Гулбаҳор Шокирова:
«Бе мақом ҳеҷам»
Мегўянд, ки гумонњо аксаран ботил мебароянд. Бо рўнамоии наворњои видеої ў рўи экран чун бонуи солору њаётозмуда падид меояд ва дутор ба даст бо лањни шаккарин тарона суруда, ќалбњоро пурфарању дидагонро пурнур мегардонад. Чун чашм аз пушти шишаи дурбинњо берун мерањад, ўро куллан дигаргун дармеёбед: духтари миёнаќади резапайкар бо чењраи гарми офтобї. Дурудароз эњсоси нобоварї касро тарк намегўяд, ки хонуми босалобати дуторбадаст воќеан ўст.
Ин бонуи дидарў Гулбањор Шокирова, аз соли 2017 њунарпешаи Ансамбли давлатии «Шашмаќом» ба номи Фазлиддин Шањобови назди Кумитаи телевизион ва радиои кишвар аст. Замоне, ки ў вориди олами асрорангези шашмаќом гардид, аллакай соли 2000-ум синфи рубобро дар шуъбаи созњои халќии мактаби санъати бачагонаи шањри Истаравшан ба итмом расонда буд. Баъдан, солњои 2000 - 2004 дар шуъбаи торию камонї - асбоби скрипкаи омўзишгоњи санъати ба номи Содирхон Њофизи шањри Хуљанд тањсил намуда, онро бо ихтисоси њунарпешаи ансамбл, омўзгори асбоби скрипка ва роњбари њайати худфаъолиятї ба итмом расонд.
Ба гоњи љавонї ба суруду таронањои сабуки хориљї бештар дилбандї дошт. Рўзе модари аз ин ваљњ нигарон сари насињат омад ва ўро сўи огањї аз асли хеш хонд, то ба мусиќии суннатї рў орад. Сипас, дасти духтар гирифту ба ансамбли шашмаќоми «Нури Хуљанд» рањ гирифт. Муддате, ки Гулбањор он љо њузур дошт, зиёд дилтанг шуду хост њарчи зудтар он маконро тарк гўяд. Вале модар ќарори ќатъї бароварда буд. Аз «сарам дард мекунад, тоќати шунидани маќомро надорам», - гуфтанњояш фикри модар ду нашуд. Ваќте ки устод Боймуњаммад Ниёзов аз дунёи рангини шашмаќом, маънї ва нозукињои он сухан меронданду тадриљан ба зинањои ин санъат як - як ќадам нињоданро ба ў омўхтанд, шефтаи ин њунар гашт, ки њич ногуфтанї.
Гулбањор дар ансамбл рубоби бадахшї менавохт. Баъдан, дар мактаби санъати шањри Истаравшан ба њайси омўзгори скрипка ва дар ансамбли давлатии шашмаќомсароёни шањри Истаравшан ба сифати дуторнавоз ва овозхони шашмаќом фаъолият бурд.
Хунёгарї ончунон ба ќалбаш маъво гирифт, ки асбобњои дутор, думбра, рубоби ќошѓарї, танбўр, рубоби бадахшї, таблак, дойра ва чангро бе ягон мушкилї менавохт. Навозиши скрипкаро аз устодон Шодмон Алифов ва рубобнавозиро аз Худойбердї Султоналї омўхтааст.
Соли 2006 аз шањри Истаравшан дар озмуни љумњуриявии «Андалеб» бо сози ќонун асари классикиро аз «Шашмаќом» бо номи «Насри баёт» иљро намуда, њамзамон, љаззобу дилкаш суруд сароид, ки кафкўбии ањли толор танин андохт. Ин буд, ки соли 2007 ўро ба шуъбаи мутрибони анъанавии Консерваторияи миллии Тољикистон ба номи Талабхўља Сатторов аз рўи ихтисоси дуторнавозї, бе супурдани имтињон ќабул намуданд. Гулбањор соли 2012 таълимгоњро њамчун њунарпешаи ансамбл ва омўзгор поён бурд.
Фаъолияташро ба њайси овозхон ва думбранавози ансамбли фолклорї - этнографии «Фалак»-и вилояти Суѓд ва овозхони ансамбли эстрадии «Садои Суѓд» идома бахшид. Кўшишу зањматњояш аз мадди назар дур намонд ва ўро соли 2011 ба ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои љумњурї ба кор пазируфтанд. Тўли 6 сол вай аз устодон Саидќул Билолов, Ќурбоналї Абдуллоев, Лола Азизова, Муњаррама Шарифова ва дигарон нозукињои сурудњои халќиро омўхт ва мустаќилона ба эљоди суруд пардохт.
- «Шашмаќом» шоњасари мусиќии суннатии мардуми тољик аст. То ба ин олами зебо ворид нагардед, аз нозукињои ин жанри асили санъат бархўрдор намешавед. Барои дарки он мебояд, ки аз шашмаќомхонии устодони санъат бањравар гашт. Каме ѓафлат дар омўзиш касро ба рањгумї мебарад, зеро «Шашмаќом» тартиби омўзиши худро дорад. Њар як шохањои суруд ављњои гуногунро фаро мегирад. Баъди омўзиши амиќи ин њунар шукўњи тасвирнопазири онро метавон дарк намуд, - мегўяд Гулбањор.
Ў бар он назар аст, ки бањри омўхтани «Шашмаќом» хотира ва дорои ќувваи њофизаи мустањкам будан зарур аст. Устодони маќом мисли Барно Исњоќова, Боймуњаммад Ниёзов, Љўрабек Муродов ва дигарон бо чунин хусусиятњо навои шашмаќомро ба љањониён муаррифї карданд.
- Нафаре, ки як суруди шашмаќом сароида метавонад, ў сазовор ба пайравист. Хушбахтона, ба ман муяссар гашт, ки аз устодони бузурги маќомсаро сабаќ гираму дар пањлуяшон фаъолият барам, - мегӯяд ӯ. Имрўзњо Гулбањор дар нињоди фарзандони хеш муњаббатро ба суруду мусиќии асил, бахусус ба шашмаќом бедор месозад. Суруду мусиќї ва сањнаи њунарро маънии њаёт ва рисолати хеш медонад ва тариќи он эњсоси зебоипарастї, њамдардї, навозиш, роњнамої ба ахлоќи поку њамида, ватандўстї ва инсондўстиро ифода менамояд.
- Аз синни хурдсолї дар мактабњои мусиќї ва санъат омўзондани жанри «Шашмаќом» боиси тањаммул ва ботамкинии ахлоќи кўдакон мегардад. Суруду мусиќї љозибаи бузург доранд. Ба писарчаи 10 - солаам аз бар кардани шеър бо душворї даст медод. Рўзе, ки бо чунин супориш аз мактаб меомад, он рўз барояш нохуш буд. Њар ќадаре мекўшидам, бенатиља. Рўзе дойра ба даст гирифтаму бар вазни шеъре, ки ў мебоист аз бар кунад, оњанг навохтам ва суруд хондам. Кўдак њамроњам чанд маротиба шеърро такрор кард. Дар фурсати кўтоњ онро пурра аз бар намуд. Бароям ин кашфи бузург буд. Минбаъд навозиши дойраро барои аз худ кардани рубої ва ѓазалњо низ ба кор бурдам. Муддати 10 - 15 даќиќа 3 - 4 рубої аз ёд мекард. Баъдан, духтарчаи 4 –солаам низ бо мо пайваст ва ў низ бо бародараш шеър аз бар мекардагї шуд, - бо табассум иброз дошт Гулбањор.
Ин бону њамроњи модараш бештар ба осори адибони классик ва муосир рў меорад, ѓазалњои шевою равон ва пурмазмун интихоб менамояд ва аз маслињату машварати ќиблагоњ низ бањравар мегардад.
- Ѓазалњои Љалолиддини Балхї, Саъдї, Њофиз, Љомї, Камоли Хуљандї, Њилолї ва Бедил мусиќавияти баланд доранд. Аммо, баъзан мусиќї ќабл аз шеър тавлид меёбад. Бо навозиши мусиќї вазни шеърро пайдо менамоем.
Ѓамгин бошам, дутор менавозам ва ѓами дил мебарорам. Ба ваќти хушњолї тор, рубоб ва ё асбоберо менавозам. Њастии хешро бе мусиќї, бе маќомхонї тасаввур карда наметавонам, - гуфт дар фарљом Гулбањор Шокирова.
О. Хоҷаева
Гулбаҳор Шокирова:
«Бе мақом ҳеҷам»