ту паЙҒамбарӢ, модар!
МОДАРИ МАН ШУКРИ РАЊМОН МЕКУНАД!
Дар миёни боѓи њавлии падар,
Модарам кашнизу райњон мекунад.
Њар гање бо мењр оѓўшаш кунам,
Модари ман бўйи райњон мекунад.
Пир ё барно шавад мењмони мо,
Эњтиромаш њамчу инсон мекунад.
Пос дорад њаќќи њар њамсояро,
Модари ман бўйи имон мекунад.
Дар забонаш шукри неъмат субњу шом,
Шукри Вањдат, зикри Ќуръон мекунад.
Дар сари гањвора њам хонад китоб,
Модари ман бўйи ирфон мекунад.
Дар сари хони пур аз анвои нўш,
Эњтироми пораи нон мекунад.
З-он ки нонро пос дорад модарам,
Бўйи маѓзу шираи нон мекунад.
Њар гање аз чашма нўшад оби пок,
Шукри оби Тољикистон мекунад.
Бо дуо дар сарзамини сулњбор,
Модари ман шукри Рањмон мекунад.
Комилљон Шамшерзода