таб
Агар дарди пойҳо ва аҷзи пиронсолӣ азият намедод, ӯ дар ин соли хониш ҳам, ки синнаш аз 80 гузаштааст, аз раҳи мактабy кори таълиму тарбия канор рафтанӣ набуд. Чаро ки як умр ҳама ҳастии худро ба ин пеша бахшида, дар ин ҷодаи пуршараф бо номи неку тарбияи дастпарварони номдору донишманд, миёни мардум соҳибэҳтиром гаштааст. «Сиҳату бардам бошам, 60 соли дигар ҳам аз таълиму тадриси насли наврас хастагӣ эҳсос намекунам»,- бо ифтихор аз пешаи писандидааш қисса оғоз намуд Ҳурбиннисо Расоева.
- Ба хотири номаи камолу имкони таҳсил дар макотиби олӣ баъди хатми синфи 8 - ум аз зодгоҳам, ноҳияи Муъминобод сӯи пойтахт роњ гирифта, таҳсилро дар МТМУ №10 шаҳри Душанбе идома додам. Ҳолиё ба шуҷоату пурдилии зодмандонам қоилам, ки дар муҳити кӯҳистон қолабшиканӣ карда, ба духтари 15 - солаи худ иҷозаи ба шаҳр рафтанро доданд.Хати сарнавиштОНО
Хати сарнавишт
Ҳамин зайл, то хатми синфи даҳ дар шаҳри барояш ношинос Ҳурбиннисову ҳамдарсони деҳотиаш Нела Норбоева ва Маҳбуба Додобоева назди худ мақсад гузоштанд, ки аъло хонда, ба донишкадаи омӯзгорӣ дохил шаванд. Соли 1956 аз теъдоди беш аз 250 довталаби факултаи таърих ва филологияи Университети давлатии Тоҷикистон 25 нафар қабул гардид, ки аз ин 9 ҷойро дорандагони медалҳои тилло ва нуқра ишғол намуданд.
- Ману дугонаҳоям аз ҳама фанҳо баҳои панҷ гирифта, донишҷӯ шудем. Як лаҳза аз ёдам нарафта, ки баъди бозгашт ба деҳа натиҷаи имтиҳонҳоро шунида, авзои падарам хира шуд. Чаро ки зодмандон ба гумони аз имтиҳонҳо нагузаштанам тараддуди ҳарчи зудтар ба шавҳар додани маро доштанд, то дигар дар фикри таҳсилоти олӣ набошам, - бо хушҳолӣ ба хотир меорад бону Ҳурбиннисо.
Ҳофизаи қавию завқу ҳаваси беандозааш ба донишандӯзӣ мадад омад, ки ифтихорномадори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар донишгоҳ ҳам бо баҳои аъло таҳсил намуда, аз дигар ҳамдарсонаш панҷ рубл идрорпулии бештар мегирифт. Барои сарбории зодмандон нашудан, дар вақтҳои холӣ аз тадрису мутолиаи адабиётҳои гуногун, машғули гулдӯзӣ шуда, аз даромади он рӯзгори донишҷӯиро пеш мебурд. Гӯё дирӯзакак буд, ки рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») бо нашри матлабе аз ҳунармандиҳои овони донишҷӯияш номи ӯро машҳур карда буд.
Дар соли панҷуми таҳсил, қабл аз имтиҳонҳо, барқия расид, ки падараш бемор аст. Аз Душанбе то ба Кӯлоб тавассути ҳавопаймо рафтан қулайтар буд, зеро дар он солҳо неругоҳи Норак ба истифода дода нашуда буду нақлиёти мусофирбари самти Душанбе - Кӯлоб ҳини ҳаракат дар мавзеи Пули Сангин ва рӯди Сангоби Даҳана бо хавфу азоби сангин мувоҷеҳ мешуд.
- Мо бо душвориҳои зиёд ба Муъминобод расидему ҳамон шаб падарам аз олам чашм пӯшид,- оҳи сард кашид Ҳурбиннисо. – Баъди донишгоҳ ба Институти таърихи назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат гирифтам. Азбаски он солҳо аз норасоии кадрҳои маҳаллӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар аслан олимону омӯзгорони рус дарс мегуфтанд, мо ҳатто фанни таърихи халқи тоҷикро ҳам бо забони русӣ меомӯхтем.йдо шуду…
Ишқ пайдо шуду
Сарфи назар аз хоҳишу таъкиди устодон Ҳурбиннисои аълохон барои оғози фаъолияти омӯзгорӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргашт, ки номзадаш се сол боз роҳи вайро мепоид. Солҳои аввали кору зиндагӣ дар ин ноҳия, ки иқлими хушку ниҳоят гарм дошт, бо ранҷу азоб паси сар шуданд. Зеро барои духтари дар табиати хушобу ҳавои Муъминобод ба воя расидаву дар пойтахти кишвар таҳсилкарда, мутобиқ шудан дар гармтарин мавзеъ осон набуд.
Бо мурур дар муҳити гарм бо одамони барояш бегона унс гирифта миёни ҳампешагону ҳамсояҳои гуногунмиллати худ обрӯманд гашт. Атрофиён дар симои ӯ бонуи солеҳаеро медиданд, ки аз дилбастагӣ ба бачаи одии деҳот шароити шаҳру рӯзгори бофароғатро гузошта, рӯ ба рустои мушкилзо овардааст. Дар идомаи ҳаёт ҳам пешниҳоди мансабу вазифаҳои роҳбариро напазируфт, то ҳастии худро бештар ба тарбияи фарзандону масъулиятҳои хонаводагӣ бахшида бошад. Натиҷаи заҳмати модари омӯзгор буд, ки имрӯз фарзандони ин хонавода Сулҳияву Зулфия беҳтарин мутахассисони тиббї буда, Бахтиёр ва Умед дар ҷодаҳои дигар бо кору пайкори шоиста соҳибмақоманд.
Ҳамаа ҷон фидои мактабон фидои мактаб
Аз меҳру муҳаббати беандоза ба кори таълиму тарбия тӯли 60 соли фаъолияти омӯзгорӣ, ки аз ин 30 сол сарвари МТМУ №6 буд, ҳар рӯз 8 - 10 километр роҳи дабистонро пиёда тай мезад.
- Аз мактаби мо, ки дар он намояндагони 17 халқу миллатҳои гуногун бо се забон таълим мегирифтанд, садҳо нафар кадрҳои болаёқат ба воя расида, ҳоло дар кишварҳои гуногуни дунё кору зиндагӣ доранд. Танҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ҷуз хизматчиёни гуногунрутба 6 нафар дастпарвари мактаби мо дорои рутбаи генералӣ мебошад, - ифтихормандона изҳор медорад Ҳурбиннисо Расоева. – Асоси дастовардҳои соҳаи маориф аз эҳсоси баланди масъулиятшиносии маорифчиён дар таҳияву иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ, ҷоннок гардондани созмонҳои талабагӣ, назорати ҷиддӣ дар ташкилу баргузории маҷлису машғулиятҳои варзишӣ бо иштироки омӯзгорону талабагон ва таҳкими робитаи мактаб бо оила манша мегирад
Панди раҳнамонамо
«Овони роҳбари мактаб будан, оилаеро ба ёд надорам, ки фарзандашон дар МТМУ № 6 таҳсил карда бошаду ман ба хонаи онҳо ҳолпурсӣ нарафта бошам. Ба хотири ояндаи дурахшони насли наврас имрӯз вазифаи ҳар яки мост то ба сифати омӯзгор бубоист дар таҳкими робитаи мактаб бо оила саҳми худро гузорем. Аз сӯи дигар, роҳбарияти муассисаи таълимӣ бояд аз ҳама фанҳои дарсию барномаҳои таълимӣ ба хубӣ огаҳӣ дошта, ҳар соли хониш то дар 500 соат дарси омӯзгорон иштирок намуда, бо таҳлилу хулосаҳои амиқ ба дарсомӯзон маслиҳатҳои судманд диҳад. То вақте омӯзгор саводманду масъулони соҳаи маориф беҳтарин мутахассисони корӣ набошанд,ба рушди соҳа ва беҳбудии сатҳу сифати таълим наметавон умед баст», - бо нигаронӣ аз мушкилиҳо андешаронӣ дошт муаллима.
- Ҳамду сано ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш бобати рушди китобхонаҳо ва ҷалби оммавӣ, бахусус роҳбарону мансабдорон ба китобхонӣ дастуру ҳидоятҳои ояндасозе доданд. Дар ҳақиқат, пешрафту беҳбудии ҳаёт бидуни илму маърифат ғайриимкон аст, - хулоса мебарорад омӯзгори номвар Ҳурбиннисо Расоева.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Абдурањмони Ҷомӣ