Рўзи Модар
Овони бачагиро давраи тиллої унвон медињанд. Вале њар кас ин давраро њар хел сипарї менамояд. Бо њама нишот ман ин овонро ба њич ваљњ тиллої намењисобам…
Бузургтаѓоям Нурхон – раисро аз музофоти Кангурт ба сифати мудири маѓоза ба ноњияи Данѓара фиристоданд. Раис ва њамсараш зиндагии хуш доштанд, аммо чандин сол танњо ба сар мебурданд. Дар нишасти хайрбодї бо ањли авлод раис эълон дошт, ки Мустафо ва Њољимоњ (волидони банда) - ро бо худ мебарад. Падарам писари амакашон буду модарам хоњарашон (аз дигар модарашон). Нафаре њадди не гуфтан надошт. Вай њоло њам ба ањли авлод вилоят дошт. Нурхон - раис њам ба сол ва њам ба мартаба бузург буд. Эшон чун дид, ки њама дам фурў бастаанд, афзуд: «Дар байни мардуми бегона, тани танњо, бо ҳамсари љавон чї хел зиндагї мекунам. Онњо њамроњ мераванд».
Њамин сон, моњи июли соли 1957 мани 39 - рўза дар баѓали гарми очаљонам, аз зодгоњ – рустои Чашмаи Чўљаи собиќ ноњияи Кангурт ба дењаи Нурбахш-и ноњияи Данѓара кўч бастем. Безобитагии таѓоямро баъди сари аќл омадан дарк намудам. Янгаам, бонуи миёнаќади резапайкару сабзина ва ширинрўе буд, ки бо як табассуми зебояш рашки оламро меовард.
Аммо модарљонам бамаротиб хушрў буд. Дар авлоди мо тўли 50 - 60 соли ахир мисли ў парирухи дигар ба дунё наомада. Њол он ки шумораи ин авлод баѓоят зиёд ва теъдоди хубрўёнаш низ, шукрона, кам нестанд, аммо он њама ба пояи очаљонам намерасанд. На ба хушрўї, на ба назокату фаросат. Модарам зани миёнаќади оњусифат, сафеди сафед, хушхулќу ботамиз, боњаёву боиффат буд. Боз чї сон тавсифаш созам, ки ба серї надидамаш…
Њамагї нуњ сол доштам, ки моми зебову паричењраам аз дори дунё гузашт. Хонаи ободу сермењмон, њавлии васеву дуошёнаи гилини ќутбнамои дења ба ќавле дар ду рўз ба харобазор табдил ёфт.
Аз модари пурармонам њатто ягон акси хурдакаки шикаставу рангкоста њам ба ёдгор намонд. То њанўз симои зебояшро дар хоб мебинам. Тамоми умр, дар рању рў, рустову барзан, дар симои бонувони зебо акси рухи модарљонамро мељўям. Њар бори бо бонуи хушрўе вар хўрдан фикрона натиља мегирам, ќиёс мекунам, на, модари ман аз инњо хушрўтару зеботар буд, мисли парї…
Гаштаву баргашта, њар замон, њар лањза бо дидани бонуи ширинрўе дасту по мехўрам, ёди модар мекунам. Мехоњам, лањзаяке пеши рўям чењраи зебояш падид ояд. Аммо…
Аз он рўзгорон бо модар се - чор лањзае дар хотирам наќш баста, ки чандеро рўи авроќ меорам.
ЛАЊЗАИ ЯКУМ. Ба маѓоза пуфак оварданд. Он давру замон ин бозича тухми анќоро мемонд. Бачањо рўи сарак пуфакбозї мекарданду ман бо њавас ба онњо менигаристам. Падар дар сањрову модар дар мактаб. Аљиб он ки пуфакро дар маѓоза на бо пул (сўм), балки бо тухми мурѓ иваз мекарданд. Тањќиќ бурдам. Танњо онро дар як љо, дар тањи пои мурѓи хона, дањ - дувоздањ тухмро модарам барои чўљабарорї мойнї монда буд, метавон дарёфт. Он мурѓ байни боми алавхонаву мењмонхона, таги нигас мехобид. Хонаро холї дарёфта, рафтам болои боми пастак. Фурсате бо мурѓ чашмбарак кардем, ў ба ман менигаристу ман ба ў. Ахир сари зону чунгак нишастам ва аз зери каши мурѓ ду дона тухмро рабудам. Рустоињо хуб медонанд, ки аз зери пойи мурѓи курк гирифтани тухм ин ба љанги тан ба тан баробар аст. Аљабо, мурѓ ба рафтори ман монеъ нагашт, њатто нахўсид, кут назад.
Сўи маѓоза шитофтам. Пуфак тамом шуда будааст, дуд аз димоѓам баромад. Дукондор бо найранг тухмњоямро гирифта, бар ивазаш ду ќуттича рўѓанак дод. Бо лабу лунљи овезон, мањзуну ѓамгин бадар рафтам. Бубинам, ки модарам аз сўи мактаб меояд. Истодам, модарам пурсид: «Умарљон, дар ин љо чї мекобї?». Иќрор шудам ва ќуттињои рўѓанакро оњиста болои кафаш нињодам. Чизе нагуфт, гўё њодисае рух надода бошад. Дасти росташро ба китфам монд ва бари дар бар оњиста - оњиста сўи хона рањакї шудем. Зери чашм ба чењраи модар менигаристам. Лабонаш моили табассум. Ончунон ширин, баѓоят хушрў буд модарам, ки ба дилам аз чењрааш нур меборид. Чизе намегуфт, кинояе њам намезад. Њайрон мондам, наход чизаке нагўяд, танбењ надињад, гўшмолеро лоиќ набошам. Баръакс, модарљонам бо як љањон мењр маро ба худаш љафс кард. Њар ду баробар роњ мепаймудем, хапу хомўш. Ман ба назар бари модар парвоз доштам. На он шому сањар, на рўзи дигару рўзњои баъдина аз ин боб модарљонам бори маломат бар сарам нарехт. Ба падарам низ аз ин боб дандон сафед накард.
То ба имрўз дар њайратам. Аљаб рафтори наљибона. Ба худ меандешидам, чунин модари љонамро аз куљо меёбї. Њар бори ба ёд овардани он лањза ба шеваи рафтори модарам ќоил мемонам. Худро таскин мебахшам, охир ман њам бачаи ганда набудам. Чи њам мегуфтед, бачањаки сазовори очаљони мењрубону ѓамхор, хушќаду хушрўњаке будам. Аъло мехондам, талабаи намунаи мактаб…
ЛАЊЗАИ ДУВУМ. Соли охири њаёт, айни гармо модарам нотоб гашта, чанд муддат дар беморхона хобид. Дар масофаи 10 - 12 километр аз хонаамон. Рўзе љўраи таѓоиам раиси хољагї, амаки Мусулмон гуфт: «Омода бошед, модаратро хабаргирї меравем». Падар, ман ва додари њафтсолаам ба аёдати модар рафтем, дар мошини ГАЗ – 69 - и раис.
Модараки париваши хешро дидаму давидам ва сахт ба оѓўш гирифтам, бўидаму бўсидамаш. Модар низ аз дидори љигарбандонаш шодмона гашт. Ќатрањои ашк бари рўяш ѓел хўрданд…
Об пурсидам. Модарљонам дар чойники хурдакак, ки дар бараш расми хўшаи ангур дошт, обам дод. Аз љулики чойник об менўшидаму ба чењраи нурбори модар менигаристам. Бонуи зебову њайратангез, ки мислашро надидаам. Ана њамон симои зебо дар лавњи хотирам наќш баста. Рўбарўям парирухе ду дидаашро аз ман намеканд. Шояд меандешид, баъди сари ў ањволи мо чї мешуда бошад…
ЛАЊЗАИ САВУМ. Моњи марти соли 1966 саломатии модарљонам вазнин шуд. Бародари бузургаш, таѓоии дўстдорам Мањмадшариф, хоњари афгорашро ба хонааш, ба дењаи Найистони Кангурт бурд. Њама аз пушташ рафтем, падар, ман, ду додаракам – яке њафтсолаву дигаре навзод…
Як рўз ќабл аз вафоташон, модарам аз завҷаи бародарам дархост менамояд, ки писаронамро биёред, то бубинамшон. Додарамро бурданду ман нарафтам. Намедонам барои чї…
Субњ доду афѓони њашт тан аз бародарони модарам ба ќавле замину осмонро ба ларза овард. Ду шабу ду рўз борон меборид. Бо оѓози шевани пайвандон борон бас кард, аммо дарёи Тоњир њамоно чун раъд мехурўшид. Борони сел рўдро дамонда буд. Аммо садои шевани бародарон ѓурриши нањр, садои раъдосояшро пахш мекард. Садои баланду љигарсўзи Нурхон – раис «љигарам, во љигарам…» аз ѓулѓулаи рўд баландтар садо медод. Дар ќудратат бимирем, Парвардигор, мегуфтанд одамон, чунин садо, чунин ноларо то ин дам нашнида будем…
Банди дилам меларзид. Дарё њамоно мехурўшиду меѓурид. Аз он бим доштам, ки њолї ё замони дигар нањри хурўшон хонаву дари таѓоямро, ки дар лаваки дарё ќарор дошт, ба коми аждаросои хеш фурў мебарад…
Модарам моро тарк гуфт. Мо, се додаракони њанўз хурдакаку ноболиѓ, зору низор мондем. Додараки навзодам ду моњ пас аз олам гузашт. Ѓам дар хонаи мо њукм меронд. Боварам намеомад, ки модарљони азизам дар бари мо нест. Рањашро мепоидам, њам рўзу њам шаб, моњњову солњои дароз. Љавонмарди баору номуси авлод, таѓоям Алихон хоњарзодањояшро аз Кангурт ба хонааш, ба дењаи Алиљони ноњияи Данѓара оварда, дари мењмонхонаашро ба рўямон боз кард.
Аз синфи панљумї маро падарам ба мактаб - интернати №1 шањраки Данѓара супурд. Ба хотири мо ва ё модарам, ки падар 12 сол хонадор нашуданд.
Аќидаест, ки аќли мард дар чилсолагї медарояд, аммо ман дар 14 -15 - солагї ба назарам солор, бармањал пухтаву боаќл шуда будам. Сар аз синфи њафтумї, аз Яздони пок илтиљо мекардам, ки падарам бемор нашавад, дар рању рў, бе мо бе соњиб намонад.
Ба очадорњо њавасам меояд. Њини мактабхонї ба бонуи ширинрў, сарпешоњанги интернат Муродгули хушсурату хушхулќ, янгаи Ќурбоной, холаи Хуросон ва ба њамсари муаллим Шер Манон ба њавас менигаристам. Акси њунарпешаи дўстдоштаам Тамара Кокова* (Њунарпешаи шоистаи РСФСР, 1971) - ро бошад, чун симои модари ѓўрамаргам аз солњои 80 - ум њамроњ дорам. Аљаб занњои нуронї. Бо дидани онњо, бо њамин шева ором мешудам, худро таскин мебахшидам, балки хумори беочагиро мешикастам.
Инак як умр аст, ки бемодарам, вале њоло њам ба умедам. Ба атроф синчакорона дида медўзам. Кадоме аз духтарон, занони хушлиќо шабењи модарљонам аст. Дар рухи бонувони хушрў симои модари азизу армониямро мељўям.
Аз њама зиёд ба серї надидани дидори модар маро андуњгин месозад. Саѓира мардум орзуњои бењудудеро дар кунљи ќалб мепарварад. Ман, аслан, саѓираи чашмсерам, ба касеву чизе кор надорам, бухлу кина намеварзам, парвои дунё њам надорам, кї чї мехўраду чї мепўшад, ба мошин меравад ва ё бо самолёт мепарад. Танњо як чизро таманно дорам, ки акси модарљонамро дарёбам. Боќї њич…
Умари ШЕРХОН
P.S. Тамара Кокова њунарпешаи театру кинои СССР. Ў аслан, дар филмњои «Тољикфилм» машњур гашта. Наќшњои Зумрад («Зумрад», 1962), Ќумрї («Хокистари сўзон», 1967), Розия («Рояли сафед», 1969) ва Норбибї («Духтари сеюм», 1971) - ро ба дараљаи олї ва муассир офарида.