Мураббия назди даромадгоҳ бо лутф кӯдакони гурӯҳро пешвоз мегирифт. Ҳар кадоми онҳоро аз назар гузаронда, мехост аз сиҳатиашон огаҳ бошад. Зулфия ном духтараке таби баланд дошт. Зуд ӯро ба назди табиби кӯдакистон бурд ва пас аз санҷиши ҳарорати бадан ба ӯ дору доданд.
Машқи пагоҳирӯзӣ дар ҳавои кушод оғоз гардид. Агарчи ҳаво сарду барфӣ буд, кӯдакон варзиши пагоҳирӯзиро бо хушнудӣ иҷро намуда, барфбозӣ ҳам карданд.
- Бачаҳои азиз, биёед акнун ба синфхона меравем, вақти наҳорӣ ҳам фаро расид. Болопӯшҳоро кашида, либосҳои сабук ба бар намоед. Маликахолааш, ба ширинакони ман ёрӣ расонед, то зудтар либосҳояшонро иваз намоянд. Аввал писаракон ба дастшӯӣ медароянд ва сипас духтаракон. Офарин, ширинакони ман. Ҳама ба ҷойҳои худ нишинед ва ҳоло ман бо холаи Маликаатон ба шумо хӯрок меорам, - бо чунин суханҳои пур аз лутфу меҳрубонӣ кӯдаконро ба нишастан даъват кард Марҳабобону.
Рӯи миз ширбиринҷ, нон ва чойи ширин гузошта шуданд. Ҳама бо як овоз «иштиҳои том» гуфтанд. Чанд бори дигар ба хоҳишмандон хӯрокҳои илова низ доданд. Ҳамин, ки наҳорӣ ба анҷом расид, машғулият шурӯъ гардид.
- Фарзандонам, имрӯз ҳангоми аз хона баромадан, паси дар хирсакеро вохӯрдам, ки ғамгин менишаст. Вақте аз ӯ сабаби маҳзуниашро пурсидам, бо алам гуфт, ки аз рафиқонаш қалам пурсидааст, аммо онҳо надодаанд. Маълум шуд, ки хирсак сухани сеҳрнокро фаромӯш кардааст. Оё шумо медонед, ки суханҳои сеҳрнок кадомҳоянд? Пас, биёед, ҳамроҳ суханҳои сеҳрнокро меомӯзем, то шумо низ мисли хирсак хиҷолатзада нашавед, - бо чунин суханҳо хирсаки сап - сафед дар даст мураббия машғулияти инкишофи нутқро дар мавзӯи «Суханҳои сеҳрнок» оғоз намуд.
Тариқи расмҳо, ки дар лавҳаи электронӣ намоиш дода мешуданд, афсонаеро бахшида ба ин мавзӯъ нақл кард. Пас аз поён ёфтани афсона хурдсолон аз ҷой бархоста, суханҳои сеҳрнокро номбар карданд: «Салом», «Мебахшед», «Хоҳиш мекунам», «Хоби хуш» ва амсоли инҳо. Сипас, ҳар кадоми онҳо суханҳои сеҳрноки навиштаашонро ба дарахте, ки як гӯшаи синфхонаро зеб медод, овезон намуданд, то онҳоро фаромӯш насозанд. Мураббия ба кӯдакон шарҳ дод, ки хирсак барои дастрас кардани қалам сухани сеҳрноки «Хоҳиш мекунам» - ро нагуфтааст.
Мураббия 10 дақиқа танаффус эълон намуд. Дар ин лаҳзаи фориғ кӯдакон шеър мегуфтанд, бо бозичаҳо бозӣ мекарданд, суруд мехонданд ва мерақсиданд.
Машғулияти мусиқӣ оғоз шуд. Сурудҳои «Пешвои мо», «Хушбахт кӯдаконем» ва «Аскарбача» - ро як гурӯҳ сароид, гурӯҳи дигар рақсид. Кӯдакон хушнуду болидахотир аз ин машғулият неруи тоза бардоштанд. Чун мавзӯи машғулияти аввал бо иштироки хирсак оғоз гардид, дарси сеюм низ ба хирсак рабт дошт.
- Бачаҳо, имрӯз, ки хирсак меҳмони мост, дар машғулияти «расмкашӣ» акси ӯро тасвир менамоем. Ҳоло ба назди ҳамаи шумо қоғазҳои сафедро мегузорам. Ҳамин, ки дар тахтаи синф расми хирсакро кашидам, шумо низ онро дар рӯи қоғаз тасвир менамоед. Бодиққат бошед, - бо ин суханҳо ӯ ба расмкашӣ пардохт.
Кӯдакон расми хирсакро кашида, болои сараш офтобу зери пойҳояш сабзаҳо тасвир менамуданд. Ёрдамчии мураббия, Малика ба кӯдаконе, ки дар тасвири хирсак душворї мекашиданд, ёрӣ мерасонд.
Тамоми расмҳо ба тахтаи синф насб гардида, расми кашидаи Осия ном духтарак беҳтарин дониста шуд. Ақрабаки соат ба 13.00 дакка мехӯрд. Мураббия кӯдаконро ба дастшӯӣ сафарбар намуд.
Бачаҳо пушти мизи ғизохӯрӣ нишастанд. Ду нафар навбатдори гурӯҳ - Осияву Ёсуман пешбандакҳоро баста, ба мураббия ёрӣ медоданд. Рӯи мизҳо қошуқу чангак ва истакон мегузоштанд. Хӯроки аввал - мастоба ва баъдан таоми дуюм макарон бо тухм пешкаши хурдсолон гардид. Кӯдакон аз нӯшидани чойи ширин низ бебаҳра намонданд.
- Акнун ҳама дастҳоро шуста, либосҳои таҳпӯшро ба бар мекунем. Хоби нисфирӯзӣ ҳам фаро расид, мо бояд хоб равем. Ба ҳамдигар «хоби хуш» гуфтанро фаромӯш накунед, - кӯдаконро навозишкунон ба хоб раҳнамун сохт мураббия.
Хоби нисфирӯзӣ ҳам даррасид ва дар ин лаҳзаи оромӣ Марҳабо Қудратова ба навиштани нақшаи корӣ барои машғулияти пагоҳӣ пардохт.
Соати 15.30 дақиқа мураббия кӯдаконро бо навозишу меҳрубонӣ аз хоби ноз бедор карда ба либоспӯшии онҳо ёрӣ расонд. Баъдан, кӯдакон расмҳои нотамомро рӯи даст гирифтанд. Баъди анҷоми расмкашӣ такрори дарсҳои гузашта ва қироати шеърҳо аз панду андарзи бузургон доир гардид.
Сипас, кӯдакон ба сайру гашт баромаданд.
- Бачаҳо, имрӯз, ки барф боридааст, биёед якҷо Бобои барфӣ месозем. Илҳому Фирдавс аз барф лўндањо созед. Мударрис бошад, барф ҷамъ меорад…, - бо чунин шева мураббия ба ҳар кадоме аз онҳо вазифа дод ва кӯдакон низ хушҳолона ба «бобосозӣ» шурўъ намуданд.
Ҳамин тавр, хурдсолон дар саҳни ҳавлии кӯдакистон Бобои барфии зебое сохтанд. Беш аз як соат онҳо дар ҳавои тоза бозӣ карданд. Соат ҳам ба 17.00 баробар гардид. Волидон як - як вориди кӯдакистон шуданд. Мураббия бо хурдсолон гарму ҷӯшон хайрухуш намуд.
- Бо кӯдакон буданро меписандам. Чун дунёи онҳо поку беолоиш асту табассуми фариштасонашон нерубахши қалбҳо. Ин аст, ки хастагиро эҳсос намекунам, - гуфт М. Қудратова.
Шаҳдрези РАҲМОН