Ба бӯи Рӯзи «Фалак» суроғи пешавари мумтоз Давлатманд Холов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рафтем. Устодро дар ҳуҷраи басо хоксоронаву озоданамои кориаш вохӯрдем, ки аллакай ба истиқболи мо аз ҷо боло шуда буд. Суҳбати мо атрофи ҳаёту фаъолияти санъаткори машҳури Шарқ гарм шуд…
- Устод, нахуст мегуфтед, ки «Фалак» чӣ гуна жанрест ва Шумо ба ин ҷода чӣ гуна пайвастед?
- «Фалак» – мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик буда, аз замонҳои қадим ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ арзёбӣ мешавад. Дар санъати фалаксароӣ асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ ва ифшогари розу ниёзи мардум бошад. «Фалак» – маҷмӯи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистони ҷануби мамлакат маъмул аст. Тӯли асрҳо мардуми кӯҳистон ҳар боре, ки аз мушкилоту нодорӣ ва гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг меомад, рӯ ба кӯҳи баланде оварда, аз таҳти дил фарёд дармедод ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову Офаридгори оламу одам ифшо месохт. Ҳамин сон фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид.
«Фалак» жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, тӯли садсолаҳо аз забон ба забон ва аз дил ба дилҳои ҳамдигар ба тарзи мактаби «устоду шогирд» то ба замони мо расидааст.
Фалаксароӣ дар хонаводаи мо меросист. Тибқи маълумотҳо зиёда аз 300 сол аст, ки бобо ва бобокалонҳоям фалак сурудаанд ва он имрӯз низ, хушбахтона, побарҷост.
Аз як падару модар мо - 8 фарзанд ба воя расидем, ки ҳамагӣ ба фалакхонӣ дилбастагӣ доштем. Аз мактаб меомадаму дар байни нон асалу рӯғану гӯштро печонда, бо дӯстонам сӯи кӯҳи Имомаскара мешитофтем. Онро кӯҳи «Ҷавобак» мегуфтанд, ки нидои садодиҳандаро дубора сӯи ӯ меовард. Ин гуна мавзеъҳои муъҷизанок, ки илҳоми фалаксароиро меоварданд, ҷойи махсуси тамрини овоз, мактаби аввалини ман дар ҷодаи фалаксароӣ маҳсуб меёфтанд.
- Нахустин асбоби мусиқии хешро чӣ гуна дарёфтед?
- (Механдад) Қисса кӯтоҳ то марги падар зиндагиамон рангорангу файзрез буд, аммо пас аз марги ӯ ҳама вазниниҳои рӯзгор, аз ҷумла тарбияву нигоҳубини ҳашт фарзанд бар зиммаи модарҷонам уфтод.
Он замон дар синфи сеюм мехондам. Рӯзе дар деҳа хурсандие доир шуду назди ҳофизи маърака рафта, илтиҷо кардам, ки як бор думбраашро ба даст гирам, вале ӯ маро ронд. Ҳамон шаб хело гиристам ва ба худ мегуфтам, агар падарам мебуд, бароям кайҳо асбоби мусиқӣ мехарид. Ҳамин тавр, дар фикри чӣ хел дарёфти сози мусиқӣ афтодам. Фардо навбати пода буду дар он асно нахӯди хоҷагиро даравида, сатрӣ карда монда буданд. Бо бародару дӯстонам нахӯдро кӯфта, як халтаашро бозор бурдем. Аз маблағи бадастомада ғиҷаку думбра, дутор, нон ва барои модар як либос куртаворӣ харидем. Ёрои ифшои ин сирро ба модар надоштем.
Бародарон бо созҳои мусиқиамон пинҳонӣ машқ мекардем. Аз миён чанд ҳафта гузашт. Рӯзе дар деҳа тӯй шуду созҳои мусиқии хеш ба каф гирифа рафтем. Пас аз сароидани як суруд аҳли деҳа кафкӯбӣ карданд. Ҳатто раиси совхозу котибони райком аз ҷой хеста, моро аҳсант хонданд.
Ҳамон лаҳза байни мардум ба раис гуфтам, ки ин асбобҳоро аз пули нахӯди совхоз харидаем. Онҳо ба хушҳолӣ гуфтанд, ки чун шумо қоил шудед, ин дуздӣ ҳисоб намешавад.
Вақти бозгашт ба хона модарам аз амалиёти мо огоҳӣ ёфта гӯшмоламон дод ва ба қатъият гуфт: -Бачаҷонҳоям, ин коратон хуб набуд. Бори дигар набинам, ки…
Рӯзи дигар аз комиҷроияи ноҳия ба хонаи мо ёрдампулӣ оварданд… Баъд аз чанд муддат ман аз бародарон ҷудо шудам. Маро ба интернати Саричашмаву бародаронамро ба интернати ноҳия бурданд. Аз хонаи падарӣ танҳо як ғиҷакро бо худ гирифтаму халос…
- Устод, дар бораи таъсиси нахустансамбли «Фалак» дар шаҳри Кӯлоб рӯшанӣ меандохтед?
-Пас аз хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода маро Гулмурод Зуҳуров-директори вақти Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба кор даъват намуд. Соли 1989 бо заҳмату талошҳои зиёд ансамбли «Фалак»-ро таъсис додем. Баъди соҳибистиқлолии кишвар «Фалак» ҷомаву тоқӣ ва пироҳани нав ба бар кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии «Фалак» ғамхории зиёд зоҳир намуда,16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ доданд. Инчунин, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол 10 октябр дар саросари кишвар ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад. Алҳол дар ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радио 70 нафар ҳунарманд фаъолият дорад, аксари онҳо ҷавононанд. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шогирдон дорам. Бо фалаксароёни шаҳри Кӯлоб низ иртиботи хешро нагусастаам.
- Дар Кӯлоб буданд фалаксароёне, ки хуб мехонданду аммо ҳунари онҳо паси парда монд?
-Бале, бобои Ҳусайни Фалак, бобои Сайдалии Фалак, Бароти Фалак ва дигаронро медонам. Қисмати хурди сабтҳои баъзе аз ин ҳофизони мардумиро пайдо намудам, ки дар сабки чорякпардагӣ фалак мезаданд. Мутаассифона, имрӯз кам нафароне ёфт мешаванд, ки дар ин сабк бисароянд.
- Каме дар бораи аҳли хонаводаатон…?
-Даҳ фарзанд, 6 писар, 3 духтар, 1 «Фалак» дорам (механдад). Ҳамсаре дорам, ки дар барномаҳои консертиам ӯро духтаронам маҷбур меоранд. Боре зимни ҳунарнамоиам гуфтааст, ки ин мардак дар саҳна беҳад хушрӯй будааст, ки бонувон мудом телефонӣ суроғаш мекунанд.…
- Чӣ таманное доред?
- Қабл аз ҳама ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос менамоям, ки хизматҳои бузурге баҳри бақои миллату давлати тоҷик анҷом додаанд. Моро мебояд дар пайравӣ санъати фалакро ба арш барорем, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Айни ҳол бо дастгирии санъатшинос Аслиддин Низомов кӯшиш дорем, санъати фалакро илман асоснок карда, шаъну шуҳрати онро баландтар бардорем.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тасмим гирифтаам, ки дар зодгоҳ як маҷмаи хизматрасонии иборат аз сартарошхонаву осорхона, кошонаи ҳусну толори машқи ҳунармандонро бунёд ва мавриди баҳрабардории ҳамдиёрон қарор диҳам.
Фарзона ШАЪБОНӢ