Рӯйи саҳна нозуку хиромон, бо ҳазор карашмаву ноз ва гоҳе мисли мори печон мерақсаду табъи ҳазорон тамошобинро болида медорад. Хиромидану арғуштравиҳояш аз рақсҳои одӣ фарқ доранд. Зеро ӯ дар само, болои тори борике ва ҳалқаҳои печ дар печ чарх мезанад. Гоҳе ба замин ва гоҳи дигар ба боло, мисли парандаи озод парвоз менамояд.
Аз тамошобин то ҳунарвари саҳна
Мадина Назарова ҳунарвари саҳнаи сирк аст. Ҳанӯз 11 сол дошт, ки рӯ ба боргоҳи маърифат овард. Ҳамсоядухтар боис шуда, ки ӯро чун нақшофар шинохтанд. Зеро вай ҳамроҳи дугонааш барои дидани саҳнаҳои ҳунарӣ меомад. Иштироки пай дар пай ва тамошои намоишномаҳо, дар қалби Мадина меҳри ҳунарманди сирк шуданро ҷой дод. Мехост, худро на ҳамчун тамошобин, балки чун пешавари саҳна бубинад. Ба бахташ дар сирки тоҷик барои ҷалби ҳунармандони ҷавон озмун эълон шуд. Мадинаро ба ин гурӯҳи ҳунарофарӣ пазируфтанд. Аввал нозукиҳои дорбозиро омӯхт.
Ҳангоми бори аввал тамринро шурӯъ намудан, вуҷудашро тарс фаро гирифт. Вале, ҳамоно боҷуръатона қадам мечид, налағжидаву науфтода. Касе пай набурд, ки ӯро ваҳм домангир шуда. Аз баландии 12 метр ба поин менигаристу бовараш намеомад, ки ӯ дар чунин баландӣ қадам мезанад ва он ҳам болои тори борике. Иродаашро ҷамъ намуда, роҳи ба назар чун тори мӯйи сарро убур кард. Мебоист, чандин маротиба ин амалро такрор намояд. Аммо, бо вуҷуди талошҳо, тарсу ваҳм ғолиб омаду аз идомаи роҳ даст кашид. Устодон талош варзиданд, ки то охири нуқта бирасад.
- Он лаҳза тамоми вуҷудамро ларза фаро гирифт. Хаёле, ки ҳамин ҳоло ба замин меафтам. Ба худ мегуфтам, ки шояд ин касб барои ман несту бояд канораш гузорам. Аммо, кадом неруе маро барои расидан ба мақсадҳоям тела медод, ки дар ниҳоят ғолиб омадам,- мегӯяд бо хушнудӣ Мадина Назарова.
Хоҳарбузургони пайрав
Мадинаи хурдсолро, ҳангоми ба сирк омадан, ду хоҳарбузургаш ҳамроҳӣ менамуданд. Аз ҳунарварии хоҳарашон онҳо низ яке пайи дигар ба саҳнаи сирк рӯ оварданд, ба ҳайси дорбоз ва гимнаст ҳунарнамоӣ карданд. Баробари фориғ шудан аз кор, дар хона низ хоҳаракон тамринро идома медоданд. Тӯли чанд сол ба қавле пасту баландии корро гузаштанд. Рӯзе хоҳарбузургаш ба ҳангоми ҳунарварӣ аз баландӣ афтида, осеб диду се моҳро дар беморхона сипарӣ намуд. Пас аз ин ҳодиса, модар намехост, ки Мадина фаъолияташро дар ин самт идома диҳад. Ӯ пинҳонӣ аз модар рӯ меовард ба коргоҳ. Зеро худро бидуни саҳнаи сирк тасаввур карда наметавонист. Чун волидон диданд, ки фарзандашонро аз ин роҳ баргардонда наметавонанд, дигар монеаш нашуданд. Ҳамин тавр, ӯ тамрин менамуду ҳар рӯз барои худ чизи наверо меомӯхт. Барояш муҳим комёбиву пирӯзӣ дар самти интихобнамудааш буд, на фикру ақидаи дигарон. Ин ҳама заҳматҳои кашидааш бе подош намонд. Ҷасуриву нотарсиашро дида, пас аз панҷ сол ӯро ба гурӯҳи саҳнаҳои гимнастикаи ҳавоӣ гузаронданд.
Дар саҳна, дар само ӯ бо либосҳои шинам ва зери ҳавои мусиқӣ мерақсад. Гоҳе хиромида ба боло мераваду гоҳе ба замин фуруд меояд. Барои тамошобин ин ҳама амали ғайриодиеро мемонд, аммо, барои вай як кори одиест. Чунин саҳнаҳоро танҳо ва гурӯҳӣ низ анҷом медиҳанд. Гулдухтарон рӯйи саҳна баромада, болои қанотҳои ҳамдигар мерақсанд.
Уфтодану хестанҳо
Дар як муддати кӯтоҳ Мадина ба комёбиҳои зиёде ноил гардид. Ӯро пайваста ба фестивалу ҷашнвораҳои хориҷ аз кишвар назири Қазоқистону Қирғизистон ва Россия даъват менамуданд. Аз ҳар сафари ҳунарӣ барои худ сабку усули наверо меомӯзад.
Он рӯз мебоист, бо гурӯҳи духтарон барои иҷрои саҳнаи навбатӣ омодагӣ мегирифт. Ба ҳангоми тамрин ногаҳон ҳалқа канда шуду онҳо аз баландии 5 метр ба замин афтиданд. Аз миёни 6 нафар танҳо дасти Мадина шикаст. Аз тарси модар, ки мабодо садди роҳаш гардад, шабро дар хонаи аммааш рӯз кард.
- Баробари афтидан дардеро эҳсос накардам, зеро барои ҳунармандон афтидан дар саҳна ҳолати маъмулист. Он замон пеши назар модарам омад. Ба худ меандешидам, агар ин ҳолатро модарам бубинад, пеши роҳи ҳунарам мегардад,–ёд меорад аз он замон Мадина.
Чун модараш ӯро зиёд пурсон шуду хоҳиши зуд ба хона омаданашро намуд, ноилоҷ роҳ пеш гирифт ҷониби кулбаи хеш. Баробари дидани дасти ҷигаргӯшааш модар пай бурд, ки фалокате рух дода. Зуд думболи дармони духтараш гардид. Сарфи назар аз дасти латхӯрда пинҳонӣ аз хонавода ба кор меомад. Бо дидани дӯстону ҳампешагонаш дилаш гум мезад. Мехост зуд бо ҳунарвариаш хотири тамошобинонро шоду масрур созад. Мадина дарк кард, ки бидуни саҳнаи сирк зиста наметавонад. Ӯ барои ҳунару ҳунар барои ӯ офарида шудаанд.
Алорағми апаҳояш, ки баробари ба шавҳар баромадан тарки саҳна намуданд, ӯ корашро идома дод. Ба иқрори Мадина ҳунарманд дар ҳама гуна вазъият бояд кӯшиш намояд, то камбудияшро назди тамошобин нишон надиҳад ва худро зуд аз вартаи ноумедӣ раҳо созад. Имрӯзҳо гоҳо ба ҳангоми нақшофарӣ пояш аз ҳалқа мелағжаду гоҳи дигар дастонаш аз тори банд кушода мешаванд, аммо ӯ моҳирона ин ҳамаро аз тамошобинон пинҳон медорад. Дар баробари гимнастикаи ҳавоӣ ва дорбозӣ аз уҳдаи иҷрои дигар корҳо низ ба хубӣ мебарояд.
- Мутаассифона, имрӯз дар саҳнаи сирки тоҷик мутахассисони кордон ангуштшуморанд. Хуб мебуд, сафи он мутахассисоне, ки диди наву замонавӣ доранд, бештар гардад. То ба насли оянда саҳнаҳои ҷолибу ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро омӯзонанд ва онҳо тавонанд, ки дар оянда чунин саҳнаҳоро дар хориҷи кишвар ҳам рӯйи кор биоранд,–изҳор медорад М. Назарова.
Мадина доимо дар такопӯст. То ба ин дам ӯ факултаи менеҷмент ва туризми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро поён бурда, тасмим гирифтааст, таҳсилро дар соҳаи хореография идома диҳад ва мактаби ҳунарии худро таъсис диҳаду нозукиҳои ин касбро ба дигарон низ омӯзонад.
Шаҳдрезаи Раҳмон