Муаллим. Ин вожаи муқаддас аз лаҳзаҳои аввали дар синфи якум таҳсил намуданаш дар қалби кӯчаки Парвина маъво гирифта буд. Бо мурур аз миёни ҳамдарсон танҳо ӯ дар орзуву ҳадафҳои кӯдаконааш устувор монд. Чаро ки давоми таҳсил дар МТМУ № 82 шаҳри Душанбе ҳам ҳастии худро ба донишандӯзӣ бахшида буд, то мисли устоди аввалинаш Марям Комилова сазовори номи пурифтихори омӯзгор бошад.
Инак, ба гоҳи равуо ба дабистони орзуҳояш аз шавқу шони дӯстрӯякони ташнаи дониш, ки атрофаш парвона мегарданд, ӯро эҳсоси наҷибе фаро гирифта, овони мактабхониҳои худро ба хотир меорад.
– Бо ҳама сахтгирию ҷиддият дар вақти дарс мо устодамонро баробари модари худ ҳалиму меҳрубон медонистем. Ҳатто ҷойе дар тарбияи рафтору гуфтор ва реҷаи ҳаёти мактабхониамон муаллима аз падару модар дида таъсири бештар дошт, ки инро имрӯз дар шогирдони худ ҳам мушоҳида менамоям,- хандида изҳор дошт Парвина Каримова.
Баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва бозгашт ба назди устодони мактабиро сароғози иқболу сарбаландиҳои ҳаёт медонад. Дар он солҳо ба замми бетаҷрибагӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, таъхири музди маош ва мушкилиҳои дигари соҳа боиси дилсардии омӯзгорони ҷавон мешуд. Аммо Парвина дар сафи омӯзгорони собиқадор мушкилоти он замонаро сабурона паси сар кард. Тавре иқрор меояд, пайроҳаи устоди аввалини мактабиаш бебозгашт бувад, чаро ки аз бозе худро мешиносад, ба ҷуз дарси илму адаб ба дигар шуғлу саргармиҳои ҳаётӣ майлу рағбат надорад.
Чун дар мактаби мо таълимот бо забони русӣ ҳам ҷорӣ буд, вақтҳои фориғ дар дарсҳои омӯзгорони русзабон ширкат варзида донишу таҷрибаи худро сайқал медодам. Аз усули ҷадиди дарсдиҳӣ ва принсипнокии муаллимаҳои русзабон хушам меомад. Барои омӯзгори хубу маҳбуби ҷомеа будан бояд дар баробари ҷиддияту сахтгирӣ, шогирдон дар симои ту устоди ҳалиму меҳрубонро шиносанд, ки силиаш беҳтар аз силаи зодмандон бошад,- мегӯяд бону Парвина.
- Тақозои давру замон аст, ки омӯзгор дар баробари донишу таҷрибаи кифоя навовару эҷодкор ва дар таълиму тарбияи насли наврас сахтгириву серталабӣ дошта, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму технологияи навин бошад. Барои сайқал додани дониши хонандагон маҳорати истифода аз усулҳои нави таълимро аз бар намояд. Илова бар ин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстию ватанпарварӣ ва дар замири шогирдон бедор намудани эҳсоси ифтихору арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси давлатӣ рисолати азалии омӯзгор аст. Танҳо бо ин роҳ метавон нуфузу эътибори омӯзгорро дар ҷомеа дубора боло бурд, то ки муаллим дар тарбияву ташаккули афкори мардум ҳам нақши муассир дошта бошад.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, масъулияти омӯзгор бо таълими дониш маҳдуд нашуда, балки бо истифода аз усулҳои гуногун бояд дар ташаккули афкору ҷаҳонбинии насли наврас таъсири амиқ гузорад.
- Бароям аз ин лаҳза дида хушҳолию сарбаландие буда наметавонад, ки вақте муваффақияту пешравиҳои шогирдони худро дар ину он фаъолиятҳои ҷамъиятӣ мушоҳида менамоям. Баъзан дар кӯчаву оинаи нилгун дастпарваронамро аз умқи чашмонашон мешиносам, ки ҳангоми ба синфи якум омаданашон дар хотирам нақш бастаанд. Тӯли 25 соли фаъолияти омӯзгорӣ, аллакай шогирдонеро тарбия намудаам, ки замоне ба зодмандони онҳо ҳам хату ҳарфи аввалро омӯхта будам. Ба наздикӣ аз тамошои як барномаи телевизионӣ оид ба дастовардҳои рассоми хушсалиқае маро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Танҳо рӯзи дигар аз ҳамсояҳо шунидам, ки он ҷавони оромтабиату нигоҳаш меҳрангез як тан аз шогирдони солҳои аввали омӯзгориам будааст,- ҳароратангез мегӯяд Парвина Каримова.
Шукру қаноатпешагӣ аз бузургтарин хислатҳои инсонианд, ки хосса муаллимони ҳама давронро ба авҷи шуҳрату эътибор миёни ҷомеа мерасонанд. Муаллимаи азизу муътабари шогирдон, ки соате дар қатори онҳо аз дарси ҳарфомӯзию ҳам замзамаи шеъри «Офтобаки ман»- аш баҳравар шудем, аз зумраи маорифпарварони асилу солеҳи замони хеш аст, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ба касб ва шавқу шони ватандӯстонааш дар ҳалқаи хонандагон ва ҳампешагону ҳамдиёронаш иззатманду соҳибмақом аст.
Ҷ. УСМОН