Ӯ миёни ҳунармандони чирадасти кӯҳистонӣ ба воя расидааст. Бонувони авлоди падар ва ҳам модар, ки ҳамеша даст ба сӯзан буданд, гирди онҳо парвонасон чарх мезаду ба ҳама кор зеҳн мемонд.
Ҳанӯз ҳашт сол дошт, ки рӯи канва (матои пахтагии катакдор) нақши ироқӣ медӯхт, аз муҳра шерозаву гулубанд мебофт. Дар 10-солагӣ рӯи матоъ нақш мепартофт. Таҳти навои мусиқии форами радио, ки он айём қариб ягона воситаи дилхушии мардум буд, бибӣ, аммаҳо, модар ва хоҳаронаш ҳалқа нишаста, ҳунар меофариданд. Рӯи матоъ модар нақшҳои зебо мекашиду ба духтарон медод, ки гулдӯзӣ кунанд. Синфи ду ё се мехонд, ки аввалин бор барои холаи арӯсаш 6 адад болини гулдӯзӣ - дастранҷи хешро ҳадия намуд. Бовари кас намеомад, ки ин духтараки хурди лоғарандом метавонад чунин зебоӣ офарад.
- Аммаи 98-солаам ба гулу нақшҳои кашидаам ишора намуда, пурсиданд: «Медонӣ, ки инҳо чӣ маънӣ доранд?». Гуфтам: «На». Гуфт: «Нақши яханӣ маънии пастиву баландии рӯзгорро дорад. Муслимӣ маънии аспсавор, шоҳсавор будан дар зиндагист». Ин буд, ки аз он овон асрори нақшҳоро меомӯхтаму аз онҳо маънӣ меҷустам, - иброз намуд Маърифат Неъматова, ки алҳол роҳбари Маркази ҳунарҳои мардумии фабрикаи дӯзандагии «Сифат-саноат»-и шаҳри Душанбе аст.
Имрӯзҳо бонуи ҳунарманд нақшҳои қадимиро эҳё намуда, мегӯяд, ки пилларо аз гули ғармаш ранг медоданду бо нахҳои он нақши яханӣ (пурпечутоб) медӯхтанд. Нақши яхани- ро бештар мардуми миёнаҳол ва муслимиро, ки шакли одами аспсаворро дошт, дороён ба бар мекарданд.
- Бозёфтҳои таърихиро, ки нимаи аввали асри XIX пайдо кардаанд, муҳаққиқ Александр Кузнетсов таҳлил намуда, ба хулосае омадааст, ки аввалин гулу гулдӯзӣ аз водии Дарвоз будааст. Дар шароити вазнини кӯҳистон, ки мардуми ин минтақа замини корам надошт, шаб то саҳар дар рӯшании сияҳчароғ тоқӣ, ҷома ва дигар абзорро гулдӯзӣ карда, ба шаҳру деҳоти Хатлон интиқол медоданд ва бо гандум, қуноқ, боқило ва дигар зироатҳо иваз менамуданд, - гуфт ҳунарманд.
Аввалин коргоҳи худро Маърифатбону соли 2003 бо дастгирии раиси ноҳияи Дарвоз ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ таъсис дод, то бонувони ниёзманди ин минтақа бо шуғли даромаднок таъмин гарданд. Коргоҳи ӯ мошинхонаи назди зистгоҳаш буд, ки дар маркази шаҳраки Қалъаи Хумб воқеъ буд. Аз хонаи худ, аз модар ва дигар хешовандон мошинаҳои дарздӯзӣ ҷамъ оварда, ба занону духтарони маҳаллӣ шеваи дарздӯзӣ омӯхт. Баъдан, аз ҷониби кумита 6 адад мошина изофа гардид. Деҳа ба деҳа гашта, духтаронро ба касбомӯзӣ даъват мекард. Дилсӯзу бошафқат ки буд, бештар ҷавонзанони танҳои кӯдакони хурдсолдошта ва духтарони маъюбро ба