Бе мактаб наметавонам
Кас баъзан бо як нигоњ чењраи нафареро чун дастгоњи аксбардор дар хотираи хеш сабт намуда, солњо баъди дубора дидан ба хотир меорад. Ё худ шахси ношиносеро дида, ба умќи андеша меравад, ки ўро куљое дидааст.
Бо тарњи нави пешнињоди мавод тасмим гирифтем, ки усули «Бо як нигоњ»-ро ба кор бурда, ќањрамони навбатии хешро ба як дидан интихоб намоем. Чаро ки гоњњо симои шахсе метавонад розкушои ботинe бошад. Бо ин ният, роњ гирифтем ба сўи мактабе, ки нахуст пеши роњи мо барояд. Бо иљозат вуруди муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 51 шањри Душанбе шудем. Расидан замон садои занги тафрењии мактаб садо дод. Фурсати муносиб барои дарёфти ќањрамон расид. Дар охири роњрави ќабати дувум дари синфхонаеро кушодем. Пичањои сафеди омўзгор аз зери рўймол намудор буданду чини пешонї гувоњи њол, ки ў шебу фарозњои зиёдеро бо тањаммул тай кардааст. Чењраи гарму ба як дидан ба дил наздик аз хоксору њалим буданаш гувоњ медод. Агарчи танаффус буд, шогирдон њамоно гирди муаллима њалќа зада, суолборонаш мекарданд. Маќсуди хешро баён доштем. Њайратзада ба мо нигарист ва табассум дар лабонаш шукуфт. Пешнињодро пазируфт.
Ошної
Нуринисо Афѓонова аст, шурўъ аз соли 2001 дар мактаби мазкур аз фанни физика дарс мегўяд. Хатмкардаи Донишкадаи педагогии шањри Кўлоб буда, айёми донишљўї ба њамсабаќаш хонадор шуда, ба ноњияи Панљ кўч мебандад. Фаъолияти кориаш аз соли 1981 дар ин ноњия оѓоз меёбад. Дар фурсати кўтоњ бо дониши хубу мањорати касбї миёни хонандагону омўзгорон соњибобрў мегардад. Њамакнун духтаракон мехостанд пешаи омўзгориро ихтиёр кунанд ва мисли муаллимаи дўстдорашон шаванд.
Физика фанни душвор нест
- Бисёрињо мепурсанд, ки чаро фанни физикаро, ки ин ќадар душвор аст, интихоб намудаам. Мегўям, ки ин фан хеле шавќовар аст, зеро дар олам тамоми чиз аз рўи ќонунњои физикї амал менамояд. Бо омўзиши амиќи ин фан ба бисёр суолњои худ метавон посух ёфт. Дар хона њам, агар андак ваќти фориѓ ёбам, њатман масъала њал менамоям.
Ваќте бо хонандагон масъалаеро њал карда, таљрибае мегузаронем, ба чењраи њайрону шукуфони онњо нигариста, хушњол мегардам. Љараёни дарс бояд барои хонанда хушоянд бошаду омўзгор аз кори хеш ќонеъ гардад, - мегўяд омўзгори ботаљриба.
Њар як фан ба ташаккули шахсияти мактаббача њамаљониба мусоидат менамояд. Математика - маликаи илм, ифодаи даќиќ ва мухтасари фикрро меомўзонад, забон ва адабиёт, баръакс, дарки њиссиёти љањонро таъмин месозад ва љуѓрофия имкон медињад, ки дар саросари љањон сайр намоед. Ва танњо физика љанбањои гуногуни маърифатро муттањид мекунад: ќобилияти бањс намудан, исбот кардан, санљидани донишро дар амал меомӯзонад. Аз ин рў, рафти дарсро ба завќи хонанда мутобиќ гардондан мувофиќи маќсад аст.
-Дар ваќти дарс мо аз усули салоњиятнок бештар истифода мекунем, ки бояд њама хонандагон фаъол бошанд. Аз ин рў, барои шавќовар гузаштани дарс кроссвордњоро аз фанни физика тайёр кардаем, ки њар хонанда бо шавќ мекўшад, зудтар онро пур намояду сазовори бањо гардад. Инчунин, тариќи суолу љавоб ањли синфро фаъол мегардонем, - иброз дошт муаллима.
Нигаронї
Аксар асбобњои аёнї корношоям бошанд њам, аз онњо фоида мебарем, ба бачањо машѓулият мегузаронем. Хонандагон тарзи истифода ва вазифањои онро дарк менамоянд.
-Ваќте хонанда дар синфхонаи лабораторї нишаста, таљрибаи рўшної ё шитоби афтиши озодро шахсан меозмояд, шавќу завќаш дањчанд меафзояд. Хушбахтона, хонандагони болаёќат дар олимпиадањои ноњиявию шањрї аз фанни физика ширкат варзида, сазовори љойњои намоён мегарданд. Аз љумла, Адолат Сайфиддинова, Майрами Салоњиддин, Сабрина Кабкова ва дигарон,- мегўяд Нуринисо Афѓонова.
Муаллима тайи 40 сол аст, ки аз пушти ин пеша нон мехўрад. Андешаашро оид ба лаёќат ва одоби хонандагони имрўз пурсон шудем. Табассуме карду гуфт: «Барои ман њамаи хонандагон азизанд, махсус дўстдоштањо байни онњо надорам. Ба дили њар хонанда новобаста ба сатњи дониш ва мањорат метавон рањ ёфт ва истеъдодњои нуњуфтаи онњоро кушуд».
Ваќти фароѓат нарасида
Муаллима панљ фарзанди хешро соњиби маълумоти олї кардааст. Фарзандон низ ба фанњои даќиќ рў оварда, ба њайси мутахассис дар сохторњои гуногун фаъолият менамоянд. Наберагон низ ба ин пайрања равонанд.
-Фарзандонам хоњиш доранд, то аз кор даст кашаму фароѓат кунам. Аммо худро бе мактаб тасаввур карда наметавонам. Аз уњдаи кори хона ва њам омўзгорї ба хубї мебароям. Дар ѓаму шодии њамкорон шарикам ва бе онњо буда наметавонам, - меафзояд ў.
Чун Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон солњои 2020–2040-ро «Бистсолаи омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи маориф» эълон намуданд, умед мебандем, ки дар МТМУ №51 барои таълими фанњои даќиќ шароити хубу синфхонањои замонавї барои омўзиши фанњои даќиќ фароњам оварда хоњанд шуд.
Фарзона Восеева
Иди Наврўз омаду олам дигаргун мешавад,
Њар гиёње, ки бувад, аз хок берун мешавад.