Ба мардуми шарифи Тоҷикистон
Дар соли наве, ду 20 дорад пайи ҳам,
Бошед мисоли арча сабзу хуррам,
Ханда нашавад ҳеҷ зи лабҳо канда,
Шодона бувад, ба чашм агар ояд нам!
Ба Озода Раҳмон
Тимсоли зани тоҷики волотақдир,
Гулбонуи Озодаи хуршедзамир,
Арзандаи бовари Падар мебошад:
Бар ҷумлаи мушкилот ёбад тадбир.
Ба Хайринисо Юсуфӣ
Бо лутфи баёну ҳусни бемисли расо
Зебандаи номи неки худ – Хайринисо.
Монанди гули сари сабад дар маҷлис
Заҳмат бикашад барои ин мулк басо.
Ба Сумангул Тағойзода
Осон набувад вазири меҳнат будан,
Рӯзону шабон дар кори давлат будан.
Бояд, ки Сумангули Тағозода шавӣ,
Донӣ, чӣ бувад ходими миллат будан.
Ба Идигул Қосимзода
Донандаи ҳоли бонувони кишвар,
Идигули Қосимзодаи номовар.
Кӯшад, ки ҳама оила бошад маҳкам,
Бечоразане ба раҳ намонад музтар.
Ба Мағфират Хидирзода
Дар соли навин, ки интихобот шавад,
Бояд, ки ҷаҳон зи софияш мот шавад.
Чун узви нави КМИР - Хидирзодаи мо
Пуркор зи пеш, бемуҳобот, шавад.
Ба Назира Амирбекзода
Аз Боми ҷаҳон пайки амон меояд,
Овозаи ободӣ аён меояд,
Ҳар гаҳ ки Назираи муовини раис
Бар маркази мулки тоҷикон меояд.
Ба Гавҳар Шарофзода
То пок шавад забони мо аз лашу луш
Гавҳарбону ҳамеша бошад боҳуш,
Ғалбер кунад ҳар вожаро сесад бор
То ин ки равону суфта ояд бар гӯш.
Ба Сайрам Бақозода
Симову садои Тоҷикистон ҳоло
Ҳам диданию шуниданӣ дар дунё.
Сайрамбону – ин раҳбари арзанда
Дар сар дорад ҳамеша фикри фардо.
Ба Биволида Самадӣ
Биволида то раиси дас(т)гоҳ шудаст,
Дар Суғд раванди кор дилхоҳ шудаст,
Ин бонуи заҳматкаши чобукрафтор
З-асрори тамоми кор огоҳ шудаст.
Бонувони Тоҷикистон