Тӯли як сол дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» идома ёфт. Озмун 14 декабри соли 2019 дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор шуд.
Ғолибони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз рӯи чаҳор номинатсия: «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик», «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик», «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» ва «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» муайян гардиданд. Ба ғолибон ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва Шоҳҷоиза тақдим карданд.
Дар баробари ғолибони озмун, нафарони фаъолу бомаҳорат - Озодаи Саид, Ҷӯрахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайнӣ Кароматулло, Аҷикулло Ҳусейнов, Сайрам Файзова ва Азизмоҳ Панҷшанбезода барои гирифтани мукофоти пулии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ шарафёб гардиданд.
Аҷикулло Ҳусейнови 65 - сола, сокини ноҳияи Данғара, дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» ширкат варзида, то даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт. Ҳанӯз аз синни 12 - солагӣ пайи хондани китоб буд ва то ин муддат беш аз 2 ҳазор асар мутолиа намудаасту ин анъанаи некро идома медиҳад.
- Аз овони хурдсолӣ пайдо кардани осори адибони ҷаҳон мушкиле надошт. Дар китобхонаи тамоми мактабҳои миёна китобҳои дилхоҳро пайдо кардан мумкин буд. Имрӯзҳо низ аз мағозаву китобхонаҳо китобҳои адибони тоҷик ва ҷаҳонро ба осонӣ метавон дастрас намуд. Пайваста аз мағозаи китоби ноҳия китоб мехарам, - иброз дошт бобои Аҷикулло.
Айёми нобасомониҳои солҳои 90 – уми асри ХХ русзабонон, ба Россия рахт бастанд. Онҳо китобҳои хешро ба фурӯш гузоштанд. Бобои Аҷикулло фурсатро аз даст надода, ҳар рӯз сӯи китобфурӯшон мешитофт. Ҳам теъдоди китобҳояшро меафзуду ҳам ғизои маънавӣ мегирифт.
Мавсуф дар ин озмун солортарин иштирокчии фаъолу закӣ буд.
- Имрӯз ҳам китобхонам, вале мазмуну муҳтавои осори адибони аз замони ҷавонӣ мутолиа намудаамро дар хотир дорам. Бештари ин китобҳоро замоне мутолиа намудам, ки соли 1991 дучори садамаи нақлиётӣ гардида, маъюби гурўҳи дувум гаштам. Аз он овон китобро таскинбахши дилу дидагонам медонам, - мегӯяд ӯ.
Ӯ моҳе 3 - 4 китоб мутолиа менамояд. Пас аз ширкат дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», барои иштирок дар озмунҳои минбаъда шавқ пайдо намудааст. Хоҳони он аст, ки теъдоди чунин озмунҳо бештар ва шумораи нафарони китобхону китобдӯстдор афзояд.
Аҷикулло Ҳусейнов сазовори ҷойи фахрӣ гардида, ба гирифтани мукофотпулӣ ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ шарафёб гардид.
Ҳумайнӣ Кароматулло хурдтарин иштирокчии гурӯҳи ифтихорӣ маҳсуб меёбад. Вай хонандаи синфи 4 –уми МТМУ №18 Љамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара буда, то иштирок дар озмун 126 китоб мутолиа намудааст. Аз оғоз то даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» теъдоди китобҳои хондаашро ба 131 адад расондааст. Ӯ дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» иштирок намуда, то ба даври вилоятӣ сазовори ҷойҳои якуму дувум гардидааст. Дар даври ҷумҳуриявӣ мақоми ифтихориро касб намуд.
- Тибқи шартҳои озмун ба бахши Шоҳҷоиза нафаре роҳхат меёфт, ки аз рӯйи тамоми номинатсияҳо омода бошад. Азбаски ман танҳо дар бахши аз худ намудани адабиёти бачагона фаъол будам, ба бахши ниҳоӣ роҳ наёфтам, - мегӯяд Ҳумайнӣ.
Сарфи назар аз хурдсолӣ вай китобҳои сиёсӣ, аз қабили Эмомалӣ Раҳмон: «Оғози марҳалаи созандагӣ», «Чеҳраҳои мондагор», «Ҷомеаи ҷаҳон» ва амсоли инҳоро мутолиа намудааст, ки маҳз ин боиси ба даври ифтихорӣ роҳ ёфтани ӯ гардид. Ҳамчунин, китобҳои зиёди адибони ҷаҳонро низ хондааст.
Майлу рағбати ӯ ба китобхонӣ аз 7- солагӣ шурӯъ гардида, аввалин китоби мутолиа намудааш, қисми насрии «Шоҳнома» - и Абдулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ҳангоми дар синфи 1 таҳсил кардан, ғолиби даври вилоятии «Хонандаи сол - 2016» шуда буд.
Аз моҳи феврали соли 2019 бо эълон шудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» вазифадор будам, то бо довталабони ин озмуне, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардид, дар робита бошам. Ҳамчунин, дар даври чоруми озмун дар ҳайати ҳакамон будам. Ростӣ, эҳсос намудам, ки ин иқдоми накуи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар водор сохт, ки мардуми таърихан китобхону фарҳангпарвари миллати тоҷик боз рӯ ба китоб овард. Ва ин, албатта, боиси шодмонист.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» нафарони синну соли гуногундошта, ҳам пиру ҷавон ва ҳам кӯдакон ширкат варзиданд, ки ин аз завқу шавқи беандозаи онҳо дар шуғли китобхонӣ дарак медиҳад. Синни иштирокчии хурдтарини озмун 5 - сола ва куҳансолтарини он 75 - сола буд. Тасаввур кунед, ки ҳар яке беш аз 100 ғазал аз ёд медонад, ё ҳазорон мисраъ шеър мехонаду садҳо китобҳои адибони муосиру классики тоҷику хориҷро мутолиа намудааст. Воқеан, ин иқдом боиси дастгирист ва бошад, ки чунин озмунҳо идома ёбанду чеҳраҳои нав дар ин самт муаррифӣ гарданд.
Муҳаммадҷон Раҳнамо, хонандаи синфи сеюми Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» яке аз иштирокчии ин озмун мебошад. Ӯ аз рӯи номинатсияи аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаю ривоятҳои халқи тоҷик дар озмун ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал гашт. Муҳаммадҷон мегӯяд, ки барои иштирок намудан дар озмун ӯ беш аз 100 ғазал, 100 рубоӣ, 300 порча аз достон ва 500 мисраъ навъҳои шеъриро аз худ кардааст.
- Пеш аз эълон шудани озмун ман фақат китобҳои бачагона, ки онҳо аз шеъру афсона иборат буданд, мутолиа менамудам. Вақте бародараму апаам тасмим гирифтанд, ки дар озмун ширкат намоянд, маро ҳам завқ пайдо шуд. Дар баробари онҳо китоб мехондам, шеъру ғазал аз ёд мекардам. Аз он ки номгӯи асарҳои дар номинатсия пешниҳодшударо мутолиа карда будам, посух гуфтан ба суолҳои ҳакамон бароям мушкилие надошт, - мегӯяд Муҳаммадҷон.
Бунёд Раҳнамо
Шавқу рағбати Бунёд бештар ба фанҳои дақиқ мебошад ва оянда мехоњад дар риштаи муҳандисӣ ё барномасозӣ таҳсилашро идома диҳад. Аз он ки аз хурдӣ модар ӯро ба хондани асарҳои бадеӣ тарғиб менамуд, китобхонӣ шуғли доимию дӯстдоштааш шуд. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» боис гардид, ки Бунёд ҷиддан аз пайи ин шуғли писандидааш шавад ва яке аз иштирокчиёни ин озмун бошад. То давраи оғози озмун ӯ бо тавсияи модар, ки барои ширкаташ дар озмун мусоидат мекард, беш аз 5000 мисраъ шеърро аз ёд карда, 250 асари бадеиро мутолиа намуд.
Алҳол Бунёд Раҳнамо хонандаи синфи 10 - уми муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» мебошад. Ӯ аз рӯи чор номинатсия дар озмуни мазкур ширкат варзида, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.