Биравед, то бимонам
биравед, то бимонам, биравед, то бимонам,
Ки ман аз Ватан ҷудоӣ, ба Худо, наметавонам.
Чу маҷоли тан шавад тай, чу бирезадам рагу пай,
Ту ҳамон «Ҳикояти най» шунавӣ зи устухонам.
Шаби ғурбат, арчи рангин зи булӯру нуру озин,
Ба чӣ кор оядам ин, ки дар ӯ на шодмонам?
Зи гудозаҳои оташ шабу рӯз дар кашокаш,
Чу хаёли ман мушавваш шуда зеҳни осмонам.
Гулу рӯшанӣ ниҳон беҳ, хафа дар чароғдон беҳ,
Ки ба гӯшҳо синон беҳ зи хурӯши газмагонам.
Ҳараме, ки соя мезад, ба сарам агар бирезад,
Дили ман куҷо гурезад, ки муқими остонам?
Ману кӯдакону пирон, ғами ҷангҷӯ далерон,
Ба ҳамин хамӯши вайрон, ки дар ӯст ошёнам.
Ману кунҷи ин парешон ба диёри сифлакешон,
Наравам, ки меҳри эшон, ба гадоваше ситонам.
Агар ин кабуд айвон накушодаасту хандон,
Зи ман асту шаҳрвандон, на ба вом соябонам.
Ба умеди рӯзи беҳтар, пайи гом, гоми дигар,
Задаам ба сӯйи бовар, биравед, то бимонам.
Он дида...
он дида, ки бо меҳр ба сӯям нигарон буд,
Дидам, ки ниҳонӣ назараш бо дигарон буд.
Он ахтари тобанда, ки пиндоштамаш ишқ,
То сӯи ман омад, чу шаҳобе гузарон буд.
Бишкаст маро пушт зи сардӣ, ки ба ман кард,
Ман шохаи гул будаму ӯ барфи гарон буд.
Бо оби равон барги гули рехта мерафт,
Хуш он ки чунин дар сафараш ҳамсафарон буд,
Наргис зи чӣ бо ғунча дар омехт, ки мушкил
Бо кӯрдилон суҳбати соҳибназарон буд.
Рақсиду ба ҳамроҳи сабо турра бар афшонд,
Гуфтӣ, ки чу мо бед зи ошуфтасарон буд.
Дар кӯҳ нишастем, ки бо лола нишинем,
Бо доғдилон улфати хунинҷигарон буд.
Симин дигар имрӯз надорад хабар аз хеш,
Бо он ки худ ороми дили бехабарон буд.
Симин Беҳбаҳонӣ
Буттарош
Пайкартароши пираму бо тешаи хаёл,
Як шаб туро зи мармари шеър офаридаам.
То дар нигини чашми ту нақши ҳавас ниҳам,
Нози ҳазор чашми сияҳро харидаам.
Бар қоматат, ки васвасаи шустушӯ дар ӯст,
Пошидаам шароби кафолуд, моҳро.
То аз газанди чашми бадат эминӣ диҳам,
Дуздидаам зи чашми ҳасудон нигоҳро.
То печу тоби қадди туро дилнишин кунам,
Даст аз сари ниёз ба ҳар сӯ кушудаам.
Аз ҳар зане, тароше тане вом кардаам,
Аз ҳар қаде карашмаи рақсе рабудаам.
Аммо ту чун буте, ки ба бутсоз нангарад,
Дар пеши пои хеш ба хокам фикандаӣ.
Маст аз маи ғуруриву дур аз ғами манӣ,
Гӯӣ дил аз касе, ки туро сохт, кандаӣ.
Ҳушдор! З-он, ки дар паси ин пардаи ниёз
Он буттароши булҳаваси чашмбастаам.
Як шаб, ки чашми ишқи ту девонаам кунад,
Бинанд сояҳо, ки туро ҳам шикастаам!
Нодири Нодирпур