Суњбат бо Мунира Иноят, муњаррири варзидаи идораи иттилоотии радиои Тољикистон, наттоќи ширинсухан ва бонуи соњибтаљрибаи касби хеш дар арафаи таљлили 90 – умин солгарди радиои тољик иттифоќ уфтод. Ў нафаре аз кормандони радио аст, ки нисфи умри хешро сарфи пеша намудаву бо кордонї, самимият ва муносибати нек бо атрофиён байни дўстон соњибэњтиром гаштааст. Ончунон дилбастаи касб аст, ки пешаашро ба чашмаи мењри зиндагї ташбењ медињад.
- Чашмаи дигари муњаббат ва устоди аввалинам дар зиндагї модарам буд. Мисли модарам бонуи оќилаеро надидаам. Модарам агарчи соњибмаълумот набуданд, барои тањсилдида гардидани фарзандон зањмат мекашиданд. Кони њикмат буданд, њама суханонашонро бо панду андарз ё масале оѓоз мекарданд. Сухандониро модар омўзонд, - мегўяд мунира.
Бо амри таќдир
Муњаббат ва завќи омўзгориро падар дар ќалби ў љо намуд. Њини ба анљом расидани тањсилот дар мактаб ќиблагоњ аз бобати интихоби пеша бо Мунира суњбат орост. Аз тасмими духтар падар розї шуд. Мунира шомили Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон гардид. Баъди хатми даргоњи илму маърифат муддате дар мактаби дењаи Гулкорони ноњияи Рўдакї аз фанни забон ва адабиёти тољик ба талабагон дарс гуфт.
- Омўзгорї бароям пешаи муќаддас аст. Зеро ба иборае устухонам аз нони њалоли муаллимї сахт шудааст. Соњибэњтиромии хонаводаамон дар љомеа мањз аз пушти пешаи падари муаллимам мебошад, - иброз медорад Мунира Иноят.
Ў рўзњои охирини ба итмом расидани давраи донишљўияшро ба ёд меорад.
- Устод Абдуќодир Маниёзов - раиси имтињоноти давлатї пас аз саволу љавоб бо омўзгорон таъкид намуданд, ки садоям барои наттоќї мувофиќ аст ва бояд ба кори радио пайвандад.
Бо шунидани сухани устод таконеро дар вуљудаш эњсос намуд. Истеъдодаш ба шўр омад, вале…
- Баъди хатми донишгоњ, агарчи вазъи шањр ором буд, волидон розї набуданд, ки берун аз дења фаъолият барам. Хушбахтона, соли 1995 Кумитаи телевизион ва радиои љумњурї барои наттоќон озмун эълон намуд. Дар озмун ширкат варзидам. Ба њунари наттоќиам њакамон бањои хуб доданд.
Пас аз ду соли омўзгорї бо кормандони варзидаи радио, устодони сухан ва соњибмактабони ботаљриба зиндаёд Субњон Рањматов, Абдурашид Хуљамќулов, Хайрулло Иброњим, Њикматулло Рањматов ва дигарон дар идораи наттоќони радиои Тољикистон ба кор шурўъ намудам, - мегўяд бонуи наттоќ.
Сермањсултарин идора
Аз он ки бо хабару гузоришњои тоза таъмин намудани ањолии кишвар ва берун аз он рисолати идораи иттилоотии радиои Тољикистон мебошад, онро сермањсултарину пуркортарин идора ном мебаранд. Ба гуфтаи Мунира Иноят фаъолият дар ин идора аз корманд масъулияти хосаро таќозо менамояд.
- Дар кори радио наттоќон вобаста ба мавзўъ ва муњтавои барномањои радиої интихоб карда мешаванд. Дар муддати фаъолият дар ин даргоњ чандин барномањои фарњангї, идона ва сиёсии радиоро ровї будам. Њанўз њам он барномањо чун хотирањои умрам дар фонди тиллоии радиои Тољикистон мањфузанд. Устодонам мегуфтанд, ки садоям асосан ба барномањои сиёсї мувофиќ аст ва мебоист дар идораи иттилоот фаъолиятро пеш барам. Баъдан, ин муњите, ки лањзањои гуворои зиндагиро дар он паси сар кардам, бароям созгору роњат мебошад, - зикр намуд Мунирабону.
Воќеан, кор дар радио хеле мушкил аст. Ба њама серкорињо ва чун моку дар њаракат будани хабарнигорон, ки ба хотири сари ваќт ва ољилан дастрасї доштан ба хабари нав њамеша дар такопўянд. Зањматњои пайваста аз њар корманди идора тањаммулу истодагариро талаб менамояд. Корманди идораи иттилоотї барои дарёфти хабаре, ки барои шунавандааш муњимият дорад, шабонарўз набзи љомеаро мушоњида менамояд ва дар љараёни воќеањои рўз мебошад. Ва, албатта, мардум њар сония интизори хабари нав аст. Пас ин рисолати мост, ки онро ољилан ба шунаванда расонем, - мегўяд њамсуњбатам.
Радио љовидонист
Шунавандаи радиои марказї асосан мардуми русто мебошад. Сари њар кор садои радиоро баланд менамояд ва аз навгонињои дунё, гузоришу хабарњо огањї пайдо намуда, њамчунин аз оњангу навоњои марѓуби сарояндањо роњат мебарад.
Бону Мунира мегўяд, ки барои аксар дастрасї ба шабакањои Интернет осону ќулай гардидааст, вале радио мањбубияташро то њол гум накардааст. Яъне, шунавандаи тољик даст ба кору гўш ба радиост.
- Шояд раќобат пайдо шавад, вале ба њељ ваљњ радио аз байн намеравад. Радио љовидонист, - иброз менамояд бону Мунира Иноят.
аноҳито