Чанд соли охир дар бозори дохилии кишвар, аз ҷумла дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо, марказхои савдо ва толорҳои мебелӣ маҳсулоти дастии хушсифати ватанӣ таҳти бренди «La'al Textiles» («Лаъл Текстайлз») чарх мезананд. Дар намоишгоҳ - фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ низ молҳои ин ширкат ба фурӯш гузошта шуда, харидорони зиёд пайдо кардаанд.
Бренди мазкур аз рӯи лоиҳаи «Модернизатсиякунонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳои қолинбофӣ, гулдӯзӣ, нассоҷӣ ва атласу адрас дар Тоҷикистон» бо дастгирии техникии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) ва ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар ва дастгирии молиявӣ аз ҷониби Федератсияи Россия фаъолият менамояд. Мақсад аз пиёда намудани чунин лоиҳа баланд бардоштани иқтидори содиротии коргоҳҳои маҳаллии қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва атласу адрас аст, ки дар доираи он як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ дар соҳаи маркетинг, дизайн, дизайни компютерӣ, гулдӯзиҳои дастӣ ва попурзанӣ, қолинбофии дастӣ ва рангкунии табиӣ гузаронда шуда, ба ҳунармандон нозукиҳои ин ҳунарҳоро меомӯзонанд.
Ҳадафи аслии лоиҳа дастгирӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар аст. ЮНИДО иловар бар мусоидати техникӣ барои иштирок ва ҷалби боз ҳам фаъолтари гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан занону ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
- Аз рӯи марҳилаи якуми лоиҳа корҳои зиёдеро ба сомон расондем. Ҳамкории худро бо як қатор корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, марказҳои ҳунармандӣ ва, инчунин, бо соҳибкорони маҳаллӣ ба роҳ мондем. Ба духтарону занони ҳунарманди хонашин тарзу усули муосири таҳияи атласу адрас ва қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва попурзаниро омӯзондем, ки аз ин ҳисоб онҳо дастмузд рӯёнда, некуаҳволии оилаҳои хешро таъмин менамоянд. Инчунин, корхонаҳо низ ҳамкории зичро бо ҳунармандон ба роҳ монда, фаъолияти хешро тақвият бахшидаанд,- мегӯяд ҳамоҳангсози техникии лоиҳа Сарвиноз Ҷунайдова.
Аз моҳи майи соли 2019 давраи дуюми лоиҳа ба фаъолият шурӯъ намуд, ки яке аз ҳадафҳо ин баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рақобпазирии корхонаҳои бахши қолинбофӣ, гулдӯзӣ, нассоҷӣ ва инчунин таблиғи маҳсулоти ватанӣ ва ҳунарҳои дастӣ дар хориҷи мамлакат мебошад. Ин навбат теъдоди корхонаҳо зиёд гардид. Агар марҳилаи аввал 9 корхонаро фаро мегирифт, дар марҳилаи дувум 11 корхонаи дигар изофа гашт. То ҳол барои фарогирии бештари минтақаҳо чораҳо андешида мешаванд. Дар баробари шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва А.Ҷомӣ, ки марҳилаи аввал танҳо дар ин минтақаҳо роҳандозӣ шуда буд, шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлону Бадахшон низ ба ин рӯйхат шомил гардиданд. Алҳол дар ноҳияҳо гӯшаҳои ҳунармандӣ таъсис ёфтаанд, ки фаъолияти мунтазам доранд ва бонувони ҳунарманди атрофро ба ҳам меоранд. Маҳсулоти дастии хешро бо нақшу нигори замонавӣ ва ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонӣ таҳия менамоянд.
- Барои ба танзим даровардани содирот дар дохил ва хориҷи кишвар робитаи миёни соҳибкорон ва истеъмолкунандагонро мустаҳкам намуда истодаем. Ба минтақаҳои дурдасти кишвар рафта, бонувони ҳунарманди хонашинро пайдо менамоем ва ба онҳо машғулиятҳои омӯзишии ройгонро оид ба дизайни маҳсулот, техникаҳои гулдӯзӣ, омехтани рангҳо ва намуди маҳсулоти нав ва муосирро меомӯзонем. Сипас, байни ин бонувон ва корхонаҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, шартномаи кӯтоҳмуҳлат баста мешавад ва бархе ҳатто бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Дар сурати фармоиш гирифтан, онҳоро барои омода кардани маҳсулот даъват менамоем, - иброз дошт С. Ҷунайдова.
Коргоҳҳои истеҳсоли қолинбофии дастӣ бо номи «Гулвард» дар ноҳияи А. Ҷомӣ, коргоҳи «Шоҳдурвон» дар шаҳри Истаравшан, корхонаи «Гулдастон» дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, ки дар он зиёда аз 100 адад асбоби ресмонресӣ ва қолинбофӣ насб гардида, садҳо нафар бонувони ҳунарманди хонашинро ба машғулият ҷалб карда, бо ҷойи кор таъмин менамоянд. Корхонаи «Гулвард» намояндагии хешро дар шаҳри Ваҳдат низ фаъол намудааст, ки ба ғайр аз бонувони маҳаллӣ занони гуреза аз Афғонистонро ҳам бо кор таъмин менамояд, ки бештар ба омода намудани қолинҳои дастӣ шуғл доранд. Ашёи хоми асосӣ, пашми гӯсфанд аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, якчанд намуд дорад, ки пашми гӯсфанди Меринос ва бузи ангорӣ барои тайёр кардани нах истифода мешавад. Талабот ба чунин навъи қолинҳо дар бозори ҷаҳонӣ зиёд аст, чунки дар ҳоли ҳозир ба масъалаи пешбарӣ оиди маҳсулоти тозаи экологӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Дар баробари омӯзиши нақшу нигори замонавӣ ба ҳунармандон тарзи ҷамъоварии пашм ва коркарду тайёр кардани ресмонро низ меомӯзанд. Ҷамъоварии пашмро бештар корхонаҳое ба зимма доранд, ки фаъолияташон ба ин самт равона аст. Корҳои боқимонда, шурӯъ аз шустани пашм ва ресидану аз нахҳо ресмон омода намудан ва рангу бори ресмонҳоро ин бонувони ҳунарманд ба анҷом мерасонанд. Минбаъд ният доранд, ки қолинҳои дастӣ асосан бо рангҳои табиӣ омода гарданд. Агарчи дар оғози кор танҳо ду навъи ранги табиӣ - сафед ва қаҳварангро рӯи кор меоварданд, акнун 8 навъи пашми рангҳои табиидоштаро аз ВМКБ пайдо намудаанд.
- Дар Бадахшон бо корхонаҳое ҳамкориро ба роҳ мондем, ки дар пайдо намудани пашмҳои табиӣ, ки якчанд намуди рангҳоро дар бар мегиранд, ба мо ёрӣ мерасонанд. Пашми гӯсфандҳои ин минтақа 8 рангро доро мебошад ва мо бидуни рангу бори иловагӣ ин нахҳоро барои истеҳсоли қолинҳои дастӣ метавонем истифода барем, - мегӯяд бо хушнудӣ бонуи кордон.
Пашмҳое, ки барои омода кардани ресмони қолинбофӣ на он қадар мувофиқ асту сифати хуб надорад, барои омода намудани намад истифода мегардад. Ҳамкории дуҷониба дар самти коркард ва таҳияи маҳсулоти ҷадид аз намад бо корхонаҳои коркарди пашму намад «Муина» дар шаҳри Кӯлоб ва «Шакарбаланд» дар ноҳияи Муминобод ба роҳ монда шудааст, ки дар он занҳои ҳунарманди маҳаллӣ техникаи тайёр кардани намадро барои омода кардани ҳар гуна ҷузвдону ҳамён бо ороишоти гулдӯзӣ, борпечҳо ва ғайра аз худ мекунанд.
Бо ҳукумату кумитаҳои дахлдор дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Кӯлоб, Хуҷанд, Фархор ва Рӯдакӣ оид ба ҷалб намудани занҳои гулдӯз ва ташкил кардани гурӯҳҳои корӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шуда, чандин омӯзишҳои техникаи гулдӯзӣ, интиқоли намуна, дӯхтани маҳсулоти ороишии хона ва аксесуарҳо ва назорат аз болои сифат гузаронда шудааст.
Яке аз муваффақиятҳои бренди «Лаъл Текстайлз» дар истеҳсоли маҳсулот истифодаи нақшу нигори миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо сабку услуби аврупоист. Коллексияи қолинҳои ҳам дастӣ ва ҳам мошинбоф ва коллексияи ороишии хона дар асоси нақшҳои атласу адрас ва сӯзанӣ тарроҳӣ шудаанд. Инчунин, рангҳои равшану возеҳи рӯи қолинҳо хеле ҷолибу диданиянд. Дар хориҷи мамлакат маҳсулоти зиёди корхонаҳои баҳрагирандаи лоиҳа, аз қабили ҷузвдону ҳамён, дастархону болиштҳои гулдӯзиву попуридошта ва қолинҳои дастӣ ба намоиш гузошта шуда, харидорони зиёде доранд.
- Вақте дар яке аз намоишгоҳ – фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои миллии дастӣ дар шаҳри Москва ширкат доштем, иштирокдорон бо ҳайрат ба тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон нигариста, бо тааљҷуб мепурсиданд, ки магар Тоҷикистон чунин маҳсулот истеҳсол менамояд. Маҳз дар ҳамин намоишгоҳ як нафар 4 қолини дастӣ харид. Моҳи ноябри соли 2019 дар намоишгоҳи байналмилалии тарроҳӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ дар шаҳри Дубай ширкат доштем. Ҳадаф на фурӯш, балки пайдо намудани сармоягузорон ва харидорони доимӣ буд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки дар ин намоишгоҳ ширкат дошт. Сармоягузорони араб ва итолиёвӣ ба қолинҳои дастии мо мароқ зоҳир намуданд, алҳол барои ҳамкорӣ гуфтушунид идома дорад. Мо талош дорем, ки бо онҳо шартномаи дарозмуҳлат баста, маҳсулотро ба хориҷ бештар содирот намоем, - мегӯяд Сарвиноз.
Дар нақша аст, ки коллексияи дувуми лоиҳа таҳти бренди «Лаъл Текстайлз» соли равон дар арафаи ҷашни Наврӯз ба намоиш гузошта шавад. Дар он абзорҳои гуногуни ҳунармандӣ - қолинҳои дастӣ, болишт, ҷилди рахти хоб, дастархон, ҷузвдон, дастанҷом, ҳамён, матоъҳои ороишӣ барои миёнаҷойи миз, ҷилд барои шишаҳои оби нӯшокӣ, туњфаҳои гуногун аз атласу адрас пешкаши сокинон ва меҳмонон хоҳанд гашт.
Бунафша РАҲМОНОВА