Агар занро маҚоме буд.
Ишќи наву ёри наву Наврўзу сари сол
Фархунда кунод Эзид бар мири ман ин њол.
Рўзест, ки дар умр наёбанд чунин рўз,
Солест, ки дар умр наёбанд чунин сол.
Фаррухии Систонї
Модар
Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост,
Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост
Бо нури осмониву бо ҷисми хоксор,
Болотар аз шукӯҳу мақоми фариштаҳост
Модар ба илтифоти Худованди бениёз,
Дар маҳзари дуруду саломи фариштаҳост
Шоду ғамаш ба дидаи бедору меҳрубон,
Ҳамрози субҳу ҳамдами шоми фариштаҳост
Модар дар офариниши дунёи тифли ноз,
Пайваста бо марому низоми фариштаҳост
Эй Озарахш, шавкати ҳастии ҷовидон
Пайғоми модар асту ба номи фариштаҳост
Толиби Озарахш
БАҲОРИ ИНТИЗОР
Дар ҳаво бӯйи баҳор аст, баҳори ману ту,
Бӯйи дил, бӯйи ҳавас, бӯйи хумори ману ту.
Умр бигзашту набигзашт хумори ману ту
Зи баҳори ману ту, баъди баҳори ману ту.
Рақси мавзуни парасту таги долони куҳан
Ҳаваси ҷилванисор аст, зи пори ману ту.
Раъдро шӯри дафу соиқаро рақси самоъ,
Ларзаро сур диҳад ҷӯри ситори ману ту.
Дидаҳо домгаҳу ромгаҳи ҷону диланд,
Фасли бехуни шикор аст, шикори ману ту.
Дами зебои ба ҳам омадани нуру булӯр,
Гуҳари қатра бувад ойинадори ману ту.
Фасли сармо бигузашт, сардии дилҳо бигузашт,
Дар ҳаво бӯйи баҳор аст, баҳори ману ту!
Гулрухсор
ЌАСАМ БАР АЛЛАЊОИ ТУ
Ба мисли ту набошад мењрпарвар дигаре њаргиз,
Нахоњад кард бар мо дидае тар дигаре њаргиз.
Ба бахти ман саломат бош, бар чашмат мабод ашке!
Намесозад рањи умрам мунаввар дигаре њаргиз.
Ќасам бар шири испедат, ки субњи рўзгорам шуд,
Маро аз ту надода панд бењтар дигаре њаргиз.
Ќасам бар аллањои ту, ки бошад сураи миллат,
Нагўяд чун ту њарфи њаќ мукаррар дигаре њаргиз.
Фаќат ту ѓамусори ин дили густох мебошї,
Нахоњад гашт мислат нозпарвар дигаре њаргиз.
Ба њаќќи мо дуои ту иљобат мешавад, бешак,
Нагардад бо дуо мисли ту ёвар дигаре њаргиз.
Ба чашмам сурма созам хоки поят, эй азизи дил,
Ки натвонад бигирад љои модар дигаре њаргиз.
Хусрав саъдуллоњ
АФСОНАИ ЗЕБОЇ
Сад қиссаи зебоӣ дар дафтари Наврӯз аст,
Нақши қалами борон дар мармари Наврӯз аст.
Пур шуд сабӯи ишқ аз чак-чаки боронҳо,
Мастии гули лола аз соғари Наврӯз аст.
Савганд ба номи гул, савганд ба фарвардин,
Дар чашмаи чашмонам нилуфари Наврӯз аст.
Дар боғи дили шоир овони гулафшонист,
Ҳарфи гулу лолоӣ дар ҷавҳари Наврӯз аст.
Наврӯзи Аҷам ёде аз сӯи ниёи мост,
Ҷоми Ҷами мо умре эҳёгари Наврӯз аст.
Дар мазҳаби фарвардин зулмот наёбад раҳ,
Хуршеди фурӯзонфар дар минбари Наврӯз аст.
Ман панҷара бикшоям дар лаҳзаи гулбандӣ,
Атри гули ёси ӯ ёдовари Наврӯз аст.
Ҳулбӯйи Ватан бӯям, қоқуш ба гесӯям,
Бо гуфти яке шоир, ин кишвари Наврӯз аст.
Шањрия ањтамзод