1.Равон аст оби чашмонам, ту гӯйӣ руди Элок аст,
Фиғон дар ҳасрати рӯят аз ин ҷо то ба афлок аст.
Миёни мову ту, оча, кунун раҳ то қиёмат дур,
Ба зери хоки сарди ту, маро бар фарқи сар хок аст...
2.Бемори аҷал ба дору тадбир нашуд,
Дарвоза ба рӯйи марг занҷир нашуд.
Кардам ҳаваси очаи кампири банур,
Ин очаи ман хушрӯ шуду пир нашуд.
3.Аз ҷамъи баландиҳо лаби боми ту бас,
Аз панди замон мазори ороми ту бас.
Аз нобудаҳо набуданат сахту гарон,
Аз доштаҳо шафоати номи ту бас.
4.Дар байни ҳазору як зани қишлоқӣ,
Чун моҳ будӣ ба куртаву бо тоқӣ.
Аз пеши назар, оча, бирафтӣ ногаҳ,
Акси рӯйи ту ба коғази дил боқӣ
5.Бе оча тамоми зиндагӣ пуралам аст,
Сад ҷони ширин барои як оча кам аст.
Аз дарду фироқ ба сина ду кӯҳи Мазор,
Аз гиряи ман ду дида Элоки ғам аст...
6.Дар мотами ту, оча, чӣ ғамнок манам,
Бечора ба зери чархи афлок манам.
Бо рафтани ту намонда як марҳами роз,
Хокӣ будаму баъди сарат хок манам.
7.Аз авҷи фалак ба чаҳ хамидан мушкил,
Атри гули ёди ту шамидан мушкил.
Бо ёди канорат, оча, аз роҳи хумор,
Оҳ, омадану туро надидан мушкил...
8.Дар байни ҳазор доду афғону мағал,
Кӯдак шаваму оча бигирам ба бағал.
Дар гӯши дилам садо диҳад то дами марг,
Овои насиҳати ту бо шеъру ғазал.
9.Биё, дар пойи меҳрат то абад занҷир хоҳам шуд,
Биё, дар ин фазои бе ҳаво дамгир хоҳам шуд.
Ба пойи тобутат бишкаста шӯру шарру туғёнам,
Биё, оча, дигар як бачаи гапгир хоҳам шуд....
10. Чи хуш болои туту гаҳ таги олуча буданҳо,
Ба хона дар канори ту, барат дар куча буданҳо.
Дигар болои гӯрат сангу рӯйи қалби ман ҳам санг,
Ҳазорон санг ояд бар сари бе оча буданҳо...
11. Зи ёдам рафт кайҳо зиннати гулҳои ин гулзор,
Ба ёдам монд сарви қоматеву сояи девор.
Зи ёдам сад баҳона ҷӯйи шодӣ рафту пас н-омад,
Ба ёдам монд оча, оби чашмат дар бари рухсор...
12. Фироқат оча, бо сахтӣ паси сар мешавад моро,
Зи фарёди хамӯшӣ гӯши дил кар мешавад моро.
Дигар мо ҳар нафас дар интизори вопасинҳоем,
Ба уммеде, ки дидорат муяссар мешавад моро...
13. Дар осмони деҳа маҳтоб ранги нон аст,
Чун тифли пушти модар аз пушти мо равон аст.
Як навда токи танҳо аз фасли тирамоҳон,
Аз модарам нишона акнун дигар ҳамон аст...
14.Дигар ку дар таги ин тути пир густурда як чодар?
Ку дастурхони тифливу ба гирдаш хоҳару додар?
Наканда риштаи чашмам зи роҳи риштаи деҳа,
Дигар ку чашми раҳпову дили садпораи модар?
15. Аз хона маро то ба мазорат раҳ шуд,
Дунё ҳама аз набуданат огаҳ шуд.
Бо ту буданам фосилаи як бозӣ,
Мо сери надида, рӯзи мо бегаҳ шуд...
16. Кай бӯйи туро чу бӯйи гул орад бод?
Дод аз ғами ҳаҷрат, аз ғами ҳаҷрат дод.
Як сина зи баъди ту пур аз хун, оча,
Амсоли анори ҳавлии Сӯфӣ Мурод...
17. Ба дил хор, оча баъдат даста-даста,
Ба бозори ҷаҳон ғам раста-раста.
Раҳам дур то туву рӯзи қиёмат,
Барам худро канорат хаста-хаста...
18.Дар деҳи бе ту аз кӣ бисозам туро суроғ?
Сад кӯча рушан асту дилам сарду бе чироғ
Рафтам мазорат очаву ман зори диданат,
Омад баҳору буйи ту кай пур кунад димоғ?
Имшаб дилам хумори гапҳойи модарам буд,
Ду чашми ман пур аз хун раҳпойи модарам буд.
Бехобу нурфишону болонишину зебо,
Маҳтоби деҳа имшаб дар ҷойи модарам буд...
19. Агар дар кӯдакӣ аз зоча гуфтам,
Сипас аз дарди дасту поча гуфтам,
Напурсед вопасин ҳарфи лаби ман –
Ба вақти мурданам ман ОЧА гуфтам....
Субҳон ҶАЛИЛОВ