Раиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон «Ҳафт пайкар» ва Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ, ҳунарманд ва тарроҳ Мукаррама Қаюмова бобати нақш, тарзи таҳия ва вазъи кунунии либоси миллии тоҷикӣ бар он назар аст, ки тарроҳи либос бояд бо донишу малака ва истеъдоди ғайриодии хеш аз дигарон тафовут дошта бошад. Китоби ӯ «Нақшу нигор дар зиндагии форсизабонон» дар Эрон китоби сол эълон гардида, 50 ҳазор нақшу нигори тоҷикиро фаро мегирад.
- Либос муаррифгари анъанаву муқаддимаи фарҳанги башарист. Тарроҳи либосро мебояд, ки ғурури миллӣ ва ҳисси баланди худшиносиро доро бошад, то тавонад либоси қавмашро ҳифз намояд. Дар ин пеша ду пайроҳа ҳаст - оне, ки худододист ва оне, ки омӯхтааст. Истеъдоди худододӣ мисли хазинаи тиҳинашавандаест, ки пайваста чизе барои эҷод кардан дорад. Дувумин то ҷое метавонад, ҳар маротиба аз омӯхтану андўхтан дониши хешро сайқал медиҳад.
Омӯхтани илми либос барои тарроҳони тоҷик зарур аст, то фалсафаи абзори минтақаҳои Бадахшону Зарафшон, Хатлон ва Раштонзаминро донад. Тарроҳи воқеӣ онест, ки истеъдодаш арҷгузорӣ мешаваду ҳадафаш танҳо ба даст овардани маблағ нест, балки эҳтирому эътиқоди мардум, ҳифзу эҳёи анъанаҳои гузаштагон ва муаррифии он дар миқёси ҷаҳон аст.
- Имрӯзҳо тарроҳон зиёд либоси миллиро бо аврупоӣ омезиш медиҳанд. Ин равиш ба асолати либоси миллӣ халал ворид намесозад?
- Зиёд мебинему мешунавем, модерн кардем, мегӯянд, яъне либоси замонавӣ офаридем. Бигзор ба замона наздик бошад, вале хусусиятҳои либоси аслӣ набояд аз байн равад. Солҳои пеш буғаку қазоқак мегуфтем, ки ягон ҷои бадан намоён намегардид. Бибиёнамон суфакҳои сафед ба бар мекарданд, ки остинҳои онро бо нахҳои абрешимӣ гулдӯзӣ мекарданд. Қулфак, зулфак, гулубанд ва ғайра доштем...
Бархе либосро таҳқир месозанд. Ҳарчи хоҳанд, меофаранд. Либос фалсафаи зиндагии мардум ва ҳатто сиёсат аст. Офаридани либоси миллӣ чизи сода набуда, аз кашидани нақша, буридани тарҳ, болои он рангбозӣ кардан ва ғайра иборат аст. Фалсафаи нақшу нигорро мебояд донист. Нақш дар болои батни зан дўхта мешуд, ки рамзи садафро дошт ва дохили садаф гавҳар парвариш меёфт. Ҳоло нақшҳо ҳатто пеш ва пушти пой аст. Ҷопониҳову чиниён ягон рукни либоси миллиро иваз намекунанд. Зеро онҳо мехоҳанд мероси гузаштагонро бе тағйир ба мерос баранд.
Фарҳанги ғании мо низ набояд тағйир пазирад, зеро кулоҳҳое, ки шоҳони тоҷику форс ба сар мекарданд, дар деворҳои Кремл аз ҳамин нақшҳои ориёӣ зиёд истифода шудааст.
Вақте ба Малайзия сафар кардем, моро аввал ба Вазорати либос, баъдан ба Донишгоҳи либос ва пас ба Осорхонаи либос бурданд. Меҳмонхонаҳо саропо бо усули миллӣ ороиш ёфтаанд. Бозорҳои мо пур аз либосҳои бегона аст. Амрикоиҳо бо либосҳои «ҷинс», ки таърих надорад, бозорҳои дунёро фатҳ кардаанд. Бо доштани таъриху фарҳанги ғанӣ мо бояд ба либоси миллии худ такя намоему аз њафт ранг истифода барем. Моро Вазорати либос ва Осорхонаи либос мебояд…
- Либоси миллии мо метавонад ниёзмандиҳои мардумро барорад?
Назари хориҷиён ба он чӣ гуна аст?
- Вақте ки бо либоси миллӣ вориди майдонҳои фарҳангии ҷаҳон мешудем, ҳама бо завқ ба мо нигариста, аз куҷо буданамонро пурсон мешуданд. Хушбахтона, либоси миллии тоҷикӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидор дорад. Барои як либоси қадимаи болопӯши суғдӣ дар Лондон музояда аз 700 доллари амрикоӣ сар шуда, то яку ним миллиард расидааст. Ҳоло ҳам мекӯшанд, ки онро бо арзиши гарон бифурӯшанд. Бисёр осорхонаҳо талош доранд, ки онро дастрас намоянд.
Соли 2004 бахшида ба 60-солагии ҷашни Юнеско дар шаҳри Париж намоиши либоси миллии шоҳдухтаронро аз рӯи асари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ доир намудем. Он ҷо либоси симурғро низ офарида будем, ки думи 3-метраи он дастӣ дӯхта шуда буд. Аҳли толор ба по хеста, кафкӯбӣ карданд. Либоси симурғро 38 ҳазор евро нархгузорӣ карданд, вале онро нафурӯхтем. Ҳини бозгашт 36 либоси намоишдодаамон дар фурудгоҳ гум шуд. Пас аз ду соли ҷустуҷӯ бар ивази либосҳои гумшуда ба мо ҳамагӣ 500 евро доданд. Хеле ғамгин шудам, баъдан андешидам, ки Фаронса ба ҳунари миллати тоҷик ниёз дорад. Ҳамчунон, дар 3000-солагии тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Дубай ширкат доштем. Дар либос аз нақшҳои деворнигораҳои тахти Ҷамшед фаровон истифода бурдем. Тамоми форсизабонон бо ҳайрат аз куҷо будани моро пурсон мешуданд .
Хушбахтам, ки дар осорхонаи «Тоҷи ҷаҳон»-и Корея, ки тамоми тоҷҳои ҷаҳон гирдоварӣ шудаанд, тоҷи Тоҷикистону либоси тоҷикиро бурда ҷой кардам ва шоҳҷоизаи Сулҳро ба даст овардам. Инчунин, дар Македония мағозаи ҳунарҳои мардумии Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқиро таъсис додам, ки маҳсулоти мардуми тоҷикро ба фурӯш мегузорем.
- Нозукиҳои пардозгарию ороиши либосро аз кӣ омӯхтед?
- Модарам бонуи хонашин буд, вале завќи баланди њунармандї дошт, ки бисёр ҳунарҳоро аз ӯ омӯхтаам. Солњои 90-ум дар муассисаи давлатие заҳмат мекашидам ва баъди кор тӯли ҳафта 10 тоќии зардўзї медўхтаму модарарӯсам онҳоро мефурўхт. Аз ҳисоби ҳунармандӣ солҳои ҷанги тањмилии шаҳрвандӣ соҳиби луқмаи худ будем.
Ҳамсояҳо зиёд хоњиш мекарданд, ки ба онҳо низ ҳунар омӯзем, то аз вартаи гуруснагӣ бираҳанд. Коргоњи дўзандагии мо ба њамин минвол ба вуљуд омад. Маҳбуба Ѓуломова, ки дар њамсоягӣ мезист, хоњиш намуд, ки барои телевизион як намоише сабт намояд. Пас аз он муштариён афзуд. Аввалин мизољ расми либоси водии Њисорро оварда, хоњиш кард, ки чунонаш омода созем. Онро муддати як њафта бо ќулфаку гиребону парпарак ва даравшакдўзї омода намудем.
Соли 1996 Рўзњои фарњанги Тољикистон дар Ўзбекистон доир шуд. Мо 7 њазор либос барои ансамбли сарояндагон бо сабки миллї дўзондем. Дар ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён либоси шоњ Исмоили Сомониро бо бародаронаш офаридам. Њамчунин, дар ҷашни 2700-солагии шањри Кўлоб ва 2500-солагии Истарафшан сањми чеварони мо зиёд буд. Либосњое, ки ба сарони давлатњо њадия мешаванд, низ тайёр менамоем. То ба имрўз «Њафт пайкар» 39 шоњљоизаи байналмилалиро аз гулдўзї, сӯзанї, армуғонҳо ва ғайра ба даст овардааст.
- Дар донишгоҳҳои кишвар аз рӯи ин равия таълим додаед ва ба таълимгирандагони риштаи тарроҳӣ чӣ назар доред?
- Замоне масъулони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маро ба ҳамкорӣ даъват карданд. Мувофиқи қарордод таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар коргоҳи мо мегузашт, вале бо сабабҳои номаълум, он таъхир ёфт. Зиёд мехостам, ки дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон факултаи нақшунигори миллии тоҷикӣ ифтитоҳ ёбаду он ҷо дарс гӯям…
Донишҷӯёни зиёди риштаи тарроҳӣ муддати 5 сол таълим мегиранду вале на ҳама дар ин пеша муваффақ мешавад. Шахсан зиёда аз 5 ҳазор шогирд тарбия намудаам. Аз ин ҳисоб 422 нафар соҳиби нишони Аълочии фарҳанг ва ҷоизаҳои ҷаҳонӣ гардид. Чанд тан аз тарроҳони шинохтаи кишвар, аз қабили Хуршед Сатторов, Мавлуда Ҳамроева, Умед Негматов, Умед Кучкалиев ва дигарон аз мактаби ман гузаштаанд. Мудом дар семинару омӯзишҳои байналмилалӣ ширкат меварзам ва берун аз кишвар низ шогирдони қирғизу қазоқ, амрикоиву мексикоӣ дорам. Шогирдонамро ба ҳама намоишҳои хориҷї мебарам, то бубинанду омӯзанд. Бештар либосњои тањиянамудаи шогирдонам Умед Негматов ва Гулчењра Эргашова бароям писанданд.
Бисёр хоҳонам то тарроњон чакани њар як минтаќаи кишварро эњё намоянд. Чакани шањри Душанбе бояд бо хусусиятњои махсуси худ фарќкунанда бошад. Ин корро байни бонувони шањрӣ оњиста-оњиста љорї намуда истодаем.
- Нисбати эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун солњои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чӣ назар доред?
- Ман аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят сипосгузорам. Дар баробари корҳои ободониву созандагӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ боз ҳунарњое, ки ба гӯшаи фаромўшї рафта буданд, дубора эҳё гардиданд. Хушбахтона, насли љавон ба омўхтани фарҳанги ғании гузаштагон рӯ овард. Кунун њунармандон аз андоз орӣ, бемалол дастранљ омода намуда, суд мебаранд ва зиндагии хешро рангин месозанд. Грантњои президентӣ барои амалишавии иқдомҳои бонувон ҳадияи беназиранд.
Мо бо дастгирии Кумитаи занон ва оилаи кишвар дар чанд ноҳия марказҳои ҳунарии тавлидотї созмон дода, бонувонро дар хона бо кор таъмин намудем. Ман њамчун њунарманд дар назди худ вазифа гузоштам, ки то Љашни 30 – солагии Истиќлолияти давлатии кишвар 30 тарроњи шоиста тайёр намоям.
Ҳамчун модар, бибї аз зиндагии хеш розияму меболам, ки дар чунин кишваре ба сар мебарам, ки дар он сулњу субот пойдору қавӣ аст. То љон дар рамақ дорам, барои миллатам хидмат хоњам кард.
Фарзона Восеева