Гулсара Бобосодиќова (1940, ш. Истаравшан) — омўзгор, олим, номзади илми иќтисодї (1968), профессор (1992), мудири фахрии кафедраи менељмент ва маркетинги Донишгоњи миллии Тољикистон (2011)
Бо ордени «Дўстї», унвони Муаллими шоистаи Тољикистон (1991), нишонњои «Аълочии маорифи халќ», «Аълочии мактаби олии СССР» сарфароз шудааст.
Муаллима фаъолияти омўзгориро пас аз хатми Донишгоњи миллии Тољикистон нахуст ба њайси ассистент оѓоз намуда, солњои 1962 - 1968 аспирант, муаллими калони кафедраи иќтисоди сиёсї, 1970 - 1980 мудири кафедраи иќтисоди саноат, 1980 - 1996 декани факултаи банаќшагирию иќтисодї ва тиљорату идора, 1990 - 2011 мудири кафедраи менељменту маркетинг ва роњбарии ташкилоти љамъиятии «Маркази байнисоњавии рушди маркетингу менељмент» - и донишгоњи мазкурро ба зимма доштанд.
Тўли ин муддат њамчун иштирокчии конфронсњои байналмилалї дар Љопон, Малайзия, Австрия, Россия, Туркманистон ва дигар давлатњо Тољикистонро муаррифї намудаанд.
Тањти роњбарии муаллима 8 нафар рисолаи номзадї, зиёда аз 20 нафар (аз љумла шањрвандони хориљї) рисолањои магистрї дифоъ кардаанд. Дар тарбияву такомули касбии дањњо донишмандони соњаи иќтисодиёт сањми шоиста доранд.
Бо дастгирии муаллима дар доираи барномаи TASIS дањњо олимони шинохтаи кишвар љињати такмили ихтисос ба хориљи дуру наздик фиристода шудаанд. Номбурда муассиси аввалин кафедраи тахассусии менељмент ва маркетинг дар љумњурист. Мањз дар давраи мудирии муаллима аввалин наќшањои таълимї, барномањо ва васоити таълимии фанњои менељмент ва маркетинг тартиб дода шуданд. Дар кафедра роњбарии корњои илмию тадќиќотиро дар мавзўи «Идоракунии равандњои иљтимоию иќтисодї» ба уњда доранд. Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмї мебошанд.
Дар остонаи 80 - солагии зодрўз яке аз донишмандони соњаи иќтисодиёт, бонуе маъруфу ташаббускору њалим Гулсара Бобосодиќова бардаму болидарўњанд.
- Моњи сентябри соли 1971 ба факултети иќтисодї шомил гаштам. Аз рўзњои нахустини донишљўї моро устодони сахтгир бо роњбарии Гулсара Бобоевна ба омўзиши илмњои назариявию амалї ва тарбияи донишангезї омода сохтанд. Њамон сол ба гурўњи русї ва њам гурўњи тољикї ќабул гашта будем. Дар он зиёда аз 60 нафар донишљў аз тамоми гўшаву канори љумњурї гирд омада буд.
- Агар муаллима Ю. А. Кенигсберг сари ваќт иљро намудани вазифањои донишљўиро нишон дода бошад, аз устоди сахтгиру ѓамхори худ Г. Бобосодиќова барномасозї, ташкилотчигї, њавасмандї ба фаъолият ва иштирок дар корњои љамъиятии донишгоњро омўхтем, - мегўяд муаллима И. Сарабекова.
- Дар давраи шўравї донишљўёнро ду – се моњ барои ѓунучини пахта ба ноњияњои гуногуни кишвар мефиристоданд. Дар њолати дурї аз падару модар ва наздикон ѓамхории муаллима эњсос мегардид. Донишљўён дар гармии њавои тирамоњ оби љўйборро нанўшанд гуфта, њар рўз дар зарфњо обро љўшонда, чой дам карда бо донишљўи навбатдор ба сањро њозир менамуданд. Љавобан ба ѓамхорињои Гулсара Бобоевна дар маъракаи ѓунучини пахта дучанд мењнат менамудем,- ёдовар мешаванд шогирдони ў.
Муаллима дар маъракаву идњо, шанбегињои донишгоњию шањрї ташаббускор буданд ва аз донишљўён низ рафтору ахлоќи хуб, интизом, омўзиши илмњои иќтисодиро талаб мекарданд. Бо њамроњии устодони кафедра мунтазам аз њоли донишљўёне, ки дар хобгоњњои донишгоњї истиќомат доштанд, хабар гирифта, бо чорабинињои гуногуни фарњангию маданї ва ахлоќї барои њаматарафа обутобёбии донишљўён талош меварзиданд.
Шогирдони муаллима, ки њоло дар вазифањои гуногуни соњањои хољагии халќи љумњурї ва берун аз он фаъолият доранд, мањз сахтгирию серталабии муаллимаро сабаби асосии дастовардњои худ медонанд.
Боиси тазаккур аст, ки муаллима Гулсара Бобосодиќова зиёда аз 30 сол ба њайси мудири кафедраи банаќшагирии саноат, менељмент ва маркетинг фаъолият кардаанд. Роњбарии факултаи банаќшагирии иқтисодї, иќтисодиёту тиљоратї ва иќтисоду идораро 16 сол ба зимма доштанд. Дар фаъолияти роњбарии ў факултет доимо аз пешсафони факултањои донишгоњї буд.
- Солњои роњбариашон дар кафедраи менељмент ва маркетинг бо ташаббуси муаллима барномаи TASIS фаъол гардид, ки устодони се факултаи иќтисодї барои таљрибаомўзї соли 1997 ба Њолланд ва Ирландия сафарбар гардиданд. Як зумра устодони љавон ба шањри Воронежи Федератсияи Россия барои таљрибаомўзии илмї фаро гирифта шуданд, ки он њама натиљаи самарабахши худро дод. Донишмандони номбурда сарбаландона корњои илмии худро њимоя намуда, номзади илмњои иќтисодї ва доктори илмњои иќтисодї гардиданд.
Дар тайёр намудани кадрњои љавобгўи замон, ба монанди менељерон, соњибкорон ва маркетологњо муаллима сањми назаррас доранд. Дар баробари ин, тањти роњбарии донишманди варзида як ќатор аспирантону унвонљўёни ватанї ва хориљї њимояи рисолањои илмї анљом медињанд.
Дараљаи касбии муаллима Гулсара Бобоевна, хираду љањонбинии эшон сазовори эњтироми шогирдону њамкорон мебошад. Таљрибаи бузурги кориву њаёт, заковату мањорати муаллима дар мактаби идоракунї, љустуљўи доимии илм ва муњаббат ба кори пурсамар барои шогирдон ва љавонон намунаи ибрат аст.
Д. сайдамирзод