Наботбегим Азатхонова баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе бо ихтисоси омӯзгори фанҳои химия ва биология, ба мактаби № 23 деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон роҳхат гирифт. Иддае аз дӯстон маслиҳаташ доданд, ки дар мактаби зодгоҳаш деҳаи Танг фаъолият кунад. Зеро то деҳаи ҳамсоя се километр роҳ асту фасли зимистон рафтуомад душвор мегардад.
Вале ӯ ба гуфти худ кор гирифт ва бо меҳру муҳаббат ба пешаи интихобнамудааш 1-уми сентябри соли 1969 ба остонаи мактаби деҳаи Барсем қадам ниҳод. Тақдири минбаъдаи омӯзгори ҷавон як умр бо ин боргоҳи дониш ва ҳаёти пурҷӯшу хурӯши деҳа гиреҳ хӯрду 40 соли ҳаёташро сарфи ин пеша намуд. Бонуи равшанзамиру донишманд ва дорои маданияти баланди муошират барои самараҳои таълимию заҳмати ҳалоли омӯзгориаш тайи ин муддат чун тарбиятгари насл шуҳрат ёфт.
- Муаллима Наботбегим дарси химияро бо забони сода, вале буррову фаҳмо дар майнаи талабаҳо ҷой менамуд, ки онҳо дарсро зуд аз бар менамуданд. Ҳатто кундзеҳнтаринҳо, ки ба хондан рағбати кам доштанд, ба дарсҳои омӯзгори равшандил мароқ зоҳир менамуданд. Зеро муаллима бо шавқу завқ ва обу ранги бадеӣ дарс мегуфту аз формулаҳо ва таҷрибаҳои амалӣ зиёд исти- фода мебурд. Дарси химия ба шарофати муаллимаи эҷодкору меҳрубон бароям дар баробари омӯзиши яке аз илмҳои шавқовари табиӣ, ҳамчунин, дарси андеша, андарз ва панду ҳикмат гардид, - зикр менамояд яке аз шогирдони муаллима Шакарбек Қурбонбеков.
Бо кӯшиш ва навовариҳои муаллима дастпарваронаш бо дониши хуб дар озмунҳои сатҳҳои гуногун баранда мешуданд. Химия яке аз фанҳои дӯстдоштаи хонандагони мактабҳои деҳот гар- диду муаллимаро роҳбари Иттиҳодияи химикҳои ҷавон таъйин намуданд. Шавқеро, ки муаллима нисбат ба фан дар дили шогирдон фурӯзон намуд, бисёре аз онҳоро дар роҳи интихоби касб ва ноил шудан ба комёбиҳо роҳбар гардид.
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарин» Мавлуда Давлатмамадова, мутахассиси фармакологияи Муассисаи давлатии «Маркази илмию таҳқиқотии фармасевтӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки дарсҳои шавқовари муаллима дар дилаш орзуи мутахассиси соҳаи химия шуданро барангехт. Мавлуда хока барои табобати кӯдаконро аз кони талки Мулвоҷи Ишкошим кашф ва барои истифода пешниҳод намуд. Талки Ишко- шим миллионҳо тонна захира дошта, маъдани онро на танҳо дар соҳаи тиб, балки соҳаҳои гуногун, ба мисли сохтмон, коғазбарорӣ, қаннодӣ истифо- да бурдан мумкин аст. Хокаи талк дорои молекулаҳои оксиди магний, оксиди кремний ва об буда, пӯстро аз таъсири омилҳои беруна ҳифз мекунад.
Натиҷаҳои баландитаълимӣ дар сатҳи вилоят ва мавқеи фаъоли ҷамъиятию сиёсии Наботбегим Азатхонова боис шуданд, ки ӯ ба вакилии Шӯрои вакилони халқи СССР пешбарӣ ва интихоб гардад. Ҳамдеҳагон ёд доранд, ки аснои бозгашт аз иҷлосияи Шӯрои Олии СССР ду ҷомадони калон вакили мардумиро ҳамроҳӣ мекард. Дар шароити камчинии молу коло дар он солҳо дигарон бо ҳавас ва хешовандон бо умед ба ин ҷомадонҳо менигаристанд, ки шояд барои ҳар якеашон аз са- фари дур туҳфа оварда бошад.
Чун муаллима дар ҳузури пайвандону ҳамсояҳо ҷомадонҳоро кушод, ҳозирон ҳайрон монданд. Ҷуз як рӯймоли савғотӣ барои модар ва як бастаи конфет, ки ба ҳозирон қисмат гардид, ҷомадонҳо моломоли маҷаллаву китобҳо, амсоли «Химия в школе», «Биология в школе» буданд, ки алҳол китобхонаи шахсии муаллимаро ташкил медиҳанд.
Саҳфаи яке аз маҷаллаҳои «Биология в школе»-ро акси муаллима бо мусоҳиба зеб медод. Дар он мавод муаллима аз гуногунрангии биологии Помир ба хонандагон сухан мегуфт. Дар мусоҳиба, аз ҷумла омада буд, ки бинобар таъсири зиёди нурҳои ултрабунафш дар шароити иқлими баландкӯҳӣ моддаҳои фаъоли биологӣ дар таркиби рустаниҳои минтақа зиёдтар буда, роҳандозии саноати доруворӣ дар ин ҷо ба мақсад мувофиқ аст.
Дониши хуб додан ба хонандагон, онҳоро ба сӯйи касбу ҳунар, роҳи дуруст, хулқу атвори нек, ҷавонмардӣ, шарафмандӣ ва муҳаббат ба Ватан ҳидоят намудан рисолати омӯзгор аст, ки муаллима Наботбегим Азатхонова бо шарафмандӣ онро ба сомон расонд. Ӯ шогирдонро фарзандвор дӯст медошту дар роҳи таълиму тарбияашон мекӯшид, то онҳо дар оянда бодонишу ватанпарвар ва соҳибкасб ба воя расанд. Муаллима аз он худро хушбахт мешуморад, ки бо шавҳараш, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ба ӯ дил баста буд, оилаи намунавӣ барпо намудаву фарзандони хубу донишмандро ба воя расонданд.
Имрӯзҳо низ муаллима бо мактаб робитаи зич дорад. Дар тарбияи шогирдон ва раҳнамоии омӯзгорони ҷавон саҳмгузор аст. Ба андешаи ӯ омӯзгорӣ дар доираи мактаб маҳдуд намешавад. Бояд омӯзгори асил бо амали неку писандида ва сухани нарму ҳидоятгараш дар ҷомеа тарғибгари дониш ва тарбиятгари насл бимонад.
Наботбегим Азатхонова барои хизматҳои арзандааш бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ғайра қадр гардидааст.
Замоне, ки барои суҳбат бо муаллима ба деҳа мерафтам, дар роҳ чашмам ба лавҳаи муассисаи таълимӣ аз суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод: «Омӯзгор шахсест, ки ҷомеа тақдири фарзанди худро бо умеди ояндаи нек ва ба хотири соҳиби рӯзгори сазовор гардидан ба ӯ месупорад. Ин масъулияти муқаддас аз омӯзгор тақозо менамояд, ки барои тарбияи насли наврас ғамхору дилсӯз ва ташаббускору эҷодкор бошад, касби хешро сидқан дӯст дорад ва нисбат ба шогирдон меҳру муҳаббат дошта бошад».
Суханоне, ки барҳақ ба омӯзгороне, амсоли Наботбегим Азатхонова нисбат доранд.
М. ШОҲҶАМОЛ, н. Шуғнон, деҳаи Барсем