Таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардондани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронда шудааст. Он берун аз барномаҳои асосии таълимӣ амалӣ мегардад, ки дар шакли маҳфилҳои гуногун дар мактабҳо низ ба роҳ монда мешавад.
Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Варзоб алҳол 23 маҳфил дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия амал менамояд. Ба маҳфилҳои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ихтироъкорон ва химикони ҷавон, сабадбофӣ, коркард бо чӯб, дӯзандагӣ, кошона (эҳёи хӯрокҳои миллӣ), қолинбофӣ ва ғайра наврасону ҷавонони ноҳия бо шавқ шомил мегарданд. Аз ҷумла, алҳол дар ин маҳфилҳо 712 нафар хонандагон ҷалб гардидаанд, ки аз ин шумора 432 духтар ва 260 писар мебошанд.
- Ин беҳтарин василаи ҷалби бачагон ба шуғли дилхоҳ ва судманд мебошад. Духтарон бештар бо шавқ ба ин маҳфилҳо мепайванданд. Фориғ аз дарс мактаббачагон ба маҳфилҳои интихобнамудаи хеш рӯ меоранд ва касбу ҳунар меомӯзанд. Барои хонандагон ин имконияти хубест, то ба оворагардӣ ва дигар корҳои ношоям даст назананду аз вақт самаранок истифода намоянд, - иброз дошт директори Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Варзоб Сайрам Раҳмонова.
Дар маҳфили эҳёи ҳунарҳои мардумӣ чанд маҳфили дигар – гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ ва ғайра амал менамоянд, ки духтарон вобаста ба шавқу ҳаваси хеш ба ин маҳфилҳо пайваста, ҳунар меомӯзанд.
- Барои ҳунаромӯзии хонандагон худи омӯзгорони ҳунарманд ва ё устоҳои гулдасти маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд. Дар маҳфили сабадбофӣ, ки 48 хонанда ба он ҷалб гардидааст, бо роҳбарии пешавари мумтоз Хуҷамурод Яъқубов кӯдакону наврасон ин ҳунари қадимиро ривоҷ дода, сабадҳои гуногун – сабади нонгирӣ, мевагирӣ, гулдонҳо ва дигар лавозимоти рӯзгорро бо маҳорати баланд мебофанд. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ ширкат варзида, мавқеи намоёнро ишғол менамоянд, - афзуд С. Раҳмонова.
Ҳунари муҳрабофӣ, ки дар ин минтақа қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ мерафт, дар ин маҳфилҳо низ аз нав эҳё гардидааст. Духтаракон бо шавқ аз муҳраҳо хафабанд, гарданбанд, дастпона, дастанҷом (сумка), ҳамёнҳои гуногунҳаҷм омода карда, ҳамчунин ниҳолу дарахтчаҳои муҳрагӣ низ месозанд. Ҳунари бофандагӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст ва масъулин кӯшиш менамоянд, ки хонандагон бо як ҳунар маҳдуд нашуда, ҳунарҳои дигарро низ омӯзанд.
- Дар деҳаи Зидеҳ ҳунарҳои қадимаи мардумии табақу қошуқтарошӣ, намадрезӣ, ҷамолакбофӣ, шерозадӯзӣ қариб аз байн рафтан дошт. Мо чунин маҳфилҳоро таъсис дода, ба эҳё кардани ин ҳунарҳо камар бастем. Канораи матоъҳои гулдӯзиву чакандӯзикардашуда ва ҷомаҳо шерозаҳо дошт, ки солҳои охир аз байн рафта буданд. Онҳоро низ аз нав эҳё кардем. Дӯхти чойхалта, ойинахалта ва дастархонҳои қуроқиро низ ба роҳ мондем. Хонандагон имрӯзҳо ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ пайдо намудаанд ва аз бобову бибиҳояшон бобати ҳунарҳои қадимӣ пурсон мешаванд, ки боиси хурсандист, - иқрор омад ин бонуи таҷрибаозмуда.
Ба маҳфили табиатдӯстони ҷавон дар назди мактаби № 21-и деҳаи Зидеҳ 48 хонанда шомил буда, оид ба хусусияти табобатии гиёҳҳои шифобахш маълумот пайдо менамоянд ва дар мавзеъҳои ҳамвор ва бехатар ҳамроҳ бо роҳбари маҳфил ба ҷамъоварии ин гиёҳу алафҳои кӯҳӣ машғул мешаванд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Табиатдӯстони ҷавон» хонандаи мактаби мазкур Гулнозаи Файзалӣ сазовори ҷойи аввал гаштааст.
- Дар маҳфили «Кошона» ҳамроҳ бо хонандагон хӯрокҳои миллии қадимиро бештар таҳия месозем, амсоли умоч, умочи башир, ҳадир, оши бурида, тарҳалво, ҳалвои сурх ва ғайра. Аз каду ҳудуди 15 таом омода менамоем, ки қисме аз онҳо қариб аз байн рафтаанд: кадулафка, умочи кадугӣ, ширкаду, хонума бо каду ва ғайра. Ёд дорам, ки бибиам кадулафкаҳои бениҳоят бомазза таҳия мекард. Кадуро шуста, пора мекард ва намак, зира, мурчу равған молида, рӯи лахчаҳо мепухт. Ё ин ки умочи кадугӣ, ки даруни он лӯбиё, нахӯд, пӯдина ва райҳон андохта, кадуро дар шакли чоркунҷаҳои хурд-хурд реза карда, илова менамуд.
Имрӯзҳо, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гаштааст, вазифаи ҷонии мост, ки ин ҳунарҳои хуби қадимии тоҷиконро аз нав эҳё намуда, ба бачагон омӯзем ва ба фарҳангу ҳунари ғании ниёгон арҷ гузорем, - афзуд дар фарҷоми суҳбат Сайрам Раҳмонова.
Ситора