Дар оғӯши шаҳри озодаву перостаи Роғун, ки бо муҳташамтарин иншооти гидроэнергетикӣ – неругоҳи барқи обиаш ифтихори мардуми сарбаланди тоҷик аст, беш аз 45 ҳазор мардуми гуногунмиллат, ки аксар дар сохтмони ин неругоҳи азим саҳм мегузорад, сукунат меварзад.
Саҳми бонувони заҳматдӯсти ин диёр чӣ дар сохтмони неругоҳи азим ва чӣ дар рушду нумӯи ин шаҳри дилрабо назаррас аст. Аз шумораи умумии аҳолӣ 22 ҳазору 457 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки 2822 нафари онҳо дар ташкилоту муассисаҳои гуногун фаъолият менамоянд.
- Сол аз сол саҳми муассири бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рӯ ба афзудан дорад. Имрӯзҳо 140 нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошта, 15 нафар хизматчии давлатӣ мебошад. Шумораи вакилони мардумӣ аз ҳисоби занҳо 17 нафарро ташкил медиҳад, - иброз дошт Муқаддас Рамазонова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.
Соҳибкорӣ ва эҳёи ҳунарҳо
Барои рушду тавсеаи фаъолияти соҳибкории бонувон шароити хуб фароҳам буда, ҳудуди 40 нафар бонуи соҳибкор ва 67 нафар бонуи роҳбар дар хоҷагиҳои деҳқонӣ заҳмат мекашанд.
- Бонувони шаҳри Роғун бештар ба соҳибкории хурду миёна даст доранд. Ҳамчунин, бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бонувони хонашин ба шуғли судманд дар ҳудуди шаҳр чор маркази ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардидааст. Мисли солҳои пешин, ки бибиёнамон давра нишаста, суҳбатҳои ширин меоростанду бо сеҳри сӯзан ҳунарҳои қадимиро ривоҷ медоданд, имрӯз низ занони маҳаллӣ мекӯшанд, ки нозукиҳои ҳунарҳои дастии гузаштагонро ба хотир оварда, шавқу рағбати ҷавононро ба дастранҷҳои анъанавӣ бедор созанд. Ин аст, ки бонувони таҷрибадор дар ҳар марказ 10 -15 нафар духтарро ба омӯзиш ҷалб карда, рафидаву қуроқу гулдӯзӣ, қолинбофӣ, муҳракашӣ, сабадбофӣ ва дигар ҳунарҳои маъмулии ҳунармандиро ба роҳ мондаанд.
Мардони ҳунарманд бештар ба созу табақтарошӣ шуғл доранд. Боиси сарфарозист, ки тӯли сол ҳунармандон 7 маротиба дар озмуну намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ҷумҳурӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд, - иброз дошт Муқаддасбону.
Бино бар гуфтаи ӯ, бонуи ҳунарманд Мавлуда Саидова ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти президентӣ гардида, маркази дӯзандагӣ таъсис додааст.
- Дар ин марказ 20 нафар бону ба кор ҷалб гардидааст ва онҳо асосан ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғуланд. Соли равон мактабҳои шаҳри Роғунро ин марказ пурра бо сарулибоси хушсифат таъмин намуд, - гуфт М. Рамазонова.
Ихтисосҳои фарогир
Сафи бонувони шаҳр дар соҳаҳои иҷтимоӣ-тандурустӣ ва омӯзгорӣ бештар ба назар мерасад. Барои омода намудани мутахассисони соҳаи барқ аз ҳисоби духтарон низ тадбирҳо андешида мешаванд.
- Дар коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун аз 270 нафар донишҷӯ 28 нафар духтарон мебошанд. Баъд аз хатми коллеҷ духтарон бе ягон мамониат метавонанд дар НБО «Роғун» бо ҷойи кор таъмин гарданд. Ҳамчунин, аз шароити бонувони заҳматкаши неругоҳ пайваста дидан намуда, бо онҳо вохӯриҳо доир менамоем. Баҳри бонувон шарту шароити кории хуб муҳайё буда, сари вақт бо хӯрокҳои гарми болаззат таъмин мегарданд, - афзуд Муқаддасбону.
Тибқи маълумоти оморӣ, сафи духтарони ба макотиби олии ҷумҳурӣ шомилшаванда низ рӯ ба зиёдшавист. Масъулон мекӯшанд, то духтарон ба ихтисосҳои тиббӣ ва забонҳои хориҷӣ, ки ба онҳо мардум бештар эҳтиёҷ доранд, рӯ оранд.
Сайёҳӣ – омили рушд
Барои пазироии сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори шаҳр низ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар шаҳри Роғун 254 иншооти хизматрасонӣ мавҷуд аст, аз қабили 3 тарабхона, 32 ошхона, 3 меҳмонкада, 1 чойхонаи миллӣ, 6 осоишгоҳ, 5 ҳаммом, 19 дорухона, 7 толори варзиш, 116 мағоза, 5 коргоҳи дӯзандагию адрасбофӣ ва 1 маҳсулоти нонӣ, ҳамчунин, осорхона, боғи фарҳангию фароғатӣ, гулгашти ҳунармандон ва ғайра.
Табиати афсункори шаҳри Роғун ва деҳоти атрофи он барои гардишгарию саёҳат ҷолиб мебошад. Хатсайрҳои нави сайёҳии деҳоти Ёнахш, Гули Сурх, Луғур ва Марғзор имкониятҳои сайёҳии экологӣ, таърихӣ ва фарҳангии ин мавзеъҳоро муаррифӣ месозад, ки барои саёҳати пиёдагардӣ, кӯҳгардӣ ва кӯҳнавардӣ қулай буда, имкони истифодабарии нақлиёти автомобилӣ ҳам мавҷуд аст.
- Ба наздикӣ 100 нафар сайёҳи хориҷӣ ба шаҳр ташриф овард. Ба ин муносибат намоиши ҳунарҳои мардумиро доир намудем, ки барои хориҷиён ҷолиби таваҷҷуҳ буд. Ба кулчаҳои хурду калон ва гирдачаҳои иштиҳоангези бонувони маҳал онҳо бо тааҷҷуб нигариста, аз тарзи таҳияи онҳо зиёд пурсон мешуданд. Аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик низ хеле мутаассир гаштанд, - зикр намуд Муқаддас Рамазонова.
Поккорӣ
Дар ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани ин шаҳри энергетикӣ, ки равуои меҳмонон ба он зиёд буда, хориҷиён низ дар сохтмони неругоҳи азим фаъолият менамоянд, саҳми бонувони маҳаллӣ назаррас аст. Муқаддасбону, ки худ зани фаъолу заҳматдӯст аст, даъват ба амал меорад, то бонувони ҳам шаҳр ва ҳам деҳот ба тозакориву ободкории дохил ва атрофи манзилҳои истиқоматӣ камар баста, кӯчаву майдонҳои шаҳру деҳотро чун зистгоҳи хеш донанд. Воқеан, дар ҳама фасли сол кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Роғун тозаву озодаанду обхӯрда ва гулу сабзаҳои муаттар роҳат нумӯ менамоянд.
- Сарфи назар аз рӯзҳое, ки шанбегӣ эълон мешавад, занҳои шаҳри Роғун ҳар субҳ атрофи манзилҳои хешро рӯбучин мекунанд. Дар фасли баҳор ва гарми сол бештари сокинон дастаҷамъона ба шинондани гулу буттаҳо даст мезананд, то шаҳрро боз ҳам хушнамуд гардонанд.
- Корҳои созандагиву ободкорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд, - меафзояд Зулфиябону.
Ситора ШАРИФӢ,
Душанбе - Роғун