пиромуни маданияти номгузорӣ
Номи зебо аз доштани фарҳангу дониш ва фаросати баланди номгузоранда дарак медиҳад. Нахуст ном бояд бори маънӣ бикашад ва аз тобишҳои гуногуни маъниофаринӣ, аз рамзу ишораҳои зебое бархӯрдор бошад. Як ифодаи хушку холӣ ва муҷарраде набошад, ки ин гуна чиз дар ҳеҷ маврид наметавонад зебоӣ бидиҳад, таҷалло бубахшад ва раҳнамоӣ кунад.
Мутаассифона, имрӯз номҳои зиёдеро дучор омадан мумкин аст, ки муносиби ҳол нестанд ва маънию мазмуни дурусте надоранд, аз таровату балоғати сухан холиянду чизеро ифода намекунанд. Ин гуна номҳо ба ҷои зинат бахшидан, ҳуснро мекоҳонанд, табъро хира месозанд ва дилро ба танг меоранд. Ном бояд бозгӯкунандаи маънии ашё бошад. Ашё, ҳар қадар ки зебо бошад, ном ӯро ҳамон қадар зеботар мегардонад. Мисли он ки ба шир шакар андозем, ширинияш меафзояд ва агар сирко занем, мекоҳад.
Гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ боиси ба вуҷуд омадани корхонаву коргоҳҳои зиёди хурду реза, мағозаву дуконҳо, марказҳои савдо, ташхисгоҳҳои табобатӣ, ошхонаю қаҳвахона, тарабхонаю марказҳои дилхушӣ, кошонаҳои ҳусн ва садҳо муассисаҳои дигар гардид, ки ин ҳама ба пайдо шудани номҳои бисёре оварда расонданд.
Албатта, хуб аст, ки ин ҳама арзи ҳастӣ менамоянд ва чархаи иқтисоди кишварро ба гардиш медароранду саранҷом мушкилеро осон менамоянд. Вале аз вазифаҳои мост, ки барои ин ҳама номи мувофиқу муносиб ёфта гузорем, ки ҳам ба ҳусни коргоҳу ҳам ба ҳусни шаҳр тароват бубахшанд.
Маълум, ки номи мувофиқ ёфтан, кори чандон саҳл нест, балки ҳунари баландест, ки на аз дасти ҳар касе меояд. Оне, ки ба гузоштани ном масъул аст, дар назди ҷомеа низ бояд ҳамин масъулиятро дошта бошад, то тавонад рисолаташро анҷом диҳад. Яъне, барои коргоҳ ё муассисае, ки таъсисаш додааст, номи муносибе ёфта тавонад, ки баъдан ин амалаш боиси хандаю истеҳзо ва костагии шаҳр нагардад.
Имрӯз ба номҳое дучор меоем, ки муносиби ҳол нестанд ва маънию мазмуни дурусте надоранд. Вале ин номҳои хатою шикаста дар пешорӯи назари ҳамагон ҷилванамоӣ мекунанд ва касе барои ислоҳи онҳо ва ба меъёри забони давлатӣ мувофиқ гардонданашон кӯшиш ба харҷ намебаранд.
Дар шаҳри Душанбе номҳои зебо низ ба назар мерасанд. Масалан, вақте ки «Чойхонаи Роҳат» мегӯем, ҳамоно пеши назар як чойхонаи ободу зебо ва барҳавое ҷилвагар мешавад, ки ҳар кас даме он ҷо буданро орзу мекунад ва мехоҳад, ки дар ин чойхона нишинаду чой нӯшад ва даме роҳат кунад. Яъне, номи ин ҷой муносиби ҳоли худ аст, ки баробари ба забон гирифтанаш кас як ҷаҳон оромиш, осоиш ва қаноатмандӣ эҳсос менамояд.
Ҳамин гуна номҳои зеборо дар шаҳрҳои калонтарини кишвар: Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Исфара, Истаравшан, Хоруғ ва Ҳисор зиёд дидан мумкин аст. Хусусан, номҳои ошхонаю чойхона, тарабхонаю марказҳои савдоро, ки ҳамарӯза аз дарашон садҳо нафар медароянду мебароянд.
То ҳамин наздикиҳо дар шаҳри Кӯлоб се маркази бузурги савдое бо номҳои зебо буданд. Яке «Баҳор», дигарӣ «Равшан» ва савумӣ «Гулҷаҳон» ном доштанд. Ҳоло дигар ин мағозаҳо вуҷуд надоранд, вале мардум аз муҳаббат ҳамон мавзеъҳоеро, ки ин мағозаҳо ҷойгир буданд, бо ҳамин номҳо ба забон меоранд…
Дар пойтахти кишварамон низ ҳамин гуна ошхонаю тарабхона, қаҳвахона, марказҳои савдо, ташхисгоҳҳои табобатӣ ва марказҳои дилхушию кошонаҳои ҳуснро зиёд дучор омадан мумкин аст, ки бо катибаҳои зебое дар равоқ ва даромадгоҳҳояшон номҳо хуб ва муҷалло кандакорию насб шудаанд.
Аммо хилофи ин, имрӯз боз муассисаҳое низ ҳастанд, ки аз номуносиб будани номашон, табъи кас ҳираю хотир озурда мегардад. Ба эҳтироми соҳибони мағозаю дуконҳо, ки аксаран номро ба исми фарзандону пайвандонашон гузоштаанд, ки бас нофорам аст. Дар шаҳри Душанбе ҳамчунин бо номҳое вар хӯрдан мумкин аст, ки аксаран бо забону ҳуруфи бегона нигошта шуда, маънию мазмуни дурусте надоранд…
Дар ин баробар боз номҳоеро вомехӯрем, ки такрори якдигаранд. Дар маҳаллаи «Гипрозем», аз гардишгоҳи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон то бозори «Деҳқон», дар масофаи тақрибан 100 метр, се ҳолати такрор шудани як номи «Ҳаловат» - ро дучор омадем: мағоза, маркази савдо ва тарабхона.
Хатои дигаре, ки солҳои зиёд ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳру навоҳии кишвар вуҷуд дораду ҳанӯз касе пайи ислоҳаш гом намебардорад, ин унвони ошхонаҳоест, ки бо номи «Ошхонаи миллӣ» насб шудаанд. Воқеан, ин бисёр хатои дағал ва амали ношоиста аст…
Аз ҳусну қубҳи номҳои тарабхонаву ошхона, мағозаву дукон, дорухонаву бунгоҳҳо ва ғайра расонаҳои хабарӣ бисёр менависанд.
Тарабхонаву ошхонаҳо бояд унвони мустақил дошта бошанд, мисли «Роҳат», «Лаззат» ва амсоли ин. Агар соҳиби ошхона зарур донад, дар зери унвони болоӣ, дар қавсайн бо ҳарфҳои хурд чунин навиштаҷотро ҷой диҳад: (ошхонаи ғизоҳои миллӣ) на ин ки «Ошхонаи миллӣ».
Як масъалаи дигари мавриди назарро ба таъкид мехоҳам изҳор кунам, ки ҳангоми номгузорӣ мо бояд аз баъзе ҷиҳатҳои нозуки равонӣ сарфи назар кунем. Агар мо хоҳем, ки ном пухтаю суфта ва хушоҳанг садо бидиҳад, бояд аз гузоштани он ба исми одамони алоҳида, маҳалу зодгоҳ ва хешу табор як андоза канорагирӣ намоем ва дар ин маврид боандешаю мулоҳизакор бошем. Зеро кам иттифоқ меафтад, ки ин гуна номҳо хушоҳангу зебо ва пурраю гӯё садо бидиҳанд.
Дар замони шӯравӣ як падидаи бисёр номатлуб буд, ки моро ба дӯст доштани маҳал, деҳа ва зодгоҳ таҳрик медод, то нисбат ба парастидани арзишҳои бузургтари миллӣ, амсоли забон, таърих, фарҳанг ва адабиёт бетаваҷҷуҳу бетафовут бошем. Зеро ин чиз ба нафъи сиёсати ҳамонрӯза набуд. Идеологҳои шӯравӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ медоданд, ки мо номи ин чизҳоро кам ба забон биорем ё умуман ёд накунем. Барои ин гуфтаҳо далели зиёде лозим намешавад. Тақдири устод Бозор Собир барои шеъри «Забони тоҷикӣ», Буриннисо Бердиева, Ғ. Сафарзода, С. Ҳалимов барои тарғиби ҷашни «Наврӯз» ба ҳамагон рӯшан аст.
Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти кишвар ба унвони бузургони миллати тоҷик хиёбонҳои бузург, қасру кӯшкҳо, боғҳои зебою барҳаво бо пайкараҳои бузургон арзи ҳастӣ доранд ва ин барои ҳар як шаҳранди мамлакат мояи ифтихор аст.
Хушбахтона, дар пойтахти мамлакат гулгашт, фароғатгоҳу боғистонҳои зебо арзи ҳастӣ намудаанд, ки номҳои зебо гирифтаанд: «Куруши Кабир», «Боғи устод Рӯдакӣ», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Аҳмади Дониш», «Восеъ», «Садриддин Айнӣ» ва ғайра. Дар ин росто хидмат ва ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори таҳсину офаринҳост. Моро мебояд, ки ба Пешвои миллат пайравӣ намоем.
Алихон ЗАРИФӢ