Дар шањру навоњии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон мењмонхонањои зиёди замонавї ќомат афрохтаанд, вале аксар сайёњони хориљї барои истироњату фароѓат хонаи урфии помирї - помиричидро интихоб мекунанд.Чаро?
Ба бовари муњаќќиќон, хонаи урфии помирї, помиричид, яке аз зеботарин мањсули тахайюли меъморї мебошад, ки андешањо ва фалсафаи љањоншиносии ориёиро дар худ ѓунљондааст. Гузаштагон инсонро љузви олами Бузург ва табиатро Хонаи Худо ва муќаддас мешумурданду чун дар фикри сохтани манзил меафтоданд, мекўшидаанд, ки офаридаи тахайюли зебо ва дастони њунармандашон њикмат ва асрори коиноти шигифтангезро дар худ таљассум намояд.Ин аст, ки помиричид, чун натиљаи фалсафаи њамбастагии инсон ва табиат, ки дар он инсон дар зиндагии маишї худро на пойбанди чордевори иморат, балки љузъи табиати зинда эњсос мекунад ва чун мероси фарњанги бостонї њар чї бештар мавриди мењмонони дохилу хориљи кишвар ќарор мегирад.
Барои бунёди помиричид соњиби ояндаи хона ва усто сараввал љойи мувофиќ интихоб менамоянд. Дар минтаќаи кўњистон, ки бањои њар ваљаб заминро аз тилло киматтар медонанд, одатан љойи санглох ва бењосилро бо белу каланд њамвор намуда, дар баъзе њолатњо њатто болои тахтасанги бузург хона месохтанд.Аз рўйи оини мењрпарастї расм буд, ки дари манзил бояд чун рамзи пазириши нуру гармї ба самти офтоббаро боз шавад. Дар давраи ислом он таѓъйир ёфт ва акнун дари хонаро одатан ба тарафи ќибла мекушоянд. Бо баланд шудани чордевори хонаи калон ва барњаво ду тирчўби асосї, ки љузвњои боќимонда ба онњо пайванд мегиранд, гузошта мешаванд. Тирчўби аввал тибќи андешаи ориёї рамзи дунёи маънавї - Мину ва тирчўби дувум таљассуми љањони моддї - Гетї шумурда мешуд ва дар андешаи динї онњоро чун ду мабдаи рўњонї ба Аќли кул ва Нафси кул таъбири маъно карданд.
Тирчўбњои асосї болои панљ сутун устувор карда мешаванд. Ин сутунњо таљассуми заминии панљ фариштаи љовидон ва нигањбони инсон -Суруш, Мењр, Аноњито, Замёд ва Озар њастанд, ки дар рўзњои мо бо номњои Муњаммад, Алї, Фотима ва Њасану Њусейн дар њар хонаи урфии помирї ќоиманд.
Шањсутун - рамзи Суруш ва Муњаммад (с) дар маркази хона ќарор дошта, тимсоли фариштаест, ки каломи офаридгорро ба хокиён мерасонад ва мазњари таслиму ризо ва фармонбардорї аз амри худовандист. Дар назди шањсутун маросими гањворабандони кўдаки навзод анљом дода мешавад.Сутуни тарафи чапи хона рамзи Мењр ва Алї (а) буда, баракат ва ободии хонадонро ба он марбут медонанд.Сутуни тарафи Кадозар ва ё Китсор (Оташдон) рамзи Аноњито ва Бибифотимаи Зањро нигањбони оташдон ва гармиву файзи хонадон ба шумор меравад.Он њамчунин рамзи покизагиву покдоманї ва серобї аст.Ин сутун ба шакли духтари љавони зебо тарошида мешавад ва бо кандакорї ороиш меёбаду арўс дар маросими тўйи арўсї ва никоњ дар пояи ин сутун љой мегирад, то фариштаи пок орзуву ормони зиндагии ояндаашро дар хонаводаи навашон бароварда созад.
Ду сутуни боќимонда рамзи Замёд ва ё Њасану Озар ва ё Имом Њусайн мазњари бурдбориву муњаббат ва тавозўъву нур шумурда мешаваду бо бучкагиљ - тахтачўби кандакоришуда бо њам васл гардидаанд.Дар пояи сутуни Озар ва ё Имом Њусайн ба саљљода мешинанд ва маросимњои мазњабї анљом медињанд.
Тирчўбњои дарози хона 13 донаанд, ки њафттоашон болои суфаи асосї ва шаши дигар болои суфаи тарафи Кадозар насб карда мешаванд. Тирчўбњои тарафи Кадозар Амешасипанди љовидон - пиндори нек, адолат, нерумандї, бурдборї, тандурустї ва љовидонӣ будани оламро ифода менамоянд. Дар даврони ислом ин шаш тирчўб тимсоли шаш пайѓамбари таърих - Одам, Иброњим, Нуњ, Мўсо, Исо, Муњаммад гардидааст.
Бар сари тирчўбњо, яке аз љузвњои муњими помиричид, чорхона гузошта мешавад. Он ба шакли чор хонаи чўби болои њам гузошта шуда, дар њар давру замон чун рамзи чањор унсури асосии табиат - Хок, Об, Бод ва Оташ таъбир мешавад.Чорхонаро хонаи нур њам меноманд ва чун хонаи чорум гузошта мешавад ба хона равшанї - рамзи нури илоњї медарояд.
Ба бовари мардуми ориёї инсон набояд худро дар чордевор банд созаду аз манзилаш низ бояд имконияти назораи табиат ва офтобу моњу ситорагонро дошта бошад. Чорхона, њамчунин, вазифаи бодпарво (вентилятсия) - ро иљро менамояду хонаро аз нам гирифтан њифз менамояд ва њавои хонаро тоза нигоњ медорад.
Чорхона тарзе сохта мешавад, ки аз нурњои тавассути он ба хона воридшаванда, бошандагони он гардиши офтобро муайян мекарданд. Масалан, ваќте нури офтоб аз тиреза ба пояи сутуни асосї мерасад, ин рўз Наврўз аст. Рўзи ид бачањо маросими шоландозї иљро менамоянду бо воситаи чорхона шолро ба даруни хона меандозанд ва бо ќироати шеъри наврўзї аз соњибхона кулчаву бурсоќ, тутмавизу чормаѓз ва ќандалот шодиёна дарёфт менамоянд.
Китсор ва ё Кадозар (Оташдон) яке аз унсурњои муњими чид мањсуб мешавад. Китсор чун хонаи оташи муќаддас парастиш мешавад. Њар узви хонавода њангоми тўйи арўсу домодї ва ба сафар баромадан чун рамзи фурўѓи рањмонї њатман онро зиёрат мекунад.Дар ин мавридњо болои оташдон ситирахм - гули њамешабањор дуд дода мешавад ва дуои хайр мекунанд, то фариштагони нигањбон орзуву омоли соњибхонаро бароварда созад.
Дањлез ва њуљрањои алоњида, ки вобаста аз шумораи аъзои чид сохта мешаванд, помиричидро мукаммал месозанд. Муњаќќиќ Абусаид Шоњхуморов помиричидро мањсули тафаккури созандаи аќвоми ориёї мешуморад, ки дар пояи фалсафаи њамбастагии инсон ва табиат ва дар давраи оилаи калони падаршоњї шакл гирифтааст. Дар чид аъзои хонавода аз рўйи табаќабандии иљтимої маќом ва манзалати худро доранд.Чид тимсоли оилаи тифоќ аст. Њангоме ки ањли хонавода љамъ меояд, падар дар мењроб дар суфаи тарафи рост ва ё барнех рў ба рўи сутуни асосї мешинад.Дар ин тараф, њамчунин, халифа ва мењмононро љой медињанду барояшон дастархон мекушоянд. Дар суфаи тарафи чап ва ё вогзнех, рў ба рўи падар писарони ба балоѓатрасида мешинанд.Дар суфачаи хурди тарафи Кадозар бачањои хурдсол нишаста, ба суханони калонсолон гўш медињанд. Болои Китсор ва ё Кадозар дар тарафи сутуни Бибифотимаи Зањро, ки љойи аз њама баланди хона аст, фариштаи нигањбони гармї ва файзи хонавода Модар мешинад.
Фарзандон аз падар наќл, ќисса, ривоят аз дидаву шунида ва хондањо мешунаванду табодули афкор сурат мегирад. Дар хонаводае агар падар сози мусиќии рубоб ба даст гирад, писарон бо даф ба он њамроњ мешаванд ва њунар дар муњити хонаводагї такмил меёбад.Духтарон аз модар њунарњои дўхтану бофтан ва пухтупаз ёд мегиранд.
Дар дењоти Поршиневи ноњияи Шуѓнон осорхонаи Носири Хусрав ба шакли помиричид сохта шуда, бинандагони сершумор барои ошноии њаёту фаъолияти ин њаким, файласуф ва шоири тавоно онро хеле љаззоб ва мувофиќ дарёфтанд. Њамчунин, осорхонањои мањалии зиёд дар шањру ноњияњои Бадахшон ба шакли помиричид фарњангу њунари мардумро ба мењмонон ба намоиш мегузоранд.
Агарчанде бо афзоиши раванди муњољирати мењнатї ва бозгашти муњољирин ба Ватан иддае аз љавонони навовар акнун дар бунёди хона ба биноњои сохти аврупої ва коттељњо тарљењ медињанд, вале помиричид њамоно барои бештарашон мањбубу маќбул мемонад ва чун шароити сохтмони манзил фароњам ояд, помиричидро интихоб мекунанду бо умед ва дуои муборак вараќсанги нахустинашро мегузоранд.
Дар давраи рушди сайёњї дар кишвар помиричид хусусиятњои дигарро низ касб кардааст. Теъдоди зиёди сайёњон бо камоли майл барои истироњату фароѓат онњоро ба иљора мегиранд.
Ваќте аз гурўњи сайёњони аврупої сабаби интихоби помиричидро пурсидем, посухашон ќариб яксон буд. Ба иќрори онњо дар љараёни сафарњо дар мамлакатњои мухталиф аз буду бош дар мењмонхонањои ситорадор хаста шудаанд. - Мо ба Тољикистон барои тамошои манзарањои зебо ва фарњанги мардуми ин љо омадему намехоњем дар соатњои фароѓат худро дар чордевори њуљраи њутал банд созем. Хонаи анъанавии васеъ, бо боду њавои тоза ва озодаи сокинони мањал таваљљуњамонро љалб намуду онро интихоб намудем. Зеро дар ин љо бароямон шароитњои хеле хуб фароњам асту бо табиат наздиктарем.
Ш. МИРЗОЉАЛОЛ,
ВМКБ