Наврўз яке аз ќадимтарин ҷашнҳост. Дар баробари анъанаву суннатҳои қадимии халќї чун суманакпазӣ, бузкашї, буљулбозї, пойга, гӯштингирӣ, тухмзанак, арѓамчинбозї, инчунин, бонувон ба ороиши дастархони идона низ ањамияти махсус медиҳанд. Хони ҳафтсину ҳафтшин фароҳам меоранд.
|
7 Син Яке аз анъанањои наврўзї оростани хони 7 син мебошад. Њафт син, ин њафт номгўи хўрокњоест, ки саршавии онњо бо њарфи – С (син) аст: Сир; Себ; Сабзї; Санљид; Сирко; Суманак; Сипанд Дар Тољикистон ба љои баъзе аз онњо «санбўса», «сирпиёз», «салла» низ мегузоранд. |
Дар рўи хони Наврўз рамзи бањори дунё, Ё њафтсин бибояд ё њафт навдаи он. То боѓи њафт иќлим рўи хазон набинад, То боѓи умр бошад, то љовидон гулафшон!
|
7 Шин 7 шин, он номгўи анвои хӯрданиҳост, ки ҳарфи аввалашон бо Ш (шин) оѓоз меёбад: Шакар; Шона; Шамъ; Шинї; Шарбат; Ширбиринљ; Шир Ба љойи бархе аз ин номгӯ «шалѓам», «шафтолу» ва «шавла» низ гузошта мешавад. |