Ваќте дар бораи бонуи тољик сухан меронем, пеш аз њама, симои онњое пеши назар љилвагар мегардад, ки дар љабњањои гуногуни њаёти кишвар наќши бориз гузоштаанд.
Назира Амирбекзода аз зумраи бонувонест, ки ба зудї љойгоњи хешро пайдо намуд. Ин дастовардњои ўро роњбарияти олии мамлакат дида, ба ў дар иљрои масъулиятњои баланд имкон фароњам оварданд.
- Назира, журналист чї гуна тавонист ба зудї маќому мартаба пайдо ва роњбарият ба ў бовар намояд?
- Ин савол маро ба лањзаи хотирмони ду сол ќабл мебарад. Манзур замони таъйин гардиданам ба вазифаи муовини раиси ВМКБ аст. Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон њини дидор аз таљрибаи бонувони барўманди Бадахшон, аз љумла Ќиматгул Алибердиева, Назарбегим Муборакшоева, Паринамо Љумъаева, Анљирбегим Маќбулшоева, Гулсара Рањматова, Пайкармо Адиёрова, Њарифа Давлатмамадова, Ќобиламо Ѓуломшоева, Арамбегим Мањтобшоева ва дигарон бо самимияти хос ёдовар шуда, дастур доданд, ки давомдињандаи кори онњо бошам.
Дар натиљаи ѓамхорињои давлат имрўз зан – модари тољик, агар бо як даст гањвора љунбонаду муќаддасоти оиларо нигоњ дорад, бо дасти дигар рисолаи илмї менависад, кори идораро дар њама самтњои љомеа пеш мебарад, вазифањои роњбарикунандаро бар дўш дорад ва пешбарандаи сиёсати сулњпарваронаи давлату Њукумат аст. Фикр мекунам, шиори пешбарандаи занони даврони истиќлолият ин шоњгуфтањои такондињандаи Пешвои муаззами миллат мебошад, ки њанўз соли 1997 дар нахустин Форуми бонувони кишвар садо дода буд: «Бонувони тољик аз уњдаи њамаи вазифањо бо сарбаландї баромада метавонанд!». Ифтихор мекунам, ки яке аз бонувоне њастам, ки ин боварии Сарвари давлатро соњиб шудаам.
- Шуморо аз рўзе, ки таъйин шудед, зери барфу борон ва дар роњњои валангору тармаву сел ва бештар миёни издињом мебинем…
- Лутф мекунед. Аммо воќеиятро бигўем, ба ман тарзи корбарии Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон намуна буду њаст. Албатта, дар кўњистон ба њайси роњбар кор кардан барои зан чандон осон нест. Вале ман, ки худ зодаи кўњистонам, ин масъулиятро он ќадар вазнин эњсос намекунам.
- Бархе бар он назаранд, ки Њукумат бахши идеологии худро ба бонувон гузоштааст ва ба гуфтаи онњо гўё «идеологияи занона» дар мо роњандозї шудааст…
- Дар фањмиши ин гуна одамон «занона» будан ин маънои заифиро дорад. Ин гуна андешаро танњо одамони аз воќеият ноогоњ гуфта метавонанд. Сарвари давлат доимо мегўянд, ки дар замони душвори љанги шањрвандї мањз бонувон сиёсатњои њукуматро дастгирї намуданд ва боис ба зуд њал гаштани мушкилињои тасаввурнопазир гардид.
- Гуфтаниед, ки бахши идеологї дар вилоят алњол мушкилие надорад?
- Дар љањони зудтаѓйирёбандаи имрўз бахши идеологї муњимтарин рукни давлатдорист ва бовар кардани ин самти муњим ба бонувон аз љониби Сарвари давлат дар худ њикматњо дорад. Зеро, тавре зикр намудем, ояндаи фарзандон аз оила ва махсусан модар ва дар навбати худ бахши идеологї аз омилњои зиёде вобастагї мегирад. Аз махсусиятњои Бадахшон огањед. Мушкилоте, ки њоло вуљуд доранд, бозмонда аз замони гузаштаанд ва љанги шањрвандї њалли онњоро ба дарозо кашид. Аммо мардум мебинанд, ки Њукумат њамаи талошњоро анљом медињад.
Соли 1990 дар њудуди вилоят њамагї 7 корхонаи саноатї фаъолият дошт. Њоло 22 корхонаву коргоњи саноати сабук мављуд аст. Яъне, Бадахшон њамеша дар маркази диќќати роњбарияти олии кишвар ќарор дошт ва дорад. Натиљаи сиёсати бобарори Њукумат аст, ки сокинони вилоят бо шукргузорї ба њаёти осоишта ва созанда машѓуланд. Мо зуд – зуд бо мардум вохўрињо мегузаронем, ба онњо талошњои Њукуматро мефањмонем. Сарвари давлат дар мулоќоти ахири худ бо сокинони вилоят аз он гуфтанд, ки дар Бадахшон 24 њазор нафар ањли зиё, беш аз 100 нафар шоиру нависанда, 14 нафар аъзои Иттифоќи нависандагони Тољикистон, 70 нафар аъзои Иттифоќи журналистони Тољикистон, 6 њазор омўзгор, аз љумла дар Донишгоњи давлатии шањри Хоруѓ 365 нафар (номзадњои илм – 44 нафар, докторњои илм – 11 нафар), 5 њазор нафар кормандони ташкилоту идорањои давлатї ва 28 њазор нафар собиќадорону нафаќахўрон зиндагї мекунанд, аммо истифода аз неруи онњо камтар ба назар мерасад. Мо њоло мулоќотњои самаровари ин ќишри пешбарро бо мардум созмон доданием.
Тибќи наќшаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатї дар ВМКБ њар моњ раиси вилоят Ёдгор Файзов ва муовинони раис ба ноњияњо сафар намуда, аз њаёту фаъолияти мардум бохабар мешаванд. Мардум самимияти роњбарияти вилоятро дарк ва дар атрофи раис љамъ меоянд. Шукр, њоло дар вилоят сатњи љинояту љинояткорї бамаротиб коњиш ёфтааст. Бар илова, Рўзњои фарњанги ВМКБ дар дигар вилояту шањру ноњияњои мамлакат баргузор мегарданд, ки дар шинохти воќеии мардум таъсири амиќ мегузоранд. Пахши барномањои телевизиониву радиої њоло тамоми миќёси вилоятро фаро мегирад ва бадахшонињо аз навгонињои Тољикистони азиз воќиф мегарданд. Дар вилоят 10 рўзномаи даврї ба нашр мерасад, ки барои огоњии мардум наќши муассир мегузорад.
- Оё дар вилоят муассисањои ёрии равонї барои занон вуљуд доранд?
- Албатта, муассисаҳои соњаи ёрии равонї фаъолияти назаррас доранд, ки барои расондани њама гуна мадад ба ниёзмандон омодаанд. Масалан, ташкилоти љамъиятии «Мадина» яке аз чунин муассисањост, ки барои густариши њамкорињои давлат ва шарикони рушд дар вилоят «Бахши њифзи иљтимоии Кумитаи рушди љамоатхонањо» фаъолияти хуб дошта, дар он мутахассисони ботаљриба ва равоншиносон бо бонувон кор мекунанд.
- Бонувони вилоят бештар ба кадом касбу кор таваљљуњ зоњир менамоянд?
- Агар гўям, ки занону духтарони Бадахшон ба њама касбу кор таваљљуњ доранд, хато намекунам. Занони кўњистонї ба илмомўзї ва аз худ кардани забонњои хориљї таваљљуњи хосса доранд. Рушди зењнї яке аз пешбурди њаёташон мебошад. Њамчунин, дар доираи дастгирињои давлат ва шарикони рушд бизнесњои хурдро ташкил менамоянд ва ба рушди њунарњои мардумї, эњёи њунарњои ќадимаи мардуми кўњистон даст мезананд ва бо ин роњ дар бозори вилоят ва љумњурї мањсулоти худро пешкаши харидорон мекунанд.
- Густариши огоњї ва бедории сиёсии занони ноњияњои дурдаст чї гуна аст?
- Ноњияи дурдасттарин Мурѓоб ва водии дурдасттарин Бартанги ноњияи Рўшони ВМКБ мебошад, вале ањолии ин мавзеъњо аз сиёсати давлату Њукумати мамлакат огоњии хуб доранд. Онњо дар њаёти сиёсиву иљтимоии кишвар фаъолона иштирок мекунанд ва Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон низ дар чандин сафарњои кории худ аз ин мавзеъњо дидан намуданд. Мардум бо сарфарозї бо Пешвои миллат суњбатњои самимиву ошкоро гузаронданд. Пешрафти дигар ва огоњї доштани мардуми ноњияњои дурдаст аз сиёсати давлату Њукумати мамлакат аз он аст, ки бо супориши Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар вилоят мардум аз тамошои барномањои шабакањои телевизионї бархўрдор њастанд ва аз пешрафту шукуфоии љумњурї ва вилоят огоњанд. Њамчунин, тибќи наќша раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва муовинони раис њар моњ ба ноњияњо сафар намуда, аз њаёту рўзгори мардум бохабар мешаванд, сиёсати давлатро ба мардум дар вохўрињо шарњ медињанд.
- Яке аз масоили асосї бо љойи кор таъмин намудани бонувон аст…
- Дуруст, бонувони Бадахшон аз бекорї шикоят мебаранд. Зеро дар шароити кўњистон бо љойи кори мувофиќ таъмин намудани занону духтарон мушкил аст. Мардум эњсос мекунад, ки Њукумат дар пањлуи онњост ва Рањбари тавоно дорад, ки дар назди худ вазифањои мушаххас гузоштаву роњњои њалли онро медонад. Каме ваќт зарур аст. Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба парлумон гуфтанд, ки корњои сохтмонї дар НБО «Себзор» то соли 2022 пурра ба анљом расида ба фаъолият оѓоз мекунад. Њамчунин, дар идомаи сиёсати созанда ва рањої аз бунбасти коммуникатсионї роњњои вилоят низ бозсозї мешаванд, ки дар њалли мушкилоти љойи кор таъсиргузор хоњанд буд. Аз њама муњим, имрўз барои кўњистониён ин аст, ки амну субот дар кишвар њукмфармост. Дар шањри Хоруѓ масъалаи гурўњњои хурди љиноятї аз байн меравад. Дигар масъалањо зина ба зина њалли худро меёбанд.
- Соли равон сафари кории Сарвари давлат ба шањру ноњияњои вилоят тарњрезї шудааст. Наќшањои кории Шумо…
- Мардуми сарбаланди вилоят бо љону дил ва ќалби кушод Сарвари давлатро интизоранд. Зеро медонанд, ки њар пайи ќадами ин фарзонафарзанди миллат баракату нусрат аст ва пешравие дар кору пайкор ва зиндагии мардум ба вуқўъ хоњад пайваст. Роњбарияти вилоят низ дар наќшањои пешбинигардида асосан мавриди бањрабардорї ќарор додани иншооти њаётан муњим ва вохўрии Пешвои миллат бо фаъолону сокинони вилоятро роњандозї намудааст.
Љамила МИРБОЗХОНОВА