Гоҳе, ки ба рӯзгори пешини хеш назар меафканад, ҷавонзани ҳаётнаозмударо мебинад, ки тифлакони хурдсол дар оғӯш саробони хонадон ва ягона муҳаббаташро ба роҳи охирин падруд мегуфт. Ӯ ҳамагӣ 29 сол дошт…
Соли 1988, ҳини таҳсил дар Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб бо ҳамсабақаш аҳду паймони вафодорӣ баставу базми арӯсӣ оростанд ва тӯли 9 сол ҳаёти саршори меҳру пурсаодатро насиби хеш диданд ва се духтараки дӯстрӯйро ба дунё оварданд. Ба ҳукми роқими сарнавишт соли 1997 шавҳараш фавтид ва ӯ худ ғайриихтиёр саробон гашт…
Андарзҳои ҷонбахши модари хирадпешааш барояш нӯшдоруро мемонд, ки дили ӯро дубора ба зиндагӣ гарм сохт ва ба фаъолияти пурсамар таҳрик дод. Сурайё Умарова бо дастгириву ҳидояти модар фаъолияташро аз омӯзгорӣ шурӯъ карда, 5 сол дар ин самт таҷриба андӯхту баъдан чун мураббӣ муддате заҳмат кашид. Аз он ба баъд 10 сол дар мақомоти қудратӣ ифои вазифа кард. Инак, тӯли 9 сол аст, ки мудири кӯдакистони №7 тобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Ҳар кӯдак дар ҳаёти хеш нафареро барои худ идеал мепиндорад ва чунин нафар барои ман модари ғамгусорам буд, ки маро таълиму тарбияи дуруст дод. Зане буд, аз фарҳангу маърифат бархӯрдор ва шурӯъ аз пешаи омӯзгорӣ, ба ҳайси раиси деҳот ва раиси ноҳияи Фархор низ фаъолият бурдааст,–тазаккур бидод Сурайё Умарова. Қиблагоҳаш, ки имрӯзҳо солор аст, тӯли 35 сол ба симати директори мактаб заҳмат кашидаву қиссаи издивоҷаш низ ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад.
- Падарам замоне, ки дар Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб таҳсил мекард, ба модарам дил баст ва баъди издивоҷ ӯро ҳамроҳ бо худ барои таҳсил ба ин мактаби олӣ бурд. Бо чунин амали хеш падарам дар деҳоти атроф ҳангома бархезонд, чунки солҳои 60-уми асри гузашта чунин рафтор ба ҳамагон ғайримуқаррарӣ буд. Ин боиси он шуд, ки модарам таҳсилдида гардаду ба ҷомеа нафъ орад ва дар ин росто, фарзандони наку ва толибилмро ба воя расонад,–изҳор намуд С.Умарова.
Бо мададу дастгирии пайвандон ва бахусус модар, ӯ се фарзандро ба воя расонду соҳибтаҳсил кард. Ду духтари бузургаш соҳиби ду таҳсилоти оливу хурдӣ хатмкардаи коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе аст. Ба хотири офияти дудмони хеш Сурайё дигар касеро ҳамсафари ҳаёт напазируфту муҳаббати падари фарзандонашро натавонист аз саҳфаи хотирот бизудояд.
Замони кор дар ниҳоди қудратии кишвар ба ёди фаъолияти тахассусӣ дилаш гум мезад. Ӯ, ки фориғуттаҳсили факултаи педагогика ва психологияи томактабӣ буд, дарк кард, ки шуғл бо кӯдакон ҳаваси якумрии ӯст ва рӯ овард ба кӯдакистон.
- Мояи хушбахтии ман дар ҳалқаи кӯдакон будан аст. Агарчи имрӯз ба симати мудири кӯдакистон фаъолият дорам, бо кӯдакони шӯху беқарор бевосита кор мебарам. Кӯдаке буд, ки аз ғояти оташинӣ курсиро ба сари мураббӣ мебардошту қасди задан мекард. Бо нармгуфторӣ ҳамарӯза дар ҳуҷраи кориам ӯро ба навиштану расмкашӣ таҳрик медодам. Дурудароз бо ӯ суҳбат мекардам ва мекӯшидам, ки ӯро бештар шунавам, то хостаҳояшро бароварда тавонам. Дар ин росто, равоншинос низ, ки ба ҳайати кории ниҳоди мо шомил аст, бо ӯ кор мебурд. Ниҳоят, рафтори кӯдак ба куллӣ тағйир хӯрд ва шодиву нишоти волидайнаш бекарон буд,–иброз дошт С.Умарова.
Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни таълиму тарбия ба суханони кӯдак гӯш андохтан бағоят муҳим аст, зеро тифл низ фикри шахсӣ дораду ба ин тариқ, олами атрофро меомӯзад ва аз ҳодисоти табиат бархӯрдор будан мехоҳад.
- Гуфтаҳои кӯдаконро падару модар низ бояд гӯш диҳанд, то малакаи гӯш карда тавонистани суханони дигарон дар онҳо ҳосил гардад. Бад-ин тариқ, фардо кӯдакон ба ҳарфҳои волидайн ва дигар солорони хонавода гӯш хоҳанд андохт,–афзуд С. Умарова.
Бино ба иттилои ӯ, кӯдакистонро Вазорати корҳои дохилии кишвар пурра бо маводи ниёз таъмин менамояд ва назорат аз рӯи сатҳ ва сифати таълиму тарбия аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сурат мегирад. Дар ин даргоҳ, тибқи низомнома, фарзандони милисаҳо парвариш меёбанду дар ҳолати ҷой будан кӯдакони сокинони атроф низ қабул мегарданд. Тадриси тарбиягирандагон ба забонҳои тоҷикиву русӣ роҳандозӣ мегардад. Омӯзгори забони тоҷикӣ дар гурӯҳҳои русии омодагӣ ба мактаб аз фанни забони давлатӣ дарс мегӯяд. Ғайр аз ин, дар ин муассиса гурӯҳи тамдидӣ амал менамояд, ки пас аз соати 17.00 тӯли 1–1,5 соат кӯдаконеро, ки волидайн сари вақт аз кӯдакистон гирифта наметавонанд, дар толори бузург ҷой медиҳанду ба шуғли дилхоҳ ташвиқ месозанд.
- Маъмулан, дар ин толор 20 дарсади кӯдакон боқӣ мемонанд. Ҳар гоҳе, ки ба ин толор медароям, дар умқи чашмони ин тифлакон ҳузну андуҳро мебинам. Аён аст, ки онҳо худро ноҳинҷор меҳисобанд. Аҷиб он аст, ки бештари модарони деромада хонашинанд,–бо андешае иброз дошт С. Умарова…
Имрӯзҳо Сурайё Умарова се духтари нозанини хешро ба ҳаёти мустақилона гуселондаву соҳиби 5 набераи дӯстрӯяк аст. Бар он иқрор аст, ки маҳз ташаббускорӣ гиреҳи мушкилиҳоро рӯи ӯ боз кардааст. Бо сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур қадр гардидаву аз кору пайкори хеш сарфароз аст.
- Мо шоҳиди воқеии ободиву оромии кишвар ҳастем. Ташаббусҳои созандаи Сарвари давлатро бо чашми сар мебинему дар ҳавои озоди кишвари соҳибистиқлол нафас мекашем. Иқдоми неки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти интихоб ва ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда пешбарӣ намудани занону духтарони лаёқатманд рӯйдоди ниҳоят муҳим аст,–бо шукргузорӣ гуфт Сурайё Умарова.
О. ХОҶАЕВА