Дарвешона
ё Наврўзи Кўлоб сад сол муќаддам
Бо њамин унвон то солњои 60 -70 – уми асри ХХ Наврўзро дар минтаќаи Кўлоб љашн мегирифтанд. Дар дањаи ид бо пайдо шудани сияњгўш, маросими «Гулгардонї» оѓоз мешуд. Нахуст бачањо ин расмро бо байтњои «Гули сияњгўш њафтрангай, Хўроки кавги дилтангай…», адо мекарданд. Дар миён мисраъњое буданд, ки таманнои бачањоро љилва медод, мисли «Гули сияњгўши пешгардон, табаќ пур куну даст гардон». Соњибони хона аз муждаи бањор шодиёна, њар чи аз бисот доштанд, ба онњо армуѓон медоданд. Манзури маросим аз такудави бобои дењќон буд, ки дар шеър таъкид мешуд: «Гул овардем аз ў поён, хабар кардем бобой дењќон, Бте ѓалла ба гулгардон, бањори нав муборак бод!» Аз рўйи наќли шоњидон, ин расм бо дойра ва дутор орову зеб меёфт.
Хонадорон гулро гирифта, бўй кашида, бўсида, ба дидаю абрў молида дуо мекарданд, ки моњи наву соли нав хубу осудаву арзонї биёяд. Гулгардонњо љамъ аз кардаашон ѓизо мепухтанд ва базм меоростанд.
Базми шодї дар дањаи ид ё рўзи љашн баргузор мешуд. Шоњид будем, ки њар буна мувофиќи ќудраташ чизе медод ва ё базмгоњ меовард. Занону мардон бо њунари худ ва озину оро додани майдон њисса мегузоштанд. Бачањо ба бозињои наврўзї машѓул мешуданд. Њамин базмро аз тарси сиёсати даврон дарвешона меномиданд. Дарвешонањо дар подомани теппањо ва мавзеъњои хушманзара баргузор мегардиданд. То дарвешона занон деворњоро сафед мекарданду гул меандохтанд. Анљоми хонаро мешустанду метакиданд ва сарупои нав омода мекарданд.
Дар бораи Наврўзи замони нав зиёд навиштанд, ки аз такрораш худдорї мекунем. Акнун сад сол ба ќафо мегардем. Оё Наврўз, ки доираи муќобилон дорад, дар ањди амирони Бухоро, дар минтаќањои кўњистон љашн гирифта мешуд? Њол он, ки Аморати Бухоро давлати исломї буд.
Аз рўи маълумоти таърихнигорон, сайёњони хориљию ватанї дар асри ХIХ дар Аморати Бухоро љашни бошукўњ дар шаҳри Бухоро ва дар Бухорои Шарќї дар шањри Кўлоб баргузор мешуд. Дар Кўлоб тантана ду њафта бо номи «Сайл» ё «Сайли Наврўз» идома мекард ва бошукўњтаринаш дар Тамошотеппа мегузашт,ки дар љанубу ѓарбии шањр мавќеъ дошт.
Рўзи «Сайл» - ро бек дар яке аз рўзњои љумъа муќаррар мекард. Хабари сайл ба василаи номањои расмї пањн ва ба амлокдорон дар бораи омодагї амр мешуд. Амалдорон вазифадор буданд, ки мардумро ба воситаи пайкњо огоњ намоянд. Ќосидону пайкњо дења ба дења мегаштанд ва рўзњои бозор, бино ба маводи Н.Нурљонов, бо чунин мазмун хабар медоданд: «Њой, бародаро, фалон рўз сайли подшоњї дар Кўлоб мешава. Хоњиш њаст, ки њар касе, ки ѓиљакї боша, танбўрчї, думбрачї, байдгў, пањлавон боша, касе асп дора, човандозай, масхарабоз боша, ба сайли подшоњї биёя…»
Дар маркази љашнвора љойи хосса, дуконњо барои косибон, њунармандон ва ѓизосозон бунёд мекарданд. Њар кадоме љойи меросї дошт, ки аз гузаштагонашон монда буд. Ин тоифањо низ хабар мешуданд. Пайк огоњ мекард: «Эй, баззоз бошед, савдогар бошед, кафшфурўш бошед, ќассоб бошед… ба Тамошотеппа баромада дукон кунед!»
Ба сайл мардуми Ќаротегин, Дарвоз, Афѓонистон, Муъминобод, Дашти Љум, Фархор, Сари Хосор, Балљувон, Ќўќанд барои тамошо ва намоиши њунари худ меомаданд. Дар миёнашон пањлавонон, саворон, њунармандон, тољирон, сарояндагон, ровиён, арѓуштиён, масхарабозон, соњирону чашмбандон ва матбахиён бештар буданд. Онњо дар хонањои ањли табор ва дўстон ва корвонсаройњо љой мегирифтанд. Амалдорону сарватмандон хиргоњ мезаданд.
Растаи дуконњо бо низом амал мекард ва тартиб аз тарафи масъулон назорат мешуд. Растаи ѓизофурўшон ва мањсулот аз дуконњои матоъфурўшон ва косибон људо буд.
Яќин аст, ки дар рўзњои љашн савдо бобарор мешуд. Аз рўйи муќаррарот сарояндагону навозандањо, дорбозону чашмбандон, сарояндагону арѓуштиён дар њамин растањо њунарнамої мекарданд.
Дар майдони гўштингирї найнавозон, сурнайнавозон ва таблнавозон дар оѓоз маъракаро шукўњ мебахшиданд. Гўштингирї миёни Тамошотеппа ва теппаи Хоља Ѓоиб мегузашт, ки бо љамъ шудани тамошобинон амфитеатрро мемонд. Маросими гўштингирї аз навхатону љавонон оѓоз мешуд. Баъд пањлавонони миёна ва сипас номдорон (зўрон ё пањлавонони калон) ба майдон меомаданд. Барои пањлавонони номдор «табаќ» менињоданд. Касе табаќро мегирифт, ба майдон мебаромад.
Базм як њафта, шабона њам атрофи гулхан бо ширкати раќќосону сарояндагон идома мекард. Туњфањо аз гўспанд то аспу шутур ва хилъатњои хосса ба «пањлавонони калон» пешбинї мешуданд.
Тартибу низом аз љониби 400 сарбози бек назорат мешуд. Ќисми аз онњо бекро њамроњї мекарданд, ки дар миёншон 20 наѓмачї-дастаи њунарии дарбор, аз љумла 3 навозандаи табл, се наѓорачї, 4 сурнайнавоз, 6–7 трумнавоз (шайпуре, ки аз Россия оварда буданд), 3 тоснавоз фарќ дошт.
Сабќати пойгаи пиёда ва савора љолибу диданї, вале аз њама намоиш бошукўњу хотирмон маъракаи гўштингирї ба шумор мерафт. Мардум то Наврўзи дигар ё љашни њосил дар мавсими тирамоњ аз ин хусус ќисса мекарданд.
Дар баробари он таваљљуњи асосї ба мутрибон ва сарояндагон, ки базмро обод мекарданд, бештар буд. Онхо сайлро зебу зинат бахшида, аз љониби тамошобинон, сарватмандон, амалдорон њадия ва аз бек хилъату љелак туњфа мегирифтанд.
Занон низ ба гурўњњо: духтарон, наварўсон ва занони хонавудардор мувофиќи сол гурўњ- гурўњ таќсим мешуданд. Либосњои идона ба бар карда, мўйњоро чилкокул, дубофу себоф мекарданду ба базмгоњ њозир мешуданд. Шуѓли асосии њамаи занон њойравї (арғунчак) ва раќсу суруд бо дафу дойра буд.
Раќќосону дафзанон ва байтхонон аз њисоби занон зиёд буданд, ки базмро нур мебахшиданд. Тибќи маълумоти гирдовардаи Н. Нурљонов дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дастаи касбии раќќосон дар Балљувон вуљуд дошт. Муассиси он зани солдида ва чобук Одинамоњи Пањмдара (аз дењаи Пањмдара) буд, ки дар дењаи Калтачанор зиндагї мекард. Ин гурўњ аз панљ нафар иборат буд. Одинамоњ ва хоњараш доиразан ё дафовиёни моњир буданд. Дар баробарашон се љавонзан Гулбоѓимурод, Ќумрихон ва Ойимхон арѓуштї ё бозингар – фаъолият мекарданд. Онњо дар базмњои дењоти Балљувон ва Кўлоб ширкат варзида, шону шуњрати љашнњоро меафзуданд.
Њамин тавр метавон натиља гирифт, ки Наврўз љашнвораи табиї ва ахлоќию зебопарастї новобаста аз њукумати аќвоми бегона аз миён нарафт ва дар замони Истиќлолияти давлатии Тољикистон ба љашнвораи љањонї табдил ёфт.
Љонибек АСРОРИЁН.