Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар радифи Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин парчам ҳанӯз 27 сол муқаддам дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд қабул шудааст. Ба хотири эҳтироми ин рамзи давлатдорӣ соли 2011 дар шаҳри Душанбе баландтарин Парчами давлатӣ дар дунё қомат афрохт. Бурҷи Парчами давлатии Тоҷикистон дар канори рости Қасри миллат аз ҷониби ширкати байналмилалии «Trident Support» бунёд ёфтааст, ки баландии сутуни он 165 метр, дарозии матоъ 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.
Шурӯъ аз соли 2009 дар ҷумҳурӣ санаи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаи муҳим бо чанде аз иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳои ҷаҳонӣ суҳбат оростем, ки парчамбардорони Меҳани азизамон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Парчами номус
Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик ва барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио – де - Жанейро – 2016, мегӯяд, ки баробари парафшон гаштани Парчами давлатии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ӯро ҳисси баланди ифтихори миллӣ фаро мегираду худро сарафрозу ифтихорманд медонад. Барои ҳар варзишгар Парчами миллӣ муқаддас ҳисобида мешавад.
Ӯ дар сабқатҳои бурунмарзии хеш ҳатман парчами кишварро бо худ мебарад. Ҳамаи ин ливоҳоро дар хонаи хеш маҳфуз медорад. Чун ҳар кадоме аз онҳо хотираҳои аҷибе аз маросимҳои зӯрозмоиро дар худ доранду хотироте аз он мусобиқаҳо мебошанд.
- Парчами давлатии Тоҷикистонро, ки баъд аз ғолибият дар Бозиҳои олимпии Рио – де - Жанейро – 2016 баланд бардоштам, то ҳанӯз дар манзили хеш нигоҳ медорам. Ин парчамро яке аз рафиқонам оварда буд. Он аз матои хушсифат дӯхта шуда, андозааш 165 ба 60 сантиметр мебошад. Вақте онро мебинам, фахр менамоям, ки миёни намояндаҳои беш аз 200 давлати дунё маҳз ин парчам партавафшон шуд. Дар ин ҳолат ғурури миллӣ ва эҳсосоти ногуфтанӣ маро фаро мегирад, - ифтихормандона иброз медорад гурди арсаи варзиш Дилшод Назаров.
Қадри парчамро замоне мефаҳмӣ…
Мавлуда Давлатмамадова, яке аз бонувони ихтироъкори тоҷик, ки пайваста дар чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат меварзад, Парчами давлатиро ҳамеша бо худ дорад. Ӯ соли равон дар 12 -умин намоишгоҳ ва Форуми ҷаҳонии занони навовар дар Ҷумҳурии Корея сазовори медали тилло гардид. Мавлуда Парчами давлатии Тоҷикистонро дар миёни 274 бону аз 28 кишвари дунё боло бардошт.
То ин дам ӯ аз эҳсосоте, ки ҳангоми баландшавии парчам ғолибон онро дарк менамоянд, хуб огаҳ набуд. Ба назари ӯ парчам бардоштани ҳар ғолиб ҳолати муқаррарист ва бо зафар ёфтан ҳатман бояд ливои кишвараш бардошта шавад.
- Лаҳзае, ки исмамро дар форуми ҷаҳонӣ чун ғолиб гирифтанд, ба минбар баромадам ва Парчами давлатии Тоҷикистон баланд гардид. Он вақт шаҳомати бузурги парчамро дарк намудам ва ҳаяҷон вуҷудамро фаро гирифт. Вақте ливои кишвар бардошта мешавад, касро аз рӯи парчам мешиносанд, ки намояндаи кадом кишвар ҳастӣ ва бароят рост истода, каф мекӯбанд. Дар ин ҳолат Парчами давлатӣ ба назар боз ҳам зеботару дилработар мегардад, - бо ҳаяҷон ёд меорад он лаҳзаҳоро Мавлуда.
Парчам нишони пирӯзист
Сабина Абдураҳмонова низ тавониста, то ливои кишварро дар мамлакатҳои гуногун боло бардорад. Ӯ ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна иштирокчии чандин олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанни физика буда, соҳиби ду медали нуқра ва се биринҷӣ гардидааст. Замони ширкат дар олимпиадаҳо Парчами давлатии Тоҷикистонро дар кишварҳои Қазоқистону Россия, Ветнаму Португалия ва Индонезияву Эстония баланд бардоштааст. Айни ҳол, ӯ дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Корея – Каист таҳсил менамояд.
- Зери мафҳуми Парчам маъниҳои зиёде нуҳуфтаанд. Пеш аз ҳама, Парчам пирӯзии ҳар як фардро таҷассум менамояд. Гоҳе, ки озими кишварҳои баргузоркунандаи олимпиадаҳо мешудам, талош меварзидам, то ғолибиятро ба даст оварда Парчами давлатии кишварамонро парафшон бубинам. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос чӣ гуна ба саҳна баромаданамро нафаҳмида мемондаму гиря дар гулу ашки шодӣ мерехтам, - мегӯяд ӯ.
- Дар донишгоҳе, ки алҳол таҳсил менамоям, чорабинии бонуфузе баргузор гардид. Ҳар кадоме аз донишҷӯёнро мебоист, ки Парчами кишвари хеш дар даст, акс мегирифтем. Мутаассифона, он рӯз тасодуфан парчамро фаромӯш карда будам. Чӣ кор карданамро надонистам. Сипас, роҳи ҳалли онро ёфтам. Дарҳол дар қоғази калоне расми Парчами Тоҷикистонро кашида, онро бо рангҳо оро додам. Дар қатори дигар донишҷӯён ман низ бо ин расм акс гирифтам. Он ба мисли парчами ҳақиқӣ ҷилвагар буд, - бо табассум хотироти он лаҳзаро варақ зад ӯ.
Ба қавли Сабина, дар ин кишвар Парчами давлатии Тоҷикистонро вохӯрдан мумкин аст. Дар боғу гулгаштҳо ҷавонон Парчами Тоҷикистон дар даст сайру гашт менамоянд.
Ҳодисаи мушобеҳро чанде қабл ҳини сайру гашт бо ҳамсабақонаш дар Корея мушоҳида кард. Гурӯҳи ҷавонони тоҷик Парчами Тоҷикистон дар даст акс мегирифтанд ва сокинони маҳаллӣ ва хориҷиён аз онҳо хоҳиши аксбардории якҷоя менамуданд. Аз ин ҳолат хушҳолу болидахотир, ӯ низ ба назди онҳо шитофту аз акси хотиравӣ бебаҳра намонд.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ