Аз хурдсолї, агар лўхтаку лўъбатаконро рўи рафи маѓозаву бозорњо медид, дилаш гум мезаду бо лањни ширин ба нишонии онњо навозишу мењрубонї ирсол менамуд ва моли худ кардан мехост. Тахайюли рангинаш ўро гоњо вуруди кишвари хаёлї месохт, ки аъљубањои афсонавї маскуни онанду табиати афсункори он бозии рангњои пурљило.
Бо ин хобу хаёл мудом рўи њавлї бо њамсолон сањнаяке меорост, наќш меофарид, мераќсиду месуруд. Арўсакњояшро ба мењмонї мебурд, тўю сур барпо мекард. Бо мурур бузург шуд, лек мењраш ба лўъбатакон боз ќавитар гардид.
Зебунисо Муродова сивупанљ сол аст, ки дар Театри давлатии љумњуриявии лўхтак њунарнамої менамояд. Ба њукми сарнавишт, њаёташ бо театр пайвасту мањкам реша давонд.
Сайќали истеъдод
Байни фарзандони падар - панљ писари хонавода ў ягона духтар буд. Тинати мардонагиро аз падару бародарон омўхту малоњату нафосати занонаро аз модар. Њаваскорињои фарзанд аз чашми волидон дур намонд ва рўзе модар дасти ў гирифту рў ба мактаб-интернати махсуси мусиќии љумњуриявї ба номи Малика Собирова нињод. Чор соли аввали тањсил навозиши фортепиано омўхт ва 7 соли дигар аз рўи ихтисоси рубобнавозї тањсил кард. Соли охири хониш тасодуфан гузораш ба Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон уфтод. Гурўњи донишљўён барои супурдани имтињон тамрини њунар мекарданд. Ба њаракатњои ба назар аљибу барои ќалбаш ошно зењн монд ва моту мабњут гашт. Шарари мењр дар чашмонаш барќ зад ва он аз назари яке аз донишљўён, ки дар соли сеюм тањсил мекард, дур намонд. Он љавон Ортиќ Ќодиров (њоло Њунарпешаи халќии Тољикистон) буд. Ў ба Зебунисо ёрї расонд, то ба имтињонњо омодагї бинаду сазовори номи донишљўї гардад.
Волидон аз тасмимњои духтар бехабар ояндаи ўро ба санъати мусиќї ё соњаи тиб пайванд дидан мехостанд. Чун огањ шуданд, каме норизо аз пешаи ояндаи духтар хомўш монданд. Падар баъди андешаи жарф дарк кард, ки духтар ба таври мустаќил роњи хеш дарёфтааст, фотињаи нек дод.
Пайкори нек
Баъди хатми донишкада Зебунисо тариќи роњхат дар Театри мусиќии мазњакавии шањри Ќўрѓонтеппа (њоло Бохтар) тайи ду сол фаъолият кард. Модар ба иллати сактаи майнаи сар бистарї гардид. Аз ин хотир, ба Душанбе баргашту корро дар Филармонияи давлатии Тољикистон идома бахшид. Дарк намуд, ки бидуни театр њастиаш њељ аст. Аз ифтитоњи театри лўхтак огањ шуду соли 1985 тариќи озмун њунарманди ин даргоњ гашт. Рўз пушти парда, лўхтак ба даст њунарнамої мекарду бегоњ сўи бистари модари бемор мешитофт. Яккадухтар то вопасин нафас пањлуи модар буд.
Лўхтакбозї њунари на њар кас…
Аз он замон то имрўз Зебунисо дар тамоми намоишњои театр њунарнамої карда, беш аз 150 наќш офаридааст. Бо шумораи ками њунармандон њар кадоме дар як намоиш чанд наќш бозидаанд. Дар бузургтарин намоиш, ки њудуди 63 лўхтак ба кор бурда шуд, 12 њунарманд 5 - 6-тої наќши лўхтакњоро бозидаанд. Сония ба сония иваз намудани лўхтакњо, вориди образи њар кадоме шудан амалест на сањл.
Аќидаи роиље дар зарфияти зењнњо мањкам љой гирифта, ки театри лўхтак танњо барои хурдсолон асту лўъбатаконро ба њаракат даровардан њунари њар кас. Аммо дар пасманзари чодархаёл лўхтакњои аз 2 то 6 - килограммиро рўи даст бардоштану ба онњо њаракат, имову ишора ва садои мутобиќ додан, корест басо пурзањмат, ки сабру тањаммули зиёд мехоњад. Аз забони ќањрамонон бо садои зинда суруду таронахонї кардан, арѓушт рафтан, ба ду забон – тољикиву русї дар намоишњо њарф задан, ба назари аввал, агарчи сањл намояд, тамринњои зиёд металабад.
- Ањли толор шояд андешанд, ки корбарї бо лўхтак дар театр кори сањл асту аз уњдааш кўдак њам мебарояд. Дар ин кор матонат ва истодагариву пуртоќатї зарур аст. Зеро лўхтакњои вазнинро наметавон аз 2–3 даќиќа зиёд рўи даст нигоњ дошт. Санъати театри лўхтак аз театри драма ба куллї фарќ дорад. Њунармандони зиёде аз театрњои драмавї ба кор омадаву зањмати театри лўхтакро тањаммул накарда, рафтанд. Ботинан ба ин кор омода мебояд буд, зеро лўхтак ќиёфасозї карда наметавонад. Чашм, дањон ва тамоми механизмњои онро ба кор даровардан лозим аст, то имову ишорањои он воќеї бароянд. Агар раќс дар намоиш љой дошта бошад, худи њунарманд бояд арѓуштро бевосита тамрин намояд, то њаракатњои онро ба лўхтак дода тавонад. Агар њунарманд ба ин навъи санъат, ба лўхтакњо муњаббат надошта бошад, бидуни сабру тањаммул фаъолияти ў бебарор меанљомад, - мегўяд Зебунисо Муродова.
Асрори лўхтакњо
Лўхтакњои театр, ки барои њар як намоиш сохта мешаванд, аз уњдаи иљрои механизмњои душвортарин низ мебароянд. Симу чўбчањои дохили он њар кадоме барои њаракати њар як узв пешбинї шудаанд. Бо кашидани симе ва ё расане њаракати чашмон, чўбчае – њаракати сар ва ба ин минвол дар алоњидагї дасту пойњои лўъбатак ба кор дароварда мешаванд. Ин бонуи њунар ба осонї њар як узви лўхтакро њаракат дода, аз нигоњи аввал муайян месозад, ки он зоча бо чї садо ва њаракатњо бояд рўи сањна ояд.
- Пешаварон аљаб дунёе доранд. Ба гоњи љавонї њунармандонро медидем, ки роњравон зери лаб ѓур-ѓур ва имову ишорањо мекарданд. Бароямон ѓайриодї ва њатто аз аќл берун менамуд. Баъдњо ман низ, ки аз њама мушкилтар рўи сањна ханда кардан буд, дар хона худ ба худ хандаро тамрин мекардам, бо касе љангу љадал доир менамудам.
Духтаронам њайрон ва баъдан бо изтироб аз њолам пурсон мешуданд. Саркоргардони ботаљрибаи театр он айём Зафар Љаводов мегуфт, ки њар узви хешро бояд ба хубї аз худ намоед. Мисли лўхтаки марионетка, ки њар як узви он бо риштањо пайванд буда, бо љунбиши яке аз он узве ба кор медарояд, њунарманд низ бояд риштањои њар узви хешро тавонад ба љунбиш орад. Агар дар сањна гиря ба кор ояд, ман на ѓаму андуњи хешро, балки узви ба он љавобгарро ба кор медарорам ва бе мушкилї мегирям ва ё механдам, - иброз медорад бонуи њунарманд.
Парда
Боиси нигаронист, ки солњои охир барои театри лўхтак драманависон пйесањои хубу љолиб эљод намекунанд. Ин камбуд барои фаъолияти пурсамари театр мушкилї меорад. Солњои зиёд марњум Шамсї Ќиёмов, ки аз тамоми нозукињои театр воќиф буданд, њамкории зичро ба роњ монда, пйесањо менавиштанд ва коргардонї њам мекарданд.
Алњол роњбари Театри давлатии љумњуриявии лўхтак, Њунарпешаи шоистаи Тољикистон Иззатулло Сафаров ва њатто њунармандони он худ пйеса менависанд ва хушбахтона, муваффаќ њам мегарданд. Ин аст, ки театри мазкур дар фестивали байналмилалї аз рўи намоиши «Гунањкор кист?» (муаллиф Л. Кожевников, коргардон И. Сафаров) соли 2019 дар Туркманистон соњиби Шоњљоиза гашт.
- Театри лўхтак бо жанр ва хусусиятњо, бо розњои нуњуфтааш аз дигар театрњо фарќ дорад. Он на танњо барои кўдакон аст. Дар ќисмате аз театрњои лўхтаки мамолики хориљ барои калонсолон низ намоишњо мегузоранд. Намоишномањои «Шоњзодаи хурд» (коргардон Юлия Москалевич) ва «Гунањкор кист?»-ро барои тамошогарони калонсол пешнињод намудем. Хурду бузургро даъват кардем. Баъди намоиш калонсолон болидарўњ изњори ќаноатмандї намуданд, ки дар баробари хурдсолон роњат бурдаанд.
Рўзњои истироњат дар театри лўхтак хазинаи озод амал менамояд, ки тамоми сокинон ва мењмонони пойтахт метавонанд ин рўзњои фориѓро бањри ѓанї гардондани дунёи маънавии ањли хонавода масраф созанд, - афзуд дар фарљоми суњбат Њунарпешаи шоистаи Тољикистон Зебунисо Муродова.
С. шарифї