Бо мурури таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушду эҳёи саноати дӯзандагӣ санъатҳои қадимии ниёгонамон аз қабили гулбасту гулдӯзӣ, чакану қуроқдӯзӣ ва атласу адрасбофӣ дар кишвар эҳё гардида, ҷойи сарулибоси фарҳанги бегонаро куртаҳои шинами чакану атлас ва либосҳои миллии тоҷикӣ мегирад. Дар идомаи ривоҷу равнақи соҳаи дӯзандагӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дастранҷи косибони маҳаллӣ ба бозор роҳ ёфта, барои бонувон садҳо ҷойҳои корӣ фароҳам омадааст, як зумра ҳунармандони чирадаст иқроранд, ки нозукиҳои соҳибкориро аз ҳунаристон устоди пешаварон Саодат Сайдалиева оғоз намудаанд.
Онеро, ки даҳҳо дӯкондорону соҳибони коргоҳҳои дӯзандагии ноҳия роҳнамои худ мешуморанд, машаққату имтиҳони зиёдеро дар ин ҷода аз сар гузаронидааст. Айёми тифлии ӯ зодмандонаш аз пойтахт ба шаҳри Кӯлоб мекӯчанд. Саодат баъди хатми МТМУ №13-и ин ҷо ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда, баъди итмоми он дар мактаби маҳалла аз фанҳои физика ва математикаи дарс мегуфт. То он солу замон ва давоми фаъолияти омӯзгорӣ ҳам соатҳои фориғ аз кору мутолиа саргарми ҳунаромӯзӣ буд.
Аслан ӯ аз овони дар синфи 6-ум тахсил доштанаш ба гулдӯзию фурӯши дастранҷҳои ҳунарии худ сару кор дошта, аз фоидаи гулдӯзию шерозабофӣ ва дигар ороишоти занона эхтиёҷоти худро мебароварду ҳам ба модараш, ки ин ҳунарҳоро ба ӯ омӯхта буд, ширинию инъом мехарид. Аз баракати дасти модару насиҳатҳои судманди зодмандон Саодат ҳанӯз дар синни мактабхонӣ ҳунарҳои зиёдеро аз худ намуд.
- Мафҳуми «Ҳунар чашмаи зоянда асту давлати поянда»-ро дар ҳаёти донишҷӯии худ дарк намудам, ки лаҳзаҳои фориғ аз илмомӯзӣ ба чеварӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб чанд баробари идропулии донишҷӯӣ фоида мегирифтам,- изҳор медорад Саодат. - Дар тарбияву омӯзиши ҳунарҳои гуногун падари шодравонам Рустам Сайдалиев нақши ниҳоят бузург доранд, ки барои ташаккули зеҳнии мо фарзандонашон ягон чизро дареғ намедошт. Ҳатто дар замони мушкилу нооромиҳои кишвар фурсати муносиб пайдо намуда, мани донишҷӯйро тавассути ҳавопаймо аз Кӯлоб ба шаҳри Душанбе мефиристод, то назди як хунарманди маъруф дӯхти шиму костюми мардонро омӯзам. Орзуҳои қиблагоҳам вақте ҷомаи амал пӯшид, ки шиму костюми барояш дӯхтаи маро ба бар намуда, хурсандона гуфт; "Акнун метавон ифтихор намуд, ки духтари хунарманд дорам!".
Баъди бо ҷавони низомӣ оиладор шудан Саодат муқими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд. Дар баробари кори таълиму тарбия ӯ ҳунарҳои аз модару пешаварони номдор омӯхтаашро идома медод. Овозаи ҳунармандиашро шунида, ҳамсояву сокинони маҳаллаҳои атроф наздаш барои фармоиши дӯхти сару либосу дигар ороишоти занона меомаданд. Бо машварати ҳамсар аз даромади дастранҷҳояш мошинҳои дӯзандагӣ ва лавозимоти чеварӣ харида, бозори ҳунари худро равнақ дод. Чун теъдоди муштариёнаш афзуд, аввалин гурӯҳи ҳунаромӯзиро таъсис дода, ҳамин тавр, рӯз то бегоҳ ҳунаристони хонагии ӯ аз фармоишгарону шогирдонаш холӣ набуд.
Ба хубӣ дарк мекард, ки соҳибкори соҳаи дӯзандагӣ дар баробари рушду эхёи ҳунарҳои миллӣ ва таъмини косибон бо ҷойи кор, инчунин ба ҳунаромӯзии бонувони хонашин низ саҳми зиёд гузошта метавонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳунарҳои ниёгонро ба ҳавасмандон беҳтарин кор дониста, ҳар нисфирӯзӣ аз мактаб бармегашт ва то поси шаб ба дӯхти фармоишҳо машғул буду омӯзонидани ин ҳунарҳо ба шогирдонаш зарур меҳисобид. Соли 2007 сехи дӯзандагӣ таъсис дод. Фаъолияти омӯзгориро қатъ карда бошад ҳам, аммо зимни ҳунаромӯзӣ ба занону духтарон дар мавриди ташвиқи одобу ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, тарбияи дурусти фарзандону эҳтироми бузургсолони хонавода машварат медод.
Бо мурури вакт Саодат миёни ҳунармандону соҳибкорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ обрӯву эътибор пайдо карду акнун маҳсули ҳунараш дар маросиму чорабиниҳои фарҳангии ноҳияву вилояти Хатлон ба намоиш гузошта мешуд. Соли 2014 аз миёни садҳо нафар соҳибкорзанони ҳунарманд ғолиби озмуни «Лоиҳаи беҳтарин» ва сазовори 40 ҳазор сомонии Гранти Президентӣ гардид. Дар доираи ин лоиҳа 30 нафар бонувони яккаву танҳои ноҳияро ба кешбофию дигар ҳунарҳои бофандагӣ фаро гирифт, ки холо аз ин теъдод 10 тан соҳиби ҷойи кору қисми дигар дар шароити хонаҳои худ ба шуғлҳои музднок ҷалб гардидаанд.
Соли 2017 бо пешниҳод лоиҳаи «Адраси Хатлон» гранти раиси вилояти Хатлонро ба даст овард. Бо саъю заҳмати софдилона ва амалӣ намудани тарҳҳои ҷадид дар ин ҷода, имрӯз ба унвони эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ ва роҳнамои ҳунармандон ба бозор шинохта шуд.
- Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони деҳот пеш аз ҳама ба бозомӯзӣ ва маърифатнокии бонувон таваҷҷуҳ бояд намуд. Зеро ҳама ҳунарҳои хонагӣ дар бозор харидори худро доранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин ҳунарманд аз рӯзи таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ дӯкону корхонаҳои хурди дӯзандагӣ зиёд гардида, дар бозору мағозаҳо ҷойи сарулибоси марбут ба фарҳанги бегонаро куртаҳои миллии тоҷикӣ мегирад.
Дар озмуну чорабиниҳо ба хотири муаррифии маҳсули ҳунарҳои худ ва ҳам табодули таҷриба ба ҳампешагонам ширкат менамоям, то ҳамзамон тарҳу идеяи наве барои рушди ҳунари шогирдонам пайдо намоям. Меҳвари пешбаранда дар соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ ин андешаи ояндасозу тарҳрезии барномаву лоиҳаҳои нав ба навест, ки махсули он дар бозор рақобатпазир аст. Барои дар тиҷорат муваффақ гардидан иродаи мустаҳкаму тавон, сабру таҳаммул мебояд то ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, дар заминаи ҳунарҳои хонагии занон ягон намуди соҳибкориро ба роҳ даровард,- мегӯяд Саодатбону.
Бунёди Фабрикаи хурд ва истеҳсоли сару либоси замонавӣ бо бренди "Истеҳсоли Тоҷикистон" аз орзуҳои деринаи Саодат аст. Ба андешаи ӯ дар давраи амалӣ намудани ҳадафи чаоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии мамлакат соҳибкорону сармоягузорон бояд ба бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ аҳаммияти бештар диҳанд. Зеро аз пахтаи пурқиммати кишоварзони точик аслан давлатҳое фоидаи бештар мебинанд, ки дорои саноати пешрафтаи истеҳсоли маҳсулоти тайёри пахтагӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, бо умеди ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба бунёди фабрикаҳои дӯзандагӣ, ворид намудани технологияи муосир ва ба роҳ мондани барномаи омӯзиши бофандаҳои баландихтисос то ҳадди имкон саъю талош дорад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН