Чилуҳашт сол қабл дар кишвар филми бадеии телевизионии «Хати парвоз» («Взлётная полоса», 1971) арзи ҳастӣ намуд, ки яку якбора қалби ҳазорҳо тамошогаронро тасхир сохт. Ин филм сайри хешро аз шаҳри Душанбе, пойтахти давлати тоҷикон, оғоз намуда, то ба деҳоти дури дури кӯҳистон ба қалби мардуми одӣ роҳ ёфт. Он овон дар кишвар ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ фаъол буд. Ҳамчунон, он замон на ҳама сокинони кишвар телевизор доштанд. Биноан, ягона роҳи дидани чунин филмҳои дилнишин тавассути мошини кинонамоишдиҳии сайёр буд. Хурду бузург дар деҳа рӯзҳои истироҳат чашм ба роҳи дастгоҳи сайёри кинонамоишдиҳӣ ва Сулаймони киномеханик мешудем. На ҳамаи деҳаҳо клуб доштанд. Киноро, аслан, дар пушти девори мактабҳо, ягон бинои девораш сафедкардашуда ё дар матои резинии махсуси сафед, ки дар девор ва ё ягон пояи дигар насб мегардид, намоиш медоданд.
Моро бахт баландӣ кард. Бузургтағоям Алихон соли 1972 нахустин телевизорро дар деҳа хариданд. Ва аз ҳамон айём бачаҳои гузар аз муштариёни доимии ин хонадон гаштанд. Ҳар бори батакрор пахш шудани филми «Взлётная полоса» (филм ба забони русӣ буд) меҳмонхонаи тағо кинотеатрро мемонд. Аз баландии ёна ба сари теппаи дигар ҷорчиҳои наврас садо дармедоданд, ки «кино сар шуд». Паропару телатунбак рӯзи маҳшарро мемонд. Баъзан, аҳли хонавода дар меҳмонхона ҷойи нишаст намеёфтанд. Тамошогарони солманд низ аз наврасон паст намеомаданд. Он шабу рӯзҳои дигар, ҳама ба шавқ, дар хусуси «Взлётная полоса» лоф мезаданд. Сари чашмаву чорроҳаи деҳа ва сари подаву мактаб, домони баҳсу мунозира ба дарозо мерафт.
Аҷаб кайфияте дошт тамошои ин филм. Парвози батакрори вертолёти майдаҳак (ба гуфти бачаҳо «дорушапак»), садо додани суруди ҳавонавард, мусиқии дилнишин, дар раҳову рӯди шӯх, манзараҳои зебои кӯҳистон, рақси қошуқи зебои духтарони хушрӯи чаканпӯш бо рӯсариву рӯймолҳои гулбасти кӯлобӣ, озмуни ҳунарҳои мардумӣ, зевару ороишот, нақшофарии ҳунармандон, хуллас аз аввал то ба охир филм мароқангез ба риштаи тасвир кашида шуда буд. То ҳол суруди халқии «Шоли зар…» дар гӯш садо медиҳад:
Шоли зар, рӯмоли зар дар камарай,
Ба гули санҷид лабҳо шакарай…
Филм гӯё дар як нафас тамом мешуд. Аз назди телевизор бо дили нохоҳам мехестем. Бо гузашти солҳо, ҳар бори батакрор тамошо кардани филми ҳунарии «Хати парвоз», деҳа, ҳавлии аз ҳама болои русто - сари баландӣ қиву чуви бачаҳои рустоӣ, намози шом, садоҳои «бидав, пода омад» ва ҳаёҳуи бачаҳо, баоси бузғолаву аккоси сагҳои чӯпонии кӯҳистон чун навори кино пеши назар ҷилвагар мегарданд.
***
Дар нақшҳо: Искандар Абдуллоев (Зафар), Муҳаббат Мансурова (Муҳаббат), Маргарита Қосимова, Тоҷинисо Саидова, Тутӣ Ғаффорова, Абдусалом Раҳимов, Гурминҷ Завқибеков, Валерий Аҳадов, Бурҳон Тӯраев, Қиматшо Имматшоев, У. Мирсалимов…
***
Бозии ҳунарпешаҳои боистеъдод барои рустоибачаҳо қарин гашта буданд. Мусиқии дилнишини оҳангсози хориқулода Фаттоҳ Одина, рақсҳои зебои кӯлобӣ, бавижа рақси мардонаи ҷавони рақсандаи саладор, бағоят дилпазиранд. Лаҳзаи аз ҳама хотирмони филм ин ҷамъбасти озмуни ҳунарҳои мардумист. Аз миёни раққосаҳои чаканпӯш яке - духтари бозигари чеҳрахандон дар фикру зикри бачаҳо сахт нақш баста буд. Ҳамсинфамон Муҳаммадзамон доимо мегуфт: «Аҷаб духтари хушруҳай, мисли духтари шоҳи парӣ, ман ошиқаш ҳастам…».
Ба гуфте, баъди сари ақл омадан, ана ҳамон рақсандаи хушхиром, духтари кӯҳистонии чеҳрахандони паривашро шинохтем. Тоҷинисо Саидова аз нақши нахустини эпизодӣ дар филми «Хати парвоз», дар самои ҳунар ба парвоз омада, солҳои баъдӣ ба пояи ҳунарпешаи маҳбубу шинохтаи кишвар расид…
РУҶӮЪ:
Чанде қабл, ҳангоми ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб, дар амфитеатри бузургтарини кишвар (12 ҳазор ҷойи нишаст) ширкатдорон, сокинону меҳмонон зери навои суруду мусиқии шӯхи ҳунармандон хурсандӣ доштанду хурду бузург мерақсиданд. Дар он миён марди солманди чобук бо хилъати хушдӯхти гулдори нақшини мардона ва дар сар тоқии чакан рақси зебое дошт. Рақсандаи ба назар ошно, аммо ҳич ба хотир намеомад, ки бозигарии ӯро куҷое дидаам.
Чошти рӯзи дигар бо ҳамкорону дӯстон аз пазироии хуши сокинони шаҳри Кӯлоб сухан рафт. Аз хушҳолии мардум ва аз боби он рақсанда ҷӯён гаштем. Ҳофизи хушсалиқа Чилахон Холов посух гуфт: «Он ҳунарварро шумо дар филми «Хати парвоз» дидаед. Ӯ бузургбародари доктори душанбегӣ Ашӯрмад, ному насабаш Файзмад Шерхонов аст. Додараш, Азизмади ҳуқуқшинос дӯсти давраи донишҷӯии мост»…
***
Тоҷинисо Саидова зодаву парвардаи ноҳияи Муъминобод (11.10.1953) аз хурдсолӣ ба санъат дилбастагии зиёд дошт ва ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна дар маҳфилҳову чорабиниҳои мактабиву хонаи пионерон фаъолона ширкат меварзид. Соли 1970 омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлобро поён бурд. Маҳз дар ҳамин давра, дар ҳайати ҳунармандони Театри халқии шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои фарҳангии РСС Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (1967) ва Фестивали байналмилалии фолклорӣ дар Молдавия (1968) ҳунарнамоӣ намудааст.
«Хати парвоз» хати маши зиндагии Тоҷинисоро ба куллӣ тағйир дод. Чанде пас Тоҷинисо муҳассили яке аз донишкадаҳои пурнуфузтарини давлати Шӯравӣ – Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва (ВГИК) шуда, дар бахши актёрӣ (дар синфи Артисти халқии СССР, профессор С. Ф. Бондарчук) таҳсил намуд. Соли 1975, пас аз хатми институт, ба шаҳри Душанбе баргашт. Ӯро роҳбарияти Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба ҳайати хеш пазируфт. Ва ӯ 16 сол (1975 – 1991) дар саҳнаи ин театр ҳунарнамоӣ кард.
Фаъолияти ҳунарии ин бонуи ҳунар, сар аз соли 1975, аслан, дар чор бахш (ҷода): театри Лоҳутӣ, киностудияи «Тоҷикфилм», телевизиони тоҷик ва театри минётурии «Оина» ҷараён гирифтааст.
Пешавари мумтоз тӯли солҳои 1975 - 1991 дар 12 намоиш нақшҳои ҷолиб офарида, дар қалби ҳаводорони театр чун ҳунарпешаи моҳир маскан гузидааст:
Каҷакхон - «Интихоби домод» («Выбор жениха», 1975), Наталя Степановна - «Хостгорӣ» («Сватовство», 1978), Келини духтур - «Исёни арӯсон» («Бунт невесток», 1981), Нетайхон - «Садо аз тобут» («Голос из гроба», 1983), Қамаргул - «Кафшҳои Абулқосим» («Башмаки Абулкасима», 1984), Модар - «Вопасин арӯси амиралмуъминин» («Последняя невеста Эмира», 1984), Модар – «Саодати худро бедор кун» («Разбуди свое счастье», 1986), Муқарраби наздики шаҳбону («Эдип», 1986), Шарофат – хола - «Ҷияни хира» («Вредный племянник», 1987), Модар - «Имтиҳон» («Экзамен», 1990), Руқия - хола - «Давуғеҷ» («Беготня», 1990), Лак («Лак и Пак», 1991).
Тоҷинисо Саидова дар зарфи 37 сол (1971 – 2008) дар филмҳои ҳунарии киностудияи «Тоҷикфилм» (аз соли 1969) 9 нақши ёдмон офаридааст:
«Хати парвоз» («Взлётная полоса», телевизионӣ, 1971), «Дар нишебӣ» («На крутизне», 2 серии, тел., 1976), «Қӯшатир» («Стрельба дуплетом», 1979), «Хушҳолтар бингар» («Гляди веселей», 3 серии, тел., 1983), «Рӯъё дар бедорӣ» («Сон наяву», кӯтоҳметража, 1990), «Марди мутааллиқи ду зан» («Мужчина и две его женщины»,1991), «Муҷассамаи ишқ» («Статуя любви», 2003), «Ҷанҷолҳои хурди шаҳри калон» («Маленькие скандалы большого города», кӯтоҳметража, 2005), «Чашмаи орзуҳо» («Родник желаний», 2008).
Умар АЛӢ