МЕҲРИ МОДАР
Ҳар як шахс, чи марду чи зан, чи хурду бузург дар ин ё он гӯшаи диёр маъвогаҳе дорад. Ҳангоми аз як макон ба нишонии дигар сафар намудан, меандешад, ки дар манзили кадоме аз азизон ҳузур ёбад. Нафаронеро, ки модари меҳрубон болои сар аст, аввалтар аз ҳама ба побӯси модарон мешитобанд. Хуш ба ҳолашон. Пас, андешаи падар ба сар меояд. Зеро онҳо аз азизонанд. Баъдан дидани фарзандони падарро ба дил мегиранд.
Хушбахтона, хонаводаҳои мардумони кӯҳистони баланди баланд аз 5 – 6 то 10 – 12 фарзанд иборат аст. Ва ҳар яке аз хоҳарону бародарон ба худ мақому манзалатро дороянд. Ва он азиз ба дил манзили якеро ба назар мегирад. Чун дар як русто аҳли зиёди хешу табор бошаду вақт танг, дар ин маврид, қабл аз ҳама, ба зиёрати нафаре муътабар роҳ мегиранд.
Агар дар он шаҳр ва ё русто наздикон сукунат надошта бошанд, дар фикри ҳамсабақон ва ё ҳамхизматҳо (агар шарафманд бошанд) мешаванд. Аммо, аз ин боис ҳам озурда нахоҳанд гашт. Зеро ҳар як раҳгузарро дар дилхоҳ манзили марди кӯҳистони тоҷик ба дида мебардоранд…
Паҳлуи дигари масъала низ муҳимият дорад. Чи худиву чи бегона, куҷое нараванд, манзилеро мепазиранд, ки аз меҳрубонии соҳибхона роҳат бубинанд. Он ҷониб меҳмондӯст ва аз дидор бо меҳмон ва ё азизе хушаш ояд, вагарна ба он манзил касе паи пой намемонад. Ба андешаи манзили хуш ва маъвои дилкаш мешавад.
Дар кӯҳистон мафҳуме роиҷ аст, фалонӣ марди «дастархондор». Дар чунин хонадон аз ташрифи меҳмоне, роҳакие, ошное хушҳол мегарданд. Дастархондорон, ба қавли кӯҳистониҳо, аз азизони Яздони поканд.
Тӯли 50 – 60 соли ахир аз бунаи авлоди Ҳайдарбойиҳо чанд тан аз азизон ба ин унвон молик гаштаанд. Хушоянд аст, ки ин баҳоро аз забони дигарон шунидаем. Се тани аввалӣ аз бузургсолони қавм дар асри гузашта ба сар доштанд. Дар булукоти Кангурт солҳои 60 – 70 – ум Нурхонраис (деҳаи Оби Ширин) ва бародари эшон Маҳмадшариф аз рустои Найистон чунин унвон насибашон буд. Аҷиб, ки бародарон бо аҳли хонавода дар шафати роҳи мошингузар сукунат доштанд.
Дар деҳаи Алиҷон, 12 км болотар аз маркази ноҳияи Данғара, марди порсое мезист. Ҳавлӣ – хонадони Алихони Бӯрихон барои худиву бегона маъвогаҳи дилкашеро мемонд. Дар шаҳраки Данғара ду манзили дилкаш арзи вуҷуд дорад, ки мегуфтӣ аввалтар аз ҳама ба ин макон бишитобам. Хонаи апаи Давлатой, духтарбузурги Алихони Бӯрихон, ки то соли 2016 даргоҳашон маъвои аҳли зодбум буд.
Аммо даргоҳе озода, хонадоне бобаракат, маъвое дилкаш ба мисли ҳавлии холаи Хуросон, набераи озодамард Ҳайдарбойи Кангуртӣ кас кам дида. Аҷиб макони дилфарову дӯстдоштанӣ, ки назир надорад. Ин манзилу маконро холаи Хуросон бо меҳри модарона ҷило медод.
Кунун он чор тан бо мо нестанд. Агар апаи Давлатой бо ҳазлу мутоиба ва чеҳраи бозу хуш касро мафтун месохт, холаи Хуросон бо меҳри модарона, бо сабуриву кабирӣ ба дил маъво дошт. Симои ҷаззоб ва дилрабое, бо суҳбати дилнишин касро мафтун месохт. Моми бузург аз зумраи бонувонест, ки ҳамсуҳбати хешро бо неруи ҷозибе ба худ мекашид. Чи худиву чи бегона (ба маънии навошноҳо) дар як нишаст дигар аз ӯ дил канда наметавонист. Дар дастархондориву дастархонороӣ ва меҳрубонӣ ҳамто надошт.
Аз давраи таҳсил дар мактаб – интернати №1 – и шаҳраки Данғара (аз синфи панҷумӣ) ҳамроҳи қиблагоҳ борҳо ба ҳавлии тағоии Абдулваҳҳоб рафтаем. Аз он рӯзҳо ҳуҷраҳову ҳавлии тозаву озодаи холаи Хуросон дар лавҳи хотир нақш бастааст. Аҷиб рафтор, хола болои кӯрпачаҳо сӯфи сафед мепартофтанд, мисли пойандоз. Инак, бо гузашти панҷ даҳсола, чунин тарзи озодагиро дучор нагаштаам.
Дар халқ гапест, дил мекашад по меравад. Тӯли даҳ соли охир аслан маъвои дилкашеро чун ҳавлии ободони холаи Хуросон дар гӯшаи хаёл надоштам. Ҳин бо фурсате муносиб ва имкони шароиту вақт ба побӯси хола мешитофтем. Худо мегуфтем, ки мом дар манзилашон бошанд. Зеро модар фарзандони хубу солеҳ ба камол расондаву ҳама имрӯз соҳиби хонаву дари ободон ҳастанд ва ҳам соҳиби обрӯву манзалат. Онҳо модарҷони худро сари даст мегардонданд.
Ҳавлии хола саробӯстонеро мемонад. Ҷигарбанди мом Хайрулло тамоми шароитҳоро баҳраш муҳайё сохта. Долу дарахт, гулу гулбуттаҳои муаттар, навъҳои гуногуни рустаниҳо, бахусус арчаҳои сарсабз, тарҳи зебои ҳавлӣ дили ҳар як бинандаро ба як дидан тасхир месозад. Ин ҳамаро писари ғамгусораш барои модарҷонаш эъмор намуда. Ӯ худ тарроҳу меъмори ин манзилу макон, зебопараст асту ҳам муҳандисе варзида…
Модар бо чанд рӯзи меҳмонӣ аз ин ё он гӯшаи диёр, ҳама дам сӯи ҳавлиаш ба парвоз меомад. Мегуфт, маро манзилу макони падарӣ роҳат мебахшад. Воқеан ҳам, он маъвогаҳ бас дилфиреб аст. Бо ворид шудан ба ҳавлӣ ба сохту тартиб ва ҳавои тозаву муаттари он дил мебандӣ. Бошишгоҳест бо кулли шароитҳои ҳозиразамон…
Ҳар бори ба побӯси холаи меҳмондӯсту дастархондор шарафёб гаштан, бо дидани чеҳраи нуронӣ, меҳри модаронаашон дилам гум мезад. Мани сағира бо диданашон лаҳзаяке меосудам. Мисле, ки модарҷони худро дида бошам. Ҷилои меҳрро мемонд холаи Хуросон. Аз суҳбату пандҳо, маслиҳату хулосабарорӣ ва меҳрубониҳояш лаззат мебурдем. Мисли донишманди варзидае фикр меронд. Ҳол он ки мом модарест одӣ аз кӯҳистони баланд. Модаре, ки фарзандонашро ба нӯги сӯзан, бо ҳунармандӣ парвардааст. Бо ҳидояту ёрмандии модар ағлаби ҷигарбандон соҳиби маълумоти олӣ гаштаву дар ҷомеа мақому манзалати хешро дарёфтаанд. Шумораи набераву абераҳояш беҳисобанд. Онҳо низ аллакай мояи ифтихори волидони хеш гаштаанд.
Модар чанде ба бистари беморӣ сар монданд. Фарзандону набераҳо, пайвандону ошноҳои дуру наздик ба аёдат меомаданд. Модар бо меҳр ба ҳар яке аз пайвандон дуои нек медоданд. Аз ҳамаи ҷигарбандон, хешовандону дӯстони фарзандонаш сипосгузор буданд. Аз ғамхорӣ, меҳрубонии ҳар яке гиребон ғунча мекарданд…
Аз хидмати фарзандон, бавижа аз ҷигарбанди азизаш Хайруллои лахти ҷигар мамнун буданд. Маҳз ҳамин овон хешу ақрабо, пайвандон, намакпосдорон, дӯстону ҳамкорони иззатманди фарзандон, ҳаққу ҳамсояҳо сари қадам хабаргирии модар меомаданд. Модар аз хидмати ҷигарбандонаш, аз посдори манзилу макони падарӣ Маҳмадшарифи ғамгусор мамнун буданд…
Холаи Хуросон аз зисту зиндагии наздикон огаҳии хуб доштанд. Касе аз доираи назар ва меҳри модар дур намемонд. Азизони дилу дида огаҳанд, ки солҳои охир муттакои ҷияни гунгашон Қузратулло, писари тағоии Алихон буданд. Фитри рӯзаи ҳарсолаашонро ба деҳаи Алиҷон мефиристоданд. Дар иду арафаҳо низ гунгро аз ёд намебароварданд. Ва мудом маблағи муайянеро аз пасандози хеш ба дасти ҷияне ирсол намуда, ба таъкид мегуфтанд, ки бурда ба дасти Қузратулло медиҳед, то ягон камбуди хонаашро ислоҳ пазирад…
Рӯзи даргузашти хола сараку роҳҳои шаҳраки Данғара моломоли мардум буд. Дӯстону ошноҳо, пайвандону ҳамшаҳриҳо аз кулли шаҳру навоҳии кишвар баҳри тасаллияти фарзандони моми бузург меомаданду меомаданд.
Он рӯз ҷумла дилҳазин буд. Қузратуллои 63 – сола, абераи Ҳайдарбойи Кангуртӣ зори ба зор мегирист. Мани сағира, ки дар азо гиря карданро аҳ ёд нагирифтаам, он рӯз аз ҳоли зори Қузратулло дидаи пурнам доштам. Ӯ хуб мефаҳмид, ки муттакояшро аз даст додааст. Вай, ки 45 сол пеш аз падар ва 33 сол қабл аз модар маҳрум монда буд, кунун ягона нафари дилсӯз, аз меҳри холаи Хуросон, ғамгусору меҳрубонаш маҳрум монда. Ӯ ҳайрону саргардон зору низор мегирист…
Холаи Хуросон барои ҳамаи азизони дил моми бузург маҳсуб меёфтанд. Аҷаб феъле дошт, касеро ба зинҳор фаромӯш намесохт ва мудом аз дур бошад ҳам, пурсон мегашт, суроғу пай мекард, ки фалонӣ куҷосту чӣ рӯзгоре ба сар дорад…
Инак, чанд моҳест, ки аз меҳри модари азиз маҳрум мондем. Аммо худро таскин мебахшем, шукрона мегӯем, ки манзилу макон, боғу роғ, ҷигарбандону пайвандон, набераву абераҳояш нишоне аз модарбузурганд. Меҳри ӯ, номи неки модарбузург дар қалбҳои мо маъво дорад.
Умари ШЕРХОН