Сайри наврӯзи Ишкошим
муколама бо муовини раиси ноњия Ашам Холдорзода
- Лутфан, бигўед, ки сокинони ноњия Наврўзро бо чї рангњое ва бо чї дастовезе истиќбол гирифтанд?
-Наврўз дар ноњияи Ишкошим бо номи Шогун байни мардум маъмул аст. Шогун, яъне шоњгон, маънои шоњи љашнњо, иди сари сол дошта, таљлили он ба расму оинњои бостонї сахт алоќаманд аст. Наврўз, пеш аз њама, иди кишоварзон ва њунармандон асту ин шуѓлњои асосии сокинон ба оинњои наврўзї таъсир гузоштаанд. Анъанањои наврўзии ноњия муштаракот ва хусусиятњои хоси худро доранд, ки рўзи љашн бо рангњои гуногун ба љилва меоянд.
Дар замони соњибистиќлолии кишвар дар ноњия зиёда аз 110 иншооти таъйиноти гуногун бо харљи беш аз 120 миллион сомонї бунёд гардида, марказ ва дењот симои ободу зебо гирифтанду насими наврўзї дар фазои сулњу субот ва созандагї вазон аст.
Наврўзи имсола љашни њунарњои мардумист. Давоми як моњ соњибкорону њунармандон дар марказ ва дењоти ноњия мањсулоти истењсолнамудаашонро барои намоиш ва фурўш пешкаш менамоянд.
Ављи ин намоишњо, ки аз љониби њакамон бањои баланд гирифт, ба ташаббуси сокинони дењањои Яхшвол, Муловољ ва Сумљини Љамоати дењоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков бо роњбарии бонуи њунарманд Асалбегим Зиракова рост омада, дар он њунармандони дењот сабадњои бо мањорати баланд бофта, муњра, љуроб, тоќї ва намудњои дигар мањсулоти дастї ва расми ќадимаи арўсбароронро ба намоиш гузоштанд.
Боиси хушнудист, ки дар доираи эълон шудани солњои 2019 – 2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї бо ибтикори Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њунарњои ќадима, аз љумла кулолї ва сабадбофї эњё гардида, бонуи сабадбоф Тўрамо Ќадамалиева бо мањсулоти зебо ва босифати офаридаи дастони моњираш дар фестивали «Њунар ва мўд - 2019», ки бо ширкати њунармандони панљ давлати ќораи Осиё дар Душанбе баргузор шуд, сазовори љоиза гардид.
Офаридањои нафисаи бонувони њунарманд дар љумњурї ва берун аз он њар чї бештар шуњрат пайдо мекунанд. Риштањои аз мўинаи бузњои кашмирї ва љемперу рўйбандњои аз он тайёршудаи бонувони минтаќаи Ѓорони ноњия дар Аврупову Амрико низ муштарї доранд.
Тоќии вахонї яке аз намунањои нодири нафиси гулдўзии тољик, ки дар матои сафед бо истифода аз риштањои рангаи пашмин ё абрешимин гулдўзї мешаванд, офаридаи тахайюли баланд ва нафиси дастони моњири бонувони њунарманд мањсуб меёбад.
Расми тоќии вахонї, њамчун яке аз рамзњои ифтихор аз санъати оламшумули миллати тољик дар асъори миллї (бист сомонї) маќом гирифтааст. Њунармандї барои бештар аз 200 бонуи чирадаст ба манбаи даромади мавсимї ва барои 71 нафар ба манбаи даромади доимї табдил ёфтааст.
- Аз вижагињои таљлили Наврўз дар дењаи Рин меафзудед?
- Њудуди њозираи маркази ноњия ва дењоти гирду атрофи онро, ки дењаи Рин калонтарин ва ќадимтаринашон мебошад, маъмулан Ишкошим мегуфтанду айни њол ноњия ин номро дорад. Вожаи Ишкошим маънои «ватани сакоињо» - ро дошта, яке аз ќадимтарин макони мардумони ориёитабор мањсуб мешавад. Иддае бар ин боваранд, ки дар ањди бостон Њошим ном марде ин макони зебо ва њосилхезро љойи зист интихоб намуда, онро обод мекунад ва вожаи Ишкошим, гўиё маънои ишќи Њошим ба ин диёру мардуми мењнатдўст ва озодаи онро дорад.
Омодагї ба Наврўз, ки онро аз рўи гуногунрангии њунар аз минтаќањои Вахон, Ишкошим ва Ѓорон иборат медонанд, як моњ пеш сар мешавад. Бонувон суманак мемонанд, мардон бошанд, заранг, ки дар талу пуштањо рўида, њамешасабз мебошад, љамъ меоранд. Заранг мисли арчаи њамешасабз рамзи дарозумрї, ободї, хуррамї ва зиндагии осуда буда, рўзи Наврўз таомро дар оташи он омода месозанд. Хокистарашро чун рамзи баракат ва фаровонии њосил ба замин мепошанд.
Дар марњилаи омодагї ба Наврўз хўроки барзаговњои кориро зиёд мекунанд, хуб парво намуда ба шудгори замин, ки кори сангин аст, омода месозанд. Рўзи Наврўз барзаговњоро ба њавлї дароварда, дар дањонашон нон, ки рамзи бахти сафед ва осудагии рўзгор аст, ба шохњояшон чун рамзи фаровонї равѓан мемоланду сари замин бароварда, ба умеди њосили пурбаракату фаровон нахустин љўякњоро мекашанд ва маросими љуфтбарорї мегузаронанд. Кишоварзон њамасола њосили баланди картошка ва ѓалладонагињо мегиранду онро самараи араќи љабин ва баракати пос доштани анъанањои аљдодї медонанд.
Хонатаконї ва ё дудазанї, тухмбарорї ва сар додани оби љўйбор аз маросимњои њатмии наврўзии сокинони ноњия мебошанд. Тухмпош бо даст ба њар як одам кафи тухм медињад ва марди хона ин тухмњоро аз равзан ба дарун мепартояду кадбону онњоро љамъ оварда, дар кўза мегузорад ва чун разми хайру баракати наврўзї донањо то хирманкўбї нигоњ дошта мешаванд ва ба њосили нав њамроњ мешаванд.
Рўзи Наврўз одамони калонсол аз шохчањои бед чўбдаст ва ё шогунбанд гирифта, бо ќайчї онро гулкорї мекунанду пас аз анљоми маросими хонатаконї бо ин шогунбандњо аввал бачањо бо муборакбодии наврўзї ба хона медароянд. Аз чўбдастњо барои беле, ки бо он дењќонї мекунанд, даста месозанд. Мўйсафедон барои худ аз он асо мегиранд ва боќимондаи онро бо даст шикаста, бо алови он ширбиринљ, ширбат, кочї, гандумбирён ва дигар таомњои наврўзї омода сохта, сари замин мебаранд.
Зан дар Наврўзи Ишкошим маќоми мењварї дорад. Њар бону кўшиш мекунад, ки бо дастони худ армуѓони наврўзї тайёр намояд. Дастархони наврўзї хоксорона, вале серѓизо аз мањсулоти мањаллї ороста мешавад. Кўњистон сароби рўдњои кишвар буда, мардум обро муќаддас медонанд ва рўзи Наврўз маросими обрасонї ба хона анљом дода мешавад.
- Аз рўи маълумоти ширкати экофарњангии «Помир» бештари сайёњоне, ки ба минтаќа меоянд, ба ноњияњои Ишкошим ва Мурѓоб сафар мекунанд. Чаро?
- Ишкошим бо табиати пурасрор, кўњи лаъл ва дигар сарватњои беназири табиї, чашмањои гарму дармонбахш ва обњои минералї, ёдгорињои бостонї ва мардуми бофарњангу соњибњунар сайёњони њар чї бештарро љалб месозад.
Дар њудуди ноњия баробари ёдгорињои давраи ислом нишонањои тамаддуни ориёї ва буддої зиёданд. Њавасмандии сокинон ва маќомоти мањаллї ба њифозати баробари муќаддасоти њар се тамаддун чун рамзи анъанаи њамзистии осоиштаи фарњангњои гуногун боис шудааст, ки шањрвандони дину оини гуногун ва пажўњишгарони мамлакатњои мухталиф ба ин љо њар чї бештар меоянд. Ќариб дар њар дења мењмонсаройу ошхонањо ва нуќтањои дигар хизматрасонї фаъоланд.
Дижњои бостонї, ки дар ин ќитъаи Роњи бузурги абрешим љой гирифтаанд, тамошогаронро ба асрњои панљ ва њафт то солшумории милодї, ба ањди Кўшониён мебарад. Ин дижњо дар Роњи бузурги абрешим ба маќсади таъмини бехатарии њаёт ва њаракати корвониён эъмор ёфтанд. Дижњои калонтарин Ямчун ва Ќањќања буда, ба мероси фарњангии љањонї дохил гардидаанд.
Боѓ ва њудуди дохили дижњо ба љойи баргузории љамъомадњои фарњангї ва фестивалњо табдил ёфта, њамасола алоќамандони зиёдеро аз дохил ва хориљи кишвар гирд меорад.
Дар Роњи абрешим дижњое дучор меоянд, ки номи бонувони шуљоро гирифтаанд. Ќалъаи Кабудсор ба номи чунин як бонуи ботадбиру хирадманд гузошта шудааст. Дар рўбарўи ќалъаи Ямчун дижи Зулхумор мављуд аст. Ба Абрешимќалъа бошад, маликаи зирак ва боадлу инсоф роњбарї менамудааст, ки бо муносибати худ тавонистааст, тољирони зиёдро бо истифода аз ин масир љалб созад.
Тибќи маълумоти расмї соли гузашта ќариб 6 њазор сайёњ аз ќаламрави Ишкошим дидан кардааст. Боиси хушнудист, ки шањрвандони кишвар њар чи бештар ба манзури сайру табобат ба ноњия меоянд…
Ш. Мирзољалол,
ноњияи Ишкошим