«Суруду мусиқӣ ҳамнафаси
ман аст»
Моњрухсори хурдсол низ бо навои афсункори табиати зодгоњаш, дењаи Яхчи ноњияи Нуробод, аз кўдакї ошност ва аз ин гўшаи зебоманзари кўњистон, ки ќариб њар хонаводаи он ромишгар ё сарояндае дошт, зиёд илњом гирифтааст. Агарчи кўчак буд, ёд дорад, ки падар думбра менавохту суруд њам мехонд. Ин садои мањбубу марѓуб шараре дар вуљудаш љой дод. Он овон аз таъсири муњит њунармандони мањаллї аз намоиши ќобилияту истеъдоди худ худдорї мекарданд. Танњо, агар љашне баргузор мешуд, аз худ дарак медоданд.
- Ёд дорам, синфи як ё ду мехондам, њини омад - омади арўсу домод мўйсафеде дафи безанљира дар даст ончунон баланд месуруд, ки хаёлам садояш тамоми дењаро фаро мегирифт. Он айём дастгоњњои барќї ва микрофон набуд. То њол садои он пирамард дар гўшам садо медињад. Рўи сањнаи њунар шудани духтаре аз ин минтаќа осон њам набуд. Аммо падарам алораѓми њама дуои нек дод, то ба сањнаи њунар пой нињам. Лањни ширини таронахонии кампиракону мўйсафедони дења дар ёдам сахт наќш баста буд. Ин таронањоро дар тањияи нав сабт карда, рўи сањна намоиш њам додаам, - мегўяд Моњрухсор Сафиева, Њунарпешаи шоистаи Тољикистон.
Ин бонуи њунар беш аз 40 сол аст, ки рўи сањна дар даст дутор бо садои љаззобу марѓуладор сурудњои мардумї месарояду ба дилњо шўру шавќ меангезад. Дањ нафар фарзанди падар соњибкасбу соњибэњтиром. Њунарманд, шоир, табиб, агроном, омўзгор, таърихшинос ва ѓайра аст. Ќисми зиёди матни таронањояш аз ашъори хоњари бузургаш – Шоири халќии Тољикистон Гулрухсор Сафиева мебошад.
- Шояд таъсири бону Гулрухсор буд, ки то имрўз ба хатохонї ва интихоби матнњои сабук роњ надодаам. Пеш аз тавлиди суруд, гаштаву баргашта оњанг мељўяму шакли дурусти онро пайдо менамоям, - мегўяд бону Моњрухсор.
Бо ин њама шинохтагї ѓарќаи шуњрату сарват нагаштааст, агарчи бо њунармандони маъруфи кишвар, ки онњоро сутуни санъат меноманд, пањлу ба пањлу зањмат кашиду обутоб ёфт. Бо садои зинда суруданаш чун акси садои кўњњои диёраш, њамсони селу барфу тагаргњо ќавист. Куњансолони навоњии гуногун ба ў сим мезананду паёми сипос мерасонанд, ки таронањои куњани мардумиро њифз ва эњё менамояд ва эшонро ба овони љавонї мепайвандад.
Шурўъ аз соли 1970 пироњану абзорњои миллие, ки дар сањнањо ба бар кардааст, дар хазинаи хеш нигоњ медорад. Дар пўшидани либос то кунун мекўшад, ки он такрори касе набошад.
- Ваќте ки Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон намуданд, хурсандиамро њадду канор набуд. Хаёл кардам, ки ин соли ман аст. Бонувони водии Рашт кўрпаву кўрпачањои ќуроќ, ки онро «ќарама» њам ном мебарем, зиёд медўхтанд. Рўзе ба нусхањои он зењн мондам, аз он пироњану тоќї дўзондаму рўи сањна баромадам. Таќрибан 10–15 сол пеш буд ва сару садоњое ки нашуд. Баъдан аз атлас куртаи ќуроќи дигаре тањия кардам. Мутаассифона, бо чунин пироњан рўи сањна омаданро манъ намуданд. Ваќте ба хона бурда, онро овезон кардам, ба худ гуфтам, ки наход ин њунари зебо аз байн равад? Хушбахтона, бо ташаббуси неки Сарвари давлат ин дарњамбарњамињо пушти сар шуданд. Бонувон низ хушњоланд, ки њунарњои фаромўшшудаи худро имрўзњо эњё менамоянд, - иброз дошт бону Моњрухсор.
Дўхти тоќињои занонаи дењаи Яхч аз дигар тоќињои дењоти атроф фарќ дорад. Хушбахтона, чанд нусхаи онро дар даст дорад. Модараш низ кокулњои муњрагии хеле олї ва гулдўзиву тоќињои зебову шинам тањия менамуд, ки мислаш хеле кам буд. Њар чизе, ки аз њунарњои дастии мардуми тољик аст, дар хона љамъоварї намуда, ният дорад, ки осорхонае созмон дињад.
- Ба он назарам, ки нафари хайрхоње пайдо гардаду барои таъсиси ин осорхона ба ман ёрї расонад. Ният дорам, ки тамоми наќшњои водии Раштро љамъ овараму бо сертификат тасдиќ созам, ки ин наќшњо моли ин гўшаи кўњистони диёр аст, - мегўяд ин бону.
Мардуми одї ба ў эътимод доранд. Модари солхўрдае аз ноњияи Ховалинг, ки чор духтар дошт, чодари гулдўзиашро, ки дар љашни арўсї шабу рўз сўзан задаву мењру ормонњои худро дар наќшњои он гузоштааст, ба Моњрухсор супурд, то онро њифз намояд. Модари дигаре аз Файзобод, ки рўи матои сатинавлони сурхи мањаллї гулдўзии нињоят зеборо бо нахњои абрешимї дўхта буд, ба ў туњфа кард. Куртаи чакани 70 – сола аз ноњияи Љайњун, чакан бо наќши мардуми Њоит ва дигар минтаќањо хазинаи хонаводагии ўро ѓанї гардондаанд.
- Солњои пеш бонувони тољик рўймолњои шањтутї, гули олуча ва ѓиљим ба сар доштанд, модарам, ки дар синни 82 аз олам гузашт, рўймоли фарангии арўсии худро, ки бо он ба остони хонаи падарам по нињода буд, ба ман туњфа кард.
Имрўз духтарчаам Мењрубон, ки солисти ансамбли раќсии «Гулрез» аст, њамон рўймолро ба сар карда, бо куртаи 110-солаи як аммаам, ки аз сатини тозаи сурх дўхта шудааст, раќси зебои тољикона иљро намудааст. Нафаре гуфт, ки њама чизро модар ба ту додааст. Гуфтам, ки модарон ба њама чизе аз худ ба мерос мондаанд, аммо бисёрињо натавонистанд онњоро њифз намоянд. Гўшвори ќафасї, гарданбанди нуќраи модарамро солњои зиёд мањфуз доштам. Рўзе модари солхўрдаам ба Душанбе омад. Онњоро нишонаш додам, ки сахт гиристу ба рўяш молид ва бўсид. Гуфтам, ки чаро мегирйї? Гуфт, инњо моли арўсии модарам буданд. Наќши дасти модари садсолае, агар дар матое монда бошад, онро нигоњ доштан бароям шараф ва хушбахтист, - мегўяд бонуи њунар.
Бону Моњрухсор созњои думбра, дутор, њамчунин даф ва фортепианоро хеле хуб менавозад. Алњол ба њайси дотсент дар факултаи санъати мусиќии тољики Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз бахши фалак ва думбра дарс мегўяд. Пайи љустуљў ва эљоди асарњои нави фолклорию суннатии мардумї буда, бо радиову телевизиони кишвар њамкории зич дорад.
- Аз сарояндаи мумтоз Ќумрї Ќодирова зиёд илњом мегирифтам. Пеш аз даргузашт, маро суроѓ кард. Ба аёдат рафтам, гиристу гуфт, њар боре туро аз телевизион мебинам, љавонии худро ба ёд меорам. Хоњиш намуд, ки ду - се суруди ўро суруда, сабт намоям. Агарчи дилам намешуд, як сурудашро бо номи ««Ба сўи кулбаам, ай нозанин, дўш омадї рафтї» иљро намудам ва дўстдоштатарин сурудам њам њамин шуд. Мекўшам, мисли чунин устодон то вопасин нафас дар хизмати халќу Ватан бошам. Зеро суруду мусиќї њам нафаси ман, њам љони ман аст, - афзуд њунарманди мањбуб Моњрухсор Сафиева.
Ситора АШЎРОВА