Катибаҳои лавҳи зиндагӣ
Рўзгори ибратомўзаш пур аз маънист. Ў касбашро маънии зиндагї ва оромбахши рўњу равонаш медонад. «Дар њама мушкилињои њаёт такя ба касбам кардам», - мегўяд ў.
Файзимо Саидова 40 сол боз омўзгори фанни физика ва математика мебошад. Аз ин 36 солаш дар МТМУ № 92 ноњияи Синои шањри Душанбе сипарї гаштааст. Пешаи дўстдошта ба ў таљрибаи зиндагї андўхт, корозмудааш кард. Солњои пур аз тазод ва шебу фарози умр мисли оњан дар оташдон кўфт ўро. Хубу бади њаётро дид. Лањзањои зиёде дар лавњи хотираш наќш бастаанд, чун катибаи рўи санг…
Неру аз Паём
«Моњи декабри соли гузашта саргарми кори рўзгор будам, ки тариќи шабакаи телевизионї Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оѓоз ёфт. Лањзае баъдтар сарсатри Паём дар вуљудам эњсоси умедвориро бедор намуд: «Ба хотири боз њам бењтар ба роњ мондани омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солњои 2020 - 2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф» эълон карда шаванд». Аз ин њарфњои дилгармкунанда фарањмандиро дар ќалб эњсос намуда, неруи тоза гирифтам.
Воќеан, таќозои замон аст, ки мебояд бо рушди бемайлони технологияи муосири кишварњои пешрафтаи дунё њамќадам бошем. Барои расидан ба ин њадаф тањкурсии асосиро барои ихтироъкори оянда мактаб ва муаллим мегузорад. Аз ин рў, мебоист аз љониби Њукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илми љумњурї барои рушди фанњои даќиќ нахуст шароити мусоид барои дарсгузаронї фароњам оварда шавад. Мусаллам аст, ки имрўз на дар њар муассисањои таълимї омўзгорон ва хонандагон имкони истифода аз ашёњои аёнии дарсї ва синфњои лабораторї доранд. Фанњои даќиќ фанњои душворфањм мебошанд. Барои он ки хонанда фанњои мазкурро ба пуррагї аз бар намояд, истифодаи асбоби аёнї зарур аст. Баъдан, омўзгорони дорои тахассус ва ќобилияти баланди касбї низ дар тарбияи мутахассисони ин фанњо наќши муассир мебозанд.
Мутаассифона, имрўз омўзгори фанњои даќиќ аз як синф ба синфи дигар дар борљомааш чанд асбоби аёниашро, ки чун гавњараки чашм нигоњ медорад, бо худ мебарад. Ба умеди он ки аќаллан шогирдонашро бо яке аз он асбобњои нодир ошно созад. Ќисме аз масъулони соња фањм намебаранд, ки чаро хонандагони мактабњои хусусї чун толибилмони лаёќатманду фаъол ном бурда мешаванд, вале аз муассисањои таълимї камтар дар озмуну олимпиадањои фаннї ширкат меварзанд? Яке аз асосњои муваффаќияти онњо њам дар таъмин будан бо асбобњои аёнї ва њуљрањои махсуси озмоишї мебошад».
Рисолати омўзгор
«Омўзгор баробари мутахассиси ин ё он фан будан, ќабл аз њама, мебоист равоншинос бошад. Бахусус, дар замони кунунї аввалтар аз њама ба рўњияи кўдак ањамияти љиддї дињем ва баъд ба таълими фан. Зеро солњои охир шумораи пош хўрдани оилањо афзудааст, баъзе кўдакон узви чунин хонаводањоянд. Оилањое, ки то ба њоли вайроншавї расидан пур аз мољаро буданду зери фишору зўроварї. Чунин наврасон аз нигоњи равонї хастаю афсурдањол мебошанд. Аќаллан дар ин њолат омўзгор талабаро бо сухани нек њавасманд созад. Байни шогирду муаллим њамдигарфањмї бошад ва бо ин усул талабаро барои шунидани дарс омода намудан осон мегардад.
Дар азхудкунии дарс на њар хонанда ќобилияти хуби дарк намудани фанро дорад. Ин нуктаро низ омўзгор мебоист ба инобат гирад, бо ќобилияти касбї хонандаро ба дарс љалб намояд. Мутаассифона, њанўз њам усулњои пешини шахшуда, ки талаба бояд њатман матни дар китоб бударо наќл намояд ё таърифи ин ё он мавзўъро кўркўрона аз бар намояд, аз байн нарафтааст».
Аввал тарбия ва он гањ дониш
«Сутуни дониш тарбият аст. Дар 40 соли омўзгорї садњо шогирдонро тарбия намудам, ки онњо имрўз дар соњањои гуногуни њаёт фаъолият доранд. Гоње тафовути хонандаи имрўзаро аз дирўза дида, ба андеша фурў меравам. Хуб аст, ки ба шарофати пешрафти технология хонандаи имрўз аз тамоми навоварињои илму техникаи муосир огањ аст. Дониши замонавї аз худ мекунад, забон меомўзад… Вале тарбия то љое коста шудааст. Хушбахтона, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид. Дар тарбияи насли оянда љомеа низ бояд худро масъул донад.
Бо чї тарзе фарзандонро тарбия намоем, муошират бо шогирдон низ бо чунин тарз бошад. Насли имрўза танбењро намепазирад. «Сухани нек морро аз хонааш баровардааст», мегўянд. Пас, бо василаи муомилаи хуш тарбияю таълимро ба роњ мондан, муфид аст».
Модаре хушбахт
«Соњиби 4 фарзанд њастам. Умеда аз пайи хонадорист. Фирўзљон бахши њуќуќшиносии Донишгоњи миллиро хатм намуд, вале бо амри таќдир маъюб гашт. Њангоми оббозї сутунмуњрааш шикаст ва 8 сол аст, ки бемордорам. Баъзан шабњоро сари болини писар рўз мекунам. Сарфи назар аз ин њолати рўњиамро аз чашми шогирдон нињон медорам. Вазъияти зиндагиро набояд бо ояндаи њаёти талабагон пайваст. Ин рисолати ман аст, ки ба онњо дониш омўзам ва барои муваффаќ шуданашон дар зиндагї сањм гузорам.
Мањмадалї ба илмњои технологї завќи беандоза дорад. Ў бо тасмими худ ба факултаи технологияи коркарди шири Донишгоњи кишоварзии Тољикистон шомил шуд. Алњол дар комбинати шири Душанбе зањмат мекашад.
Бањодур варзишгар аст. Шавќманди омўзиши илмњои даќиќ буд. Дониши хуб дорад.Чун варзишро писандидааст, монеи интихобаш нашудам.
Соли гузашта Бањодур Усмонов дар 9 мусобиќаи байналмилалї ширкат варзида, соњиби 3 медали тилло ва нуќра гардид. Њар бори муваффаќ гаштанаш дар мусобиќањо Парчами Тољикистонро байни намояндагони кишварњои дунё меафрозад, дилам лабрези фарањ мешавад.
Аз дастовардњои Бањодур бародараш Фирўз њам рўњбаланд мегардад, пойњои аз њаракат бозмондааш гўё ба љунбиш меоянд. Ин лањзањо маро ба оламу зиндагї аз нав дилгарм месозанд. Ман модари хушбахтам»…
Аноҳито