Суҳбатамон бо ҳунарпешаи шинохта Мавлона Наҷмуддинова дар назди бинои Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сурат гирифт. Ҳар раҳгузар бо дидаи меҳр ба сӯяш назар медӯхт. Дар нигоҳи ҳар яке ҳазор маънӣ ҷилва дошт. Чанд нафари боҷуръат ба суҳбати мо ҳамроҳ шуда, аз рӯзгори бону Мавлона пурсон гашт. Ӯ бо чеҳраи кушод ва ҳарфҳои нарм аз ҳаёти кунунии хеш кӯтоҳ посух медод…
Мисли пӯлод обутоб ёфтам
Дар зиндагӣ шикасту нокомиҳои зиёд дидам. Вале ба ҳар кас розу дарди дил аз рӯзгори хеш наметавон гуфт. Шебу фарози зиндагӣ мисли пӯлод обутобам додаву суфтаам кардааст ва маҳз бо афтодану хестанҳо дар ин шоҳроҳ маҳбуб гаштам. Муҳаббати мардумро нисбат ба худ эҳсос менамоям ва ба эҳтиромашон арҷ мегузорам. Аз таваҷҷуҳи ҳаводорони хунари хеш, ба истилоҳ, курта – курта гӯшт мегирам. Яъне, ин нигоҳҳои меҳрбор подош ба ҳунари банда аст. Ба ҳунаре, ки то ба тамошобин пешкаш намудани он чи мушкилиҳоро паси сар кардаам…
Расидан ба орзуи ниҳоиям, ки ҳунарпеша шудан буд, бароям осон ба даст наомад. Волидон хоҳишамро напазируфтанд. Гуфтанд, ки барои духтари рустоӣ ҳунарпеша шудан мувофиқ нест. Розӣ будам, вале даст аз орзу нашустам. Ин навмедӣ қалбамро шикасту ҳавасамро на. Баъди хатми мактаби деҳаи Сабзакори ноҳияи Рӯдакӣ соли 1989 ҳуҷҷатҳоямро бо хости қиблагоҳам ба техникуми савдои шаҳри Душанбе супурдам.
Дар интихоби касб иштибоҳи бузург намуданамро баъди чанд соли фаъолият дар соҳаи савдо эҳсос намудам. Бахтамро бори дигар санҷидам. Соли 1994 тасмим гирифтам, то ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шавам. Хушбахтона, донишҷӯи ин даргоҳи илму ҳунар гардидам. Бо роҳбарии устод Фаррух Қосимов, ки барои театри «Аҳорун» ҳунарпешаҳои касбиро омода менамуд, ба кори театр пайвастам. Ҳамкориам бо ин марди ҳунар дер напоид. Фавти Фаррух Қосимов шикасти дигаре дар рушду сайқалёбии ҳунарам шуд. Аз даст додани чунин устоди касб саҳл набуд. Саргардон будам. Гоҳе ҷониби Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский метохтам, гоҳе сӯи «Аҳорун». Дар театри Маяковский, дар офаридани нақшҳо мушкиле надоштам, вале дар баёни нутқ бо иллати надонистани забони русӣ дар саҳна душворӣ мекашидам. Аз он ки солҳост иҷоранишинам ниёз ба маоши хуб доштам ва ин муҳити созгорро барои худ ҷойи кори доимӣ интихоб намудам…
Саҳна мубориза мехоҳад
Марҷона ва Малика дар фикри ҳунарпеша шудан нестанд, духтари хурдиам, Азиза бошад, ба санъат шавқу рағбати беандоза дорад. Дар чорабиниҳои мактаб офаридани нақшҳои гуногун ба уҳдаи ӯст. Якҷоя бо Азиза тамрин мекунем, то ҳадде ки ӯ аз худ қаноатманд шавад. Бо ҳама ҷаҳду талошҳояш намехоҳам духтарам ҳунарпеша шавад. Зеро ин пеша муборизаро металабад.
Дар зиндагӣ ҳунарвар дар саргаҳи ду роҳи пурпечутоб қарор дорад: яке саҳна, дигаре оила. Ин ду макон муқаддас аст. Оила саҳнаи воқеии зиндагист, ки нақши зан дар он мавқеи хос дорад. Агар қурбони касб набошӣ ва дар саҳна ҳунари намоиш додани истеъдоди нотакрорро надошта бошӣ, ба ҳайси як ҳунарпешаи соҳибзавқ маъруф нахоҳӣ гашт. Вагарна таҳсил дар мактабҳои бузурги ҳунарварӣ ё интихоб аз рӯи ҳавову ҳавас дар ин ҷода беҳуда аст. Воқеан, гоҳе аз ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ аксарият фирефтаю шефтаи орзуҳо шуда, дар ин ҷода даст намеёбанд.
Ман «ҷабрдида» нестам!
Бисёриҳо мепурсанд, чаро бештари нақшҳои офаридаам симои зани ҷабрдида аст? Пеш аз посух ба ин пурсиш мисолеро мегӯям. Боре коргардон Барзу Абдураззоқов офаридани нақши девонаеро барои намоиши «Девонаҳо. 93 – юм сол», ки аз рӯи асари нависандаи немис Петер Вайс мебоист ба саҳна гузошта мешуд, ба ман дод. Барои аслӣ баромадани нақш моҳҳо паси девонае дар кӯчаҳо гаштам. Бо ӯ як ҷо шиштам, ғизо хӯрдам ва ҳаракатҳояшро аз бар намудам. Асарҳои бадеии марбут ба ҳаёти девонаҳоро мутолиа кардам.
Хуллас, бо талошҳои зиёд дар офаридани нақши девона муваффақ гаштам. Ҳамчунин, дар девонаҳо хислатҳои зиёдро кашф кардам. Онҳо «ман» - и худро надоранд, онҳо касеро малул намесозанд… Воқеан ҳам, девонаҳо одамони биҳиштианд.
Ҳадаф аз гуфтаҳо ин аст, ки барои офаридани нақше заҳматҳои зиёд бояд кашид. Офаридани нақши зани ҷабрдида бароям осонтар аст. Зеро худ қаҳрамони воқеӣ ҳастам, ки дар гирудори зиндагӣ шоҳиди сӯхтану бохтанҳо шудам. Ҳаёти воқеиям дар офаридани нақшҳо ба ман ёрӣ мерасонад. Ва шояд яке аз сабабҳои байни мардум шинохта шуданам дар офаридани ҳамин нақшҳо бошад.
Аслан тавассути нақши зани ҷабрдида дар филмномаву саҳнаҳои театр симои ҳар як бонуе, ки зери фишору таҳдид ва зӯроварии хонаводагист, ҷилвагар мешавад. Ин дарди аксари бонувони имрӯзи ҷомеа мебошад…
Вале ман зани ҷабрдидаву танҳо нестам. Вақте шавҳар мурд, он вақт зан танҳост. Зане, ки фарзандони солеҳ дорад ва ӯро дар хона интизоранд, ӯ бе ҳиҷ ваҷҳ танҳо буда наметавонад. Яъне, зан гоҳе болотар аз бархе мардон рисолатеро дар зиндагӣ анҷом медиҳад, ки аксар маврид мард дар иҷрои он дармемонад.
Шигифтангез
Волидон барои се давраи зиндагӣ ба ман ном гузоштаанд. Магар ин ҳайратангез нест? Замони пеш ҳамсинфон маро Мавлон ном мебурданд. Ҳоло бошад, Мавлона мегӯянд. Мавлонбибӣ номи замони ояндаам мебошад (механдад).
Ниёгон ба гузаштагони худ эҳтирому эътиқоди хосса доштанд, ки ин анъана то имрӯз идома дорад. Ба хотире, ки хонаамон дар наздикии зиёратгоҳи Мавлоно Яъқуби Чархӣ воқеъ аст, бибиам маро Мавлонбӣ ном гузоштаанд.
Ҳадаф яктост!
Боре ҳам «маро ҳама мешиносанд» гӯён, «гиребон надаридаам». Ба хотири пайдо намудани луқмаи ҳалоли фарзандон рӯзона «актриса» мешавам, баъди соати корӣ фаррошию ҳавлирӯбӣ мекунам. Зеро ҳанӯз ҳам ман дар нишемани пурталотуму мушкили зиндагӣ қарор дорам. Ба хотири «ба по хестан» - и фарзандони хеш мебояд талош варзам. Он замоне рисолати модариамро иҷрошуда меҳисобам, ки се духтараки дилҷӯямро солиму ботарбия ба воя расонда, соҳиби донишу касб гардонам.
Ин ҳадафи ҳар як модар аст.
Аноҳито