Хатари мусиқии хориҷӣё АНДОЗА НАКУСТ
Дар њама давру замон кору бори дунё андоза, меъёри муайян дошт ва хоњад дошт. Риояи бечунучарои ќонун, њифзи арзишњои фарњангї барои њамагон шарт ва њатмист. Ба касе пўшида нест, ки риоя накардани ќонуну ќоидањо, низомномаву дастурамалњои њукумат ба бенизомї оварда мерасонад. Ва ё ба ќавли дигар, бемасъулиятї дар иљрои вазифа, ќонунвайронкунї, бурун рафтан аз сарњади низому тартиб ин мисли ширкат дар базми айшу ишрати фосиќона аст.
Ин рањ аз боби риоя нагаштани ќонуну ќавоид ва ё надоштани љадвали корї дар пахши мусиќї, суруду таронањои њофизони хориљї дар шабакањои радиої ва телевизионњои ватанї хоњем гуфт. Пахши бенизом, бебаркаши мусиќї, таронаву сурудњои њофизони хориљї аз бехушї, бемасъулиятии муњаррирон ва аз камтаљрибагии журналистони навзуњур, барномарезон ва дигар шахсони масъул зоњир мегардад.
Кормандони нињоди мазкур, аввалтар аз њама, дар фикри њалли осони кор љадал мекунанд. Аз њисоби пахши мусиќї ва сурудњои сарояндагони хориљї пур кардани эфир ин њанўз иљрои вазифа нест. Подоши ин амали номатлуб, фориѓболї, камњавсалагии масъулонро солњо пас хоњем дид.
Истифодаи бемавќеи суруду таронањои хориљї, мусиќињои «бегона» берун аз њадди эътидол ба майна, сиёсат ва тарбияи насли наврас ба љуз зарар чизи дигареро ба бор оварда наметавонад. Ин масъаларо сатњї пиндоштан аз рўи хирад нест.
Шояд нафаре ин гуфтањоро љиддї мапиндорад. Биандешад, ки фикри сензураро дар сар дошта бошем. Аммо, на ину на он. Њоло ки мавриди гуфтан аст, аз ин боб хоњем гуфт. Њушёриро набояд аз даст рањо кард. Дар замони тањдидњои глобалї њар як шањрванд, фарзанди содиќи Ватан, аз хурд то бузург бояд дар фикри њимоят аз манфиатњову арзишњои миллии хеш хидмати шоиста анљом дода бошад. Аз ин рў, ба кор бурдани аз меъёр зиёди мусиќї, суруду таронањои њофизони хориљї манфиатбахш нахоњад буд. Ба андешаи ин љониб, истифода, пахши суруду мусиќии хориљї бубоист на зиёду на кам бошад.
Ин андеша ва ќоидаро нав эљод накардаанд. Ба ин њушдорњо гуфтанї нестем, ки сурудњои эронї, русї, туркї, арабї ва ё англисиро пахш накунанд, аммо ба њар њол андоза накӯст. Бењуда нагуфтаанд:
Андоза нигањ дор, ки андоза накўст,
Њам лоиќи душман аст, њам лоиќи дўст.
Ё шояд нафаре иддао барад, ки дар радиову телевизионњои Эрон, Туркия, Россия, Амрико, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Австралия, Мадагаскар, Бразилия ва ё хайр бистучор (12 ё ана 6) соат мусиќї ва сурудњои тољикиро пахш мекунанд. Ин корро онњо дар хоби шабашон њам ба гардан намегиранд.
Ин љониб зидди пахши мусиќї ва суруду таронањо бо дигар забонњои хориљї нестам. Зеро аз њисоби хонандањои мамлакатњои гуногун њофизони писандида дорам. Ба мисол Хулио Иглесиас, Пласидо Доминго (Испания), Лучано Паваротти (Италия), Комилљон Отаниёзов, Ботур Зокиров, Озодбек Назарбеков (Ўзбекистон), Рашид Бейбутов, Назокат Мамедова, Пўлод Булбул – ўѓлї (Озарбойљон), Латамангешкар (Њиндустон), Зоњир Њувайдо, Ањмад Зоњир (Афѓонистон), Шарл Азнавур, Љо Дассен, Мирей Матйе, Эдит Пиаф (Фаронса), Бобомурод Њамдамов (Туркманистон), Гугуш, Саттор (Эрон), Муслим Магомаев (Муњаммадов), Валерий Ободзинский, Валентина Толкунова, Лев Лешенко, Юрий Антонов (Россия) ва дигарон. Ин рўйхат тўлонист, аммо бо њамин иктифо мекунем…
Ин проблема, масъалаи мубрами на танњо мамлакати мост. Ёд дорам, чанд сол ќабл, њунарпешаи маъруфи Россия, Артисти халќии СССР Иосиф Кобзон бонги изтироб зада буд. Сарояндаи оламшумул аз он изњори нигаронї мекард, ки рўз ба рўз дар муњити фарњангии рус, бахусус дар радиову телевизион таъсиру нуфузи забони англисї аз њадди эътидол берун рафта истодааст…
Изтироби сарояндаи машњурро мефањмам. Зеро њини тамошои сабќату озмунњо дар телевизионњои он кишвар довталабони наврас ва љавонон дар њаштод фоизи маврид бо забони англисї суруд пешнињод менамоянд. Фарзи мисол, аз дањ довталаб танњо як – ду кас суруди русї мехонду халос. Аз байни 20 – 30 кас, агар як нафар суруди халќии русї иљро намояд, дарди бахайр аст.
Чунин хатари фарњангиро фаронсавињо хуб эњсос намуданд. Аз ин хотир, ба таљрибаи фаронсавињо таваљљуњ намудан аз манфиат холї нахоњад буд. Онњо нисбат ба дигарон хеле дурбинанд. Алъон дар Фаронса ќонуне роиљ аст, ки дар эфир зиёда аз 20 фоиз истифода бурдани мусиќии хориљї манъ аст. Дар натиљаи ин амал, онњо анъанањои мусиќї ва фарњанги миллиашонро нигоњ дошта, ба рушди шансон (жанри мусиќї) заминаи мусоид фароњам оварданд…
Шояд нафаре аз кормандони радио ва ё телевизион бигўяд, ки пур кардани эфир дар зарфи бистучор соат ба гуфтан осон аст. Дуруст, аммо сухан ин љо аз боби масъулиятшиносї ва ќарзи шањрвандї меравад. Њар кас, сарфи назар аз пеша, вазифадор аст, ки содиќона, аз рўи инсофу виљдон хидмат намояд.
Ё шояд ќисме изњор доранд, ташвиш накашед, њамааш љобаљост ва њољат ба воњима нест. Мегўем, на, ин тавр нест. Ба љои пахши сарсарї, барномаи тайёр зањмат бояд ба кор бурд. Њиљ кас нагуфта, ки дањ – бист блок суруду таронањои њофизони пуршўру шари худиву бегонаро бандубаст кардаву дар шабонарўз тоб додан, ин хидмат ба халќу Ватан ва ќонеъ намудани шунавандаи ватанист. Бояд ба эљоди њаќиќї рў биорем, барномањои муаллифии фарњангї омода созем.
Њоло ки фурсат муносиб афтод, зикри масъалаи дигареро низ муносиб мебинем. Имрўз, хушбахтона, дар кишвар, бахусус дар пойтахт, радиоњои ѓайридавлатї (мисли матбаањо) афзудан доранд. Њар яки он радиоњо расанњои дароз ва сабку услуби худро моликанд. Кормандони онњо то лањзаи зарурї фармоиши соњибон (хољагон) – ашонро дар замин намемонанд.
Чун аѓлаби кормандон љавононанд, њар яке ба фањми хеш барнома тарњрезї мекунад, њофизони «навбатдори» худро доранд, ки бо њар васила таронањои сусту камарзиши онњоро пайваста мешунавонанд.
Ё барномањои консертии телевизионњоро мегирем. Ќисме аз њофизони љавон, ки номњояшонро хурду бузург азёд кардаем, аз буда зиёд нишон медињанд. Њол он ки баъзе симоњои устодон, сарояндагони мумтози санъати касбиро ањёнан дидан мумкин аст.
Камњавсалагї то њаддест, ки журналистон аз бойгонии радиову телевизион истифода бурданро ба худ љоиз намедонанд. Гўё љустуљўи касетаву дискњо ба онњо мушкил меафтода бошад, њарчанд имрўз ин кор хело осон гашта бошад њам.
Масъалаи дигари ташвишовар ин истифодаи аз андоза берун, пахши бе иљозаи муаллифони оњанг, нагирифтани ризоияти сарояндањои хориљї аст, ки он низ рўзе хатар оварданаш аз эњтимол дур нест. Агар рўзе «дар ќап» занед, куљо мешитобед?
Он рўз мабод, ё рафтаву ягон «љангандоз», аз њисоби рўзноманигорони љавони «ватандўст» - и сокини имрўзии хориљи кишвар, хабар расонад, ки суруду оњангњои њофизони номии ин ё он давлатро дар шабакањои радио ва телевизионњои тољикї (фарзи мисол дар ТВ «Шањнавоз») «аз сањар то шом» мешунавонанд. Дар сурати талаб кардани њаќќи муаллифї сўи кадомин барзан дартоз мешавем?
Хулоса, андоза нигоњ доштан ба манфиати кор аст. Маќоли халќии «то омадани табар кунда меосояд» - ро шиори њамарўзї ќарор надињем. Кай ва аз куљо зарба хўрданро низ ба гўшаи фаромўшї набояд партофт. Зеро хавф, ба ќавли шоири ширинсухан Шамсиддин Шоњин, то давраи фаро расидани маврид дар камин мемонад.
Дастури љањон, бародар, ин аст,
Айшаш ба миён, ѓамаш камин аст.
Умари АЛЇ