Тобистони соли 2021 маросими хатми таҳсили аввалин 30 донишҷӯи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ доир мегардад. Алҳол, дар ин маъвои илм 138 донишҷӯ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон аз рӯи ихтисосҳои “Илм дар бораи замин ва муҳити зист” ва “Иқтисод” таҳсил дорад.
Шаҳраки донишљўён дар
Шаҳрак бо барқи худӣ таъмин буда, дар сурати рух додани ҳолати фавқулода дастгоҳҳои худкори барқрасон ба кор медароянд. Дар назар аст, ки дар оянда таъминоти барқ аз ҳисоби неруи офтоб ба роҳ монда шавад. Об дар хобгоҳ ва ошхона ба таври худљорӣ ҷамъ шуда, пас аз соф гаштан барои обёрии майдончаҳо ва дарахтон истифода мегардад.
Ҳар як донишҷӯ ноутбуки худро дорад. Онро донишгоҳ таъмин намудааст. Аз донишҷӯ Анӯша Ашӯрова, сокини шаҳри Душанбе, пурсидам, ки чаро вай Донишгоҳи Осиёи Марказиро интихоб кардааст?
- Ман нахуст дар литсейи туркӣ ва сипас дар мактаби барои хонандагони лаёқатманди пойтахт таҳсил намудам. Мехостам иқтисоддон шаваму дар ягон мактаби олии хориҷї таҳсил намоям. Боре, ҳангоми маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз телевизор тамошо кардам. Падарам, устоди яке аз донишгоҳҳо, маслиҳат дод, ки дар кишвар мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ихтисос гирифтан мумкин бошад, чаро аз чунин имконият истифода набарем. Бо хатми мактаб ҳуҷҷатҳоро ба комиссияи қабули Донишгоҳи Осиёи Марказӣ супурдам ва дар рақобати сахт дар қатори беҳтаринҳо донишҷӯ шудам,- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Анӯша вай аз сифати таълим қаноатманд аст. Зеро устодони баландихтисос аз ИМА, Австралия, Аврупо, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба онҳо дарс мегӯянд. Кадрҳои ватании таҳсилдида дар донишгоҳҳои ҷаҳонӣ алҳол 25 дарсади устодони донишгоҳро ташкил медиҳанд.
Вижагии донишгоҳ дар он аст, ки устодон бо аҳли хонаводаҳояшон дар шаҳрак бо донишҷўён зиндагӣ мекунанд.
- Аз фанни риёзӣ саволҳо пайдо шуданду бо паёмак ба устод хабар додам. Муаллим дар зудтарин фурсат дар ҳуҷраи дарсии алоҳида маро қабул ва тарзи дурусти ҳалли масъаларо фаҳмонд, - изҳор дошт Анӯша.
Узма Хон аз Покистон барои таҳсил омадааст.
- Дар бораи Хоруғ маълумот надоштам ва вақте пас аз шаҳрҳои бузург, ба мисли Қарочӣ ва Душанбе ба шаҳри кӯчаки Хоруғ ворид шудам, ҳисси хавотир аз дилам гузашт, ки оё интихоби ман дуруст буд? Вале чун ба остонаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ қадам ниҳодам, аввалин эҳсосам ин буд, ки дар интихоб хато накардаам. Соли дувум таҳсил дораму ин ҷоро беҳтарин макон барои омӯзишу парвариш мешуморам, - баён дошт Узма Хон.
Гурӯҳи донишҷўёнро дар китобхонаи электронӣ машғули мутолиа дарёфтам. Байни онҳо бо Айдай Максатбекова ҳамсуҳбат шудам, ки аз Қирғизистон омадааст. Ба гуфтаи Айдай, вай ҳанӯз аз синфи 7-ум барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар Қирғизистон амал мекунад, таълим мегирифт ва омодагии хуб имконият дод, ки ба донишгоҳ дохил шавад.
- Мехоҳам дониши андӯхтаамро дар густариши сайёҳии экологӣ дар кишварам истифода барам. Ба назари ман, хусусиятҳои табобатии ќимиз (шири байтал) ҳанӯз пурра омӯхта ва тарғибу истифода нашудаанд ва мехоҳам дар ин замина маркази сайёҳии экологӣ ва табобатӣ кушоям,- изҳор дошт Айдай.
Донишҷўён дар ошхонаи барҳаво ройгон се вақт ғизои гарму лазиз мехўранд ва ҳангоми танаффусҳо ва ҳар вақти дигар метавонанд қаҳва ва чойи гарм нӯшанд. Дар хобгоҳ дар як ҳуҷраи хоб дунафарӣ зиндагӣ доранду дар ҳаммоми дохили он барои ҳар яке алоҳида шароит барои шустушӯ муҳайёст. Агар нафаре дар ҳуҷра хоҳад, ки ҳангоми тайёр намудани дарс ва ё дамгирӣ танҳо монад, девори чӯбин ӯро аз ҳампаҳлуяш ҷудо мекунад.
Дар хобгоҳ тибқи дастур даромадани писарону духтарон ба ҳуҷраҳои ҳамдигар қатъиян манъ аст. Низом дар роҳрави хобгоҳ ба воситаи дурбинҳо назорат мешавад.
- Чунин шеваи зиндагиро чӣ гуна қабул доред, мепурсам аз Анӯша.
- Духтарон ва писарон дар муошират байни ҳам дар дарсҳо, машғулиятҳо ва умуман дар ҳаёти шаҳрак озоданд. Вале низоме, ки дар хобгоҳ ҷорӣ аст, комилан дуруст меҳисобам ва онро аз рӯи одоби шарқӣ мешуморам,- мешунавам аз мусоҳибам.
Ба гуфтаи Айдай донишҷӯён дар тарзи эҳтиром ба устодону ашхоси калонсол ва дар муносибат байни писару духтар ҳамранганду гуногунфарҳангиро танҳо замони баргузории маросимҳо дар ҷашнҳои миллӣ эҳсос менамоянд. Дар донишгоҳ расм аст, ки ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатиашон намояндагони ҳар давлат барномаи махсуси фарҳангӣ ва ҳунарӣ омода ва пешкаши бошандагони шаҳрак намоянд.
Таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз фанҳои омӯзишӣ дар донишгоҳ аст. Вале дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон донишҷӯёни шаҳрак оид ба ин кишвар ва мардуми он аз ҷониби донишҷўёни тоҷик боз маълумоти бештару шавқовар дастрас ва аз мазаи оши тоҷикӣ ком ширин мекунанд. Дар гӯшаи ташкилнамуда ба намунаҳои ҳунармандӣ шинос мешаванд.
- Вақте ба гирду атроф, ба хок, об, олами наботот, кӯҳҳо, пиряхҳо назар меафканем, мебинем, ки лабораторияи табиии зинда моро иҳота кардааст ва дар омӯзиш аз чунин имконияти нодир истифода мебарем. Омӯзиши таркиби хоки ин ҷо нишон медиҳад, ки он аз элементҳои кимиёвии гуногун бой буда, дар шароити ин ҷо бидуни истифодаи нуриҳои минералӣ ҳосили хуб ба даст овардан мумкин аст. Мусоидат ба рушди захоири инсонӣ ва татбиқи илму таҷриба дар истифодаи дуруст ва оқилонаи захирањои табиии минтақа аз ҳадафҳои дигари Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳастанд, - изҳор дошт декани мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи донишгоҳ доктор Диана Пауна, ки 21 сол собиқаи корӣ дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Стокголм дорад.
Ба гуфтаи декани донишгоҳ бо назардошти шароитҳои муҳайёшуда барои таҳсил ва зиндагӣ дар шаҳрак ҳаққи таҳсил 8 ҳазор доллари амрикоӣ дар як сол таъйин шудааст. Вале то ба ҳол касе аз донишҷӯён ин миқдор маблағро пардохт накардааст. Зеро пас аз пазируфта шудан ба донишгоҳ донишҷӯ ҳаққи таҳсилро вобаста ба вазъи молиаш месупорад. Меъёри асосии дохилшавӣ ба донишгоҳ фақат дониш ва истеъдод буда, ҳангоми интихоби довталабон ба тавоноии пардохти маблағи таҳсил таваҷҷуҳ намешавад. Ба ин тартиб, ба ҳисоби миёна пардохти воқеии ҳаққи таҳсил дар як сол бо назардошти ҷойи хоб, хўрду хӯрок ва дигар намуди хизматрасониҳои ройгон ҳамагӣ 1300 - 1400 долларро ташкил медиҳад. Яъне, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ кафолат медиҳад, ки маҳдудияти молии донишҷӯ набояд барои гирифтани таҳсилоти босифат монеа бошад.
Шаҳрак тими духтаронаи футболи худро дорад, ки дар рақобат бо чунин тимҳо шаҳди бурду бохтро чашидааст. Анӯша субҳ ба варзиш машғул мешаваду пас аз тановул ба дарс меравад. Дарсҳо ва машғулиятҳои амалӣ аз соати 9 то 17 идома меёбанд. Узви фаъоли клуби мубоҳисавӣ ва ҷамъияти «Сабз” - и донишгоҳ асту дар омода намудани намоишнома ба забони англисӣ саҳм мегирад ва вақти холӣ қариб надорад. Анӯша аз он шод аст, ки се узви клубашон дар мубоҳисаи байналмилалии донишҷўён, ки дар шаҳри Кейптаун баргузор гардид, иштирок дошт.
- Дар ин шаҳраки афсонавӣ, ки тамоми шароит барои таҳсил ва фароғати донишҷӯён фароҳам шудааст, боз чӣ намерасад? - мепурсам аз Анӯша.
- Ягона камбудиро дар он мебинам, ки ҳаёти мо пурра ба шаҳрак вобаста аст ва ман худро каме дар инзивоъ ҳис мекунам. Гоҳе дил мехоҳад, ки бо дугонаҳоям дар қаҳвахонаи хуб шинему истироҳат кунем ё ба кинотеатр ва ё театр равем. Вале дар Хоруғ чунин имконият камтар дида мешавад ва мехоҳам чунин фурсатҳо бештар фароҳам шаванд, - баён медорад мусоҳибам.
Ба бовари коршиносон бо авҷи сохтмонҳо, аз ҷумла бунёди бинои театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ торафт зеботару бо рушди инфрасохтор сифати хизматрасонӣ ҳар чӣ бештар ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ ва барои меҳмонону сайёҳон мақбултару ҷаззобтар мегардад ва интизор меравад, мушкилоти мавҷуд дар тӯли чанд соли оянда аз байн меравад.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бар асоси шартнома миёни сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон бо Волоҳазрат Оғохон соли 2000-ум таъсис ёфта, алҳол дар шаҳри Норини Қирғизистон ва Хоруғи Тоҷикистон дарҳои ин донишгоҳ бар рӯи довталабон бозанд. Қарор аст, кампуси сеюми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2022 дар шаҳри Текели Қазоқистон оғўши худро ба рӯи довталабон боз намояд.
Мирзоҷалоли ШОҲҶАМОЛ,
шањри Хоруғ