Дар парчами коваёни миллат,
Сабт аст намову шони миллат.
Сабз асту сафеду лоларанг аст-
Имону тану равони миллат.
Дар парчами сабзи коваёнӣ,
Сабт аст навои ориёнӣ.
Мо зодаи кӯҳу сахтҷонем,
Чун хӯшаи сер саргаронем.
Бар дӯст ҳамеша ҷоннисору,
Бар душмани хеш беамонем.
Дар парчами сабзи коваёнӣ,
Бастем навои ориёнӣ.
Моем баландситорагонем,
Хурдему бузург шарораҷонем.
Дар ҳифзаш агар чу хорасангем,
Дар ҷисми Ватан ҳамеша ҷонем.
Дар парчами сабзи коваёнӣ,
Сабт аст навои ориёнӣ.
Тоҷем ба сар, фарри Курушем,
Зарринкамарему ҷумла хушем.
Номусу вафост ҷавшани мо,
Мо ном ба нанг намефурӯшем!
Дар парчами сабзи коваёнӣ,
Бастем навои ориёнӣ.
Шоҳона