муҳаббати бузургро нисбат ба забони модарӣ бедор созад. Саҳми омӯзгорони забон ва адабиёти тоӌик дар ин ӌода ниҳоят бузург аст, ки асолат, ширинӣ ва шевоии забони ноби тоӌикиро то чӣ андоза метавонанд дар қалби хонандагон маскан диҳанд.
Латофат Азизова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоӌики МТМУ № 60 шаҳри Душанбе ба он назар аст, ки омӯзгорон ва ҳам волидон бояд дарк созанд, ки ҳамчун меросбарони асил ин забонро беосеб ҳифз намоянд ва чун ганӌинаи бебаҳо ба ояндагон мерос гузоранд.
- Барои ҳар як соҳибзабон аз забони модарӣ дида, дигар забон набояд дар мадди аввал бошад. Донистани забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайра хуб аст, аммо ҳар яки мо бояд афзалиятро ба забони модарии хеш бидиҳем. Ҳар қадаре, ки мо бо забони тоӌикӣ тоза ва ноб сухан гӯем, фарзандону шогирдон онро ҳамчун як рукни муҳими ҳаётӣ мепазиранд.
Барои чӣ русҳову бритониҳо тавонистанд забонҳои хешро дар тамоми ӌаҳон паҳн ва устувор намоянд? Зеро нахуст худи онҳо мекӯшанд, ки танҳо бо забони модарии хеш ҳарф бизананд. Онҳо тавонистанд, ки забони худро волотар аз дигар забонҳо гузошта, мардуми оламро ба забони худ сухангӯй кунанд,- бо ҳарорат иброз дошт муаллима Латофат.
Бо кӯшишу заҳматҳои омӯзгорони фанни забон ва адабиёт имрӯзҳо хонандагон дарк месозанд, ки бидуни донистани забони адабии тоӌик наметавонанд ба макотиби олӣ шомил шаванд…
- Хонандагоне ҳастанд, ки мегӯянд, мо дар оянда ба тиӌорат, ба сохтори қудратӣ ба кор рафтанием. Магар донистани забони адабӣ ва имло зарур аст? Қотеона мефаҳмонам, ки дар кадом соҳае, ки бошед, донистани забони адабӣ ва ҳатто адабиёти тоӌик муфид хоҳад буд. Зеро хоҳ нохоҳ зарурат пеш меояд, ки ба забони адабӣ фикри худро озод баён намоед, муоширати хуб дошта бошед ва бахусус дар ҳуӌӌатнигорӣ ба хато роҳ надиҳед, дар акси ҳол метавонед мавриди тамасхури ҳамкасбон ва атрофиён гардед, - мегӯяд муаллима.
Барои бедор намудани ҳисси ифтихор аз забони модарӣ ӯ дар оғози ҳар дарс шеъри баландмазмун ва ё сухани бузургеро дар васфи забони тоӌикӣ рӯи лавҳаи синф навишта, мефармояд, то онро хонандагон ба риштаи таҳлил бикашанд ва ба умқи ӌаззобияти он ғӯта зананд. Бахусус, нуктаҳои муҳим аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамасола ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва зимни ироаи Паём роӌеъ ба забони тоӌикӣ садо медиҳанд, рӯи лавҳи синф сабт намуда, ба шогирдон таъкид месозад, ки ин забон дар оғози асри ХХ яке аз далелҳои ӌиддии ташкил ёфтани давлати миллии тоӌикон гардид.
- Ин усули хуби бедор кардани ҳувияти миллӣ дар хонандагон аст. Онҳо бояд дарк намоянд, ки бо забони тоӌикӣ беҳтарин шоҳкориҳои инсоният таълиф шудаанду оламро тасхир сохтаанд. Мо бояд ҳамеша талқин созем, ки онҳо ворисони ин мероси бузурги маънавии гузаштагон ҳастанд ва ин забонро поку беолоиш ҳифз намоянд.
Дар соатҳои тарбиявӣ, Рӯзи забони давлатӣ ва дигар ӌамъомаду чорабиниҳои мактабӣ хонандагон бо шавқ шеъру сурудҳоро дар васфи забони модарӣ месароянд ва саҳнаҳои ӌолиб низ таҳия менамоянд. Мушкили асосии мо дар навишти ҳарфҳои «у» ва «ӯ» буд. 67 калимаи иқтибосие, ки аз онҳо «ӯ» гирифта шудааст, чун аёният назди лавҳаи синф гузоштем, то бачагон онро аз бар намуда, ба хатонависӣ роҳ надиҳанд, - афзуд Л. Азизова.
Тайи чанд сол аст, ки дар муассисаи мазкур маҳфили навқаламони ӌавон амал менамояд ва шогирдон бо роҳнамоии омӯзгорони фанни забон ва адабиёт шеър, қисса, афсона ва ҳикоя эӌод мекунанд. Сайидо Шарафов, хонандаи синфи 10, ки яке аз навқаламони ин даргоҳ аст, то имрӯз дар маӌаллаву рӯзномаҳо чандин қиссаву ҳикояҳои хешро ба табъ расондааст.
Вохӯрӣ бо адибони шинохтаи тоӌик ба зеҳнияти хонандагон нақши муассир гузошта, онҳоро ба эӌодкорӣ роҳнамун месозад.
- Дағалгӯиву дуруштрафтории хонандагон аз он аст, ки онҳо аз таваӌӌуҳи махсуси волидону омӯзгорон канор мондаанд. Оташро бо оташ хомӯш намесозанд. Обе, ки ба мавӌудоти зинда ҳаёт мебахшад, шадидтарин оташро низ хомӯш мегардонад. Волидон ва омӯзгорон ҳамон обҳои мусаффоянд, ки оташи миллатсӯзро метавонанд бо покиву нармии хеш фурӯ нишонанд.
Дар лаҳзаҳои мушкил кас марҳаме меӌӯяд, то аз дарди дили хеш ба ӯ ифшо намояд. Хонандагони душвортарбия, ки аслан чунин нестанд, ба дӯст ниёз доранд ва ин дӯст бояд волидон, омӯзгорон бошанд. Бо суҳбатҳои инфиродӣ аз мушкили мактаббачагон воқиф гардидан, истеъдоди онҳоро кашф кардан ва ба маҳфилҳо ӌалб сохтани онҳо вазифаи ӌонии омӯзгорон аст, - ироа намуд муаллима.
Саҳми ин бонуи заҳматқарин, ки тӯли 15 сол аз пушти пешаи омӯзгорӣ нони ҳалол ёфтаасту ном, дар тарбияи насли наврас назаррас аст. Ғайр аз ин, тӯли 19 сол аст, ки ба ҳайси мудири китобхонаи мактаб ифои вазифа намуда, баҳри ширкат дар озмунҳои фаннӣ ба мактаббачагон ёрӣ мерасонад.
Соли 2019 Ҳафиза Расулова дар озмуни шаҳрӣ аз фанни забони тоӌикӣ ӌойи аввалро ишғол кард. Муаллима барои ширкат дар озмуни ӌумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо хонандаи синфи 3 –юми мактаб Бинямини Илҳом тӯли як сол кор бурда, дар дастрасии китобҳо аз рӯи номинатсия ва шарҳу тавзеҳи асарҳои мутолиашуда саҳми арзанда гузоштааст.
- Бинямин дар озмуни мазкур дар ӌумҳурӣ аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори адибон аз адабиёти бачагона ӌойи сеюмро гирифт. Агарчи бемор буд, завқу хоҳиши хондану омӯхтан ва талошҳои ҳамешагияш ӯро ба ҳадаф расонд. Соли гузашта ҳамагӣ 7 нафар хонандаи мо барои ширкат дар ин озмун иқдом намуд. Баъди муваффақияти Бинямини хурдсол соли равон аллакай 20 хонанда, аз синфи 2 то 11 барои ширкат дар озмун сабти ном кардааст.
Мутолиаи адабиётҳо захираи луғавии бачаҳоро ғанӣ мегардонад. Онҳо баъдан маҳорати суханварӣ пайдо менамоянду тадриӌан бузургии забони модариро дарк месозанд ва ба он арӌ мегузоранд, - афзуд дар фарӌом Латофат Азизова.
Ситора ашӯрова
Забони тоӌикӣ, ки ёдгори бузурги ниёгон ва унсури миллатсози мост, дар замони соҳибистиқлолӣ вазъи ҳуқуқии он дар Қонуни Ӌумҳурии Тоӌикистон «Дар бораи забони давлатӣ» муайян ва истифодаи он дар ӌумҳурӣ ба танзим дароварда шуд.
Наврасону ӌавонон ҳамакнун имрӯзҳо бо лаҳни адабии тоӌикӣ дар макотиби миёнаву олӣ, тариқи садову симо озод суҳбат меороянд, ба шакли электронии фарҳангҳо дастрасӣ доранд ва дар мавриди зарурӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Вале гоҳо аён мегардад, ки бархе аз тоӌикон русигӯиро арзишмандтар медонанд ва дар раставу барзан, оилаву мактаб ба ин забон ҳарф мезананд.
Як сӯ, агар хонавода ба сатҳи забондонии кӯдак таъсир гузорад, аз сӯи дигар мактаб низ сарфи назар аз забони омӯзиш метавонад дар ниҳоди бачагон муҳаббати бузургро нисбат ба забони модарӣ бедор созад. Саҳми омӯзгорони забон ва адабиёти тоӌик дар ин ӌода ниҳоят бузург аст, ки асолат, ширинӣ ва шевоии забони ноби тоӌикиро то чӣ андоза метавонанд дар қалби хонандагон маскан диҳанд.
Латофат Азизова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоӌики МТМУ № 60 шаҳри Душанбе ба он назар аст, ки омӯзгорон ва ҳам волидон бояд дарк созанд, ки ҳамчун меросбарони асил ин забонро беосеб ҳифз намоянд ва чун ганӌинаи бебаҳо ба ояндагон мерос гузоранд.
- Барои ҳар як соҳибзабон аз забони модарӣ дида, дигар забон набояд дар мадди аввал бошад. Донистани забонҳои русӣ, англисӣ ва ѓайра хуб аст, аммо ҳар яки мо бояд афзалиятро ба забони модарии хеш бидиҳем. Ҳар қадаре, ки мо бо забони тоӌикӣ тоза ва ноб сухан гӯем, фарзандону шогирдон онро ҳамчун як рукни муҳими ҳаётӣ мепазиранд.
Барои чӣ русҳову бритониҳо тавонистанд забонҳои хешро дар тамоми ӌаҳон паҳн ва устувор намоянд? Зеро нахуст худи онҳо мекӯшанд, ки танҳо бо забони модарии хеш ҳарф бизананд. Онҳо тавонистанд, ки забони худро волотар аз дигар забонҳо гузошта, мардуми оламро ба забони худ сухангӯй кунанд,- бо ҳарорат иброз дошт муаллима Латофат.
Бо кӯшишу заҳматҳои омӯзгорони фанни забон ва адабиёт имрӯзҳо хонандагон дарк месозанд, ки бидуни донистани забони адабии тоӌик наметавонанд ба макотиби олӣ шомил шаванд…
- Хонандагоне ҳастанд, ки мегӯянд, мо дар оянда ба тиӌорат, ба сохтори қудратӣ ба кор рафтанием. Магар донистани забони адабӣ ва имло зарур аст? Қотеона мефаҳмонам, ки дар кадом соҳае, ки бошед, донистани забони адабӣ ва ҳатто адабиёти тоӌик муфид хоҳад буд. Зеро хоҳ нохоҳ зарурат пеш меояд, ки ба забони адабӣ фикри худро озод баён намоед, муоширати хуб дошта бошед ва бахусус дар ҳуӌӌатнигорӣ ба хато роҳ надиҳед, дар акси ҳол метавонед мавриди тамасхури ҳамкасбон ва атрофиён гардед, - мегӯяд муаллима.
Барои бедор намудани ҳисси ифтихор аз забони модарӣ ӯ дар оѓози ҳар дарс шеъри баландмазмун ва ё сухани бузургеро дар васфи забони тоӌикӣ рӯи лавҳаи синф навишта, мефармояд, то онро хонандагон ба риштаи таҳлил бикашанд ва ба умқи ӌаззобияти он ѓӯта зананд. Бахусус, нуктаҳои муҳим аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамасола ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва зимни ироаи Паём роӌеъ ба забони тоӌикӣ садо медиҳанд, рӯи лавҳи синф сабт намуда, ба шогирдон таъкид месозад, ки ин забон дар оѓози асри ХХ яке аз далелҳои ӌиддии ташкил ёфтани давлати миллии тоӌикон гардид.
- Ин усули хуби бедор кардани ҳувияти миллӣ дар хонандагон аст. Онҳо бояд дарк намоянд, ки бо забони тоӌикӣ беҳтарин шоҳкориҳои инсоният таълиф шудаанду оламро тасхир сохтаанд. Мо бояд ҳамеша талқин созем, ки онҳо ворисони ин мероси бузурги маънавии гузаштагон ҳастанд ва ин забонро поку беолоиш ҳифз намоянд.
Дар соатҳои тарбиявӣ, Рӯзи забони давлатӣ ва дигар ӌамъомаду чорабиниҳои мактабӣ хонандагон бо шавқ шеъру сурудҳоро дар васфи забони модарӣ месароянд ва саҳнаҳои ӌолиб низ таҳия менамоянд. Мушкили асосии мо дар навишти ҳарфҳои «у» ва «ӯ» буд. 67 калимаи иқтибосие, ки аз онҳо «ӯ» гирифта шудааст, чун аёният назди лавҳаи синф гузоштем, то бачагон онро аз бар намуда, ба хатонависӣ роҳ надиҳанд, - афзуд Л. Азизова.
Тайи чанд сол аст, ки дар муассисаи мазкур маҳфили навқаламони ӌавон амал менамояд ва шогирдон бо роҳнамоии омӯзгорони фанни забон ва адабиёт шеър, қисса, афсона ва ҳикоя эӌод мекунанд. Сайидо Шарафов, хонандаи синфи 10, ки яке аз навқаламони ин даргоҳ аст, то имрӯз дар маӌаллаву рӯзномаҳо чандин қиссаву ҳикояҳои хешро ба табъ расондааст.
Вохӯрӣ бо адибони шинохтаи тоӌик ба зеҳнияти хонандагон нақши муассир гузошта, онҳоро ба эӌодкорӣ роҳнамун месозад.
- Даѓалгӯиву дуруштрафтории хонандагон аз он аст, ки онҳо аз таваӌӌуҳи махсуси волидону омӯзгорон канор мондаанд. Оташро бо оташ хомӯш намесозанд. Обе, ки ба мавӌудоти зинда ҳаёт мебахшад, шадидтарин оташро низ хомӯш мегардонад. Волидон ва омӯзгорон ҳамон обҳои мусаффоянд, ки оташи миллатсӯзро метавонанд бо покиву нармии хеш фурӯ нишонанд.
Дар лаҳзаҳои мушкил кас марҳаме меӌӯяд, то аз дарди дили хеш ба ӯ ифшо намояд. Хонандагони душвортарбия, ки аслан чунин нестанд, ба дӯст ниёз доранд ва ин дӯст бояд волидон, омӯзгорон бошанд. Бо суҳбатҳои инфиродӣ аз мушкили мактаббачагон воқиф гардидан, истеъдоди онҳоро кашф кардан ва ба маҳфилҳо ӌалб сохтани онҳо вазифаи ӌонии омӯзгорон аст, - ироа намуд муаллима.
Саҳми ин бонуи заҳматқарин, ки тӯли 15 сол аз пушти пешаи омӯзгорӣ нони ҳалол ёфтаасту ном, дар тарбияи насли наврас назаррас аст. Ѓайр аз ин, тӯли 19 сол аст, ки ба ҳайси мудири китобхонаи мактаб ифои вазифа намуда, баҳри ширкат дар озмунҳои фаннӣ ба мактаббачагон ёрӣ мерасонад.
Соли 2019 Ҳафиза Расулова дар озмуни шаҳрӣ аз фанни забони тоӌикӣ ӌойи аввалро ишѓол кард. Муаллима барои ширкат дар озмуни ӌумҳуриявии «Фурӯѓи субҳи доноӣ…» бо хонандаи синфи 3 –юми мактаб Бинямини Илҳом тӯли як сол кор бурда, дар дастрасии китобҳо аз рӯи номинатсия ва шарҳу тавзеҳи асарҳои мутолиашуда саҳми арзанда гузоштааст.
- Бинямин дар озмуни мазкур дар ӌумҳурӣ аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори адибон аз адабиёти бачагона ӌойи сеюмро гирифт. Агарчи бемор буд, завқу хоҳиши хондану омӯхтан ва талошҳои ҳамешагияш ӯро ба ҳадаф расонд. Соли гузашта ҳамагӣ 7 нафар хонандаи мо барои ширкат дар ин озмун иқдом намуд. Баъди муваффақияти Бинямини хурдсол соли равон аллакай 20 хонанда, аз синфи 2 то 11 барои ширкат дар озмун сабти ном кардааст.
Мутолиаи адабиётҳо захираи луѓавии бачаҳоро ѓанӣ мегардонад. Онҳо баъдан маҳорати суханварӣ пайдо менамоянду тадриӌан бузургии забони модариро дарк месозанд ва ба он арӌ мегузоранд, - афзуд дар фарӌом Латофат Азизова.