«Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудану густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Кино муаррифгари урфу одат ва таъриху фарҳанги ҳар миллат мебошад. Дар асри гузашта синамогарони тоҷик бо таҳияи филмҳои «Коваи оҳангар», «Ҳасани аробакаш», «Қисмати шоир», «Рустам ва Суҳроб», «Марги судхӯр» ва дигар филмҳои машҳури тоҷикӣ, ки имрӯз дар хазинаи тиллоии кинои ҷаҳонӣ маҳфузанд, тавонистанд, то ҳадде таъриху тамаддуни миллати тоҷикро ба василаи ин санъати ҷолиб таҷассум намоянд.
Дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул гардидани «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022» ба рушди минбаъдаи санъати синамогарӣ таконе шуд, ки чанд соли охир рӯи навор омадани филмҳои ҷадид гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Новобаста ба дастоварду муваффақиятҳои синамогарони тоҷик дар ин давра, ҳоло ҳам дар ин соҳа камбудию мушкилиҳо ба чашм мерасанд. Тавре ки ҳунарпешаи театр ва кино Моҳпайкар Ёрова дар ин маврид мегӯяд: «Дар филмҳои тоҷикӣ ҳанӯз камбудиҳо ҷой дошта, аз дидани бархе аз филмҳои истеҳсоли солҳои охир кас нороҳат мегардад».
- Бо иллати кашф нашудани ҳунарпешаҳои асил ва ҷалб шудани филмбардорони тасодуфӣ, ки аз кӯчаи синамогарӣ нагузаштаанд, боиси камбудиҳо дар кинои муосир мегардад. Агар мушкилӣ дар нақшҳо ҷалб нашудани ҳунарпешаҳои касбӣ бошад, мушкили дигар дар забон, набудани пардозгарони кино ва таҷҳизоти замонавии банаворгирӣ мебошад. Вале, бо ин ҳама, чанд соли охир коргардонҳои ҷавону умедбахше ба мисли Носир Саидов, Муҳиддини Музаффар, Файзулло Файзов, Абулхайр Зокиров рӯи кор омадаанд, ки азму талош барои рушди ин соҳа дошта, саҳми онҳо дар рушди кинои тоҷик назаррас аст. Ба гуфтаи бонуи ҳунарпеша, дар ҳама давру замон танҳо он филмҳое тамошобини худро меёбанд, ки ба дарди ҷомеа мехӯранд. Аз ин рӯ, набояд бо ҳар баҳона монеи фаъолияти коргардонҳои ҷавон шуд. Боиси хушнудист, ки дар баробари камбудиҳо баъзан филмҳои ҷадиде ба навор гирифта мешаванд, писанди тамошобинон, ба хусус сокинони одӣ мегардад. Чун дар ин гуна филмҳо камбудию муваффақиятҳои ҳаёти мардумони қишрҳои гуногун таҷассум ёфтаанду тамошобинро аз дидани он хуш меояд.
- Ман аз заҳмату мушкилиҳои наворгирии кино хуб огоҳӣ дорам, вале барои пурра бартараф намудани ин норасоиҳо маблағу сармояи кофӣ зарур аст. Мусаллам аст, ки интернет коргардони кино омода намекунад, аз ин рӯ, хуб мешуд ҷавонони лаёқатманду ҳаёти худро бо кино пайвастаро ба донишкадаҳои кинематографистӣ ба хориҷ аз кишвар равон созем. Ё худ синамогарони ҷавони мо дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон аз коргардонҳои маъруфе амсоли Юнус Юсуфов ва дигарон дарс омӯзанд, - иброз медорад Моҳпайкар Ёрова.
Қобили зикр аст, ки дар ду сол як маротиба баргузор гардидани Фестивали байналмилалии «Дидор», ки бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, саҳифаи тозае дар таърихи навини кинои тоҷик боз намуд. Ин чорабинии бонуфуз пулеро миёни синамогарони тоҷику хориҷ гузошта, равобити ҳамкориҳоро тақвият бахшида истодааст. Новобаста ба мушкилоти роҳ ёфтан ба фестивалҳои ҷаҳонӣ солҳои охир филмҳои ба наворгирифтаи коргардонҳои тоҷик, ба мисоли «Қиёми рӯз», «Шитоб», «Тангно» ва ғайра дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.
- Синамогарон дар таҳияи як филм чӣ қадар маблағ масраф намуда, бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданро танҳо худ медонанд. Аммо ширкат дар ҷашнвораҳо муваффақияти кори ҳар синамогар аст ва ба ин восита кинои тоҷик бо ҳунарпешаҳои он ва дар маҷмӯъ, Тоҷикистон байни дигар давлатҳои дунё муаррифӣ мегардад, ки ин барои мо як хушбахтии бузург аст, - мегӯяд Носир Раҳмон, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».
Соли гузашта «Тоҷикфилм» бори аввал дар таърихи фаъолияташ раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи аудиовизуалиро роҳандозӣ намуд. Дар ин муддат муассисаҳои эҷодӣ 5 филми ҳунарӣ, 8 филми мустанад, 3 филми тасвирӣ таҳия намуданд, ки аксар сазовори мукофоту ҷоизаҳои байналмилалӣ гардиданд.
Мавлона Наҷмуддинова, ҳунарпешаи театр ва кино, аз вазъи имрӯзаи санъати кинои тоҷик, ки рӯ ба беҳбудӣ овардааст, изҳори хушнудӣ мекунад: -Дар театр ё кино нақш бозидан бароям мушкил нест, аммо камбудии мо дар пайдо кардани коргардонҳои ҳирфаист. Хуб мешуд, ки ҷавонони лаёқатманде, ки шавқу шӯри филмсозӣ доранд, мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирифтанд. Зеро онҳо барои амалӣ намудани идеяҳои худ дар филмҳои замонавӣ ба дастгирии моддӣ ниёз доранд.
Парвиз Пӯлодӣ, ҳунарпешаи тоҷик, дар баробари фаъолият бо коргардонҳои тоҷик муддатест, ки дар филмҳои русӣ нақш меофарад. Ӯ мегӯяд, ки бо коргардонҳои русу қазоқ ҳамкорӣ кардан барояш осонтар аст. Зеро дар наворгирии филмҳои русӣ мушкиле нест. Баъдан, маблағи хубе ҳам аз нақшофарӣ дар филмҳои русӣ ба даст меорад.
- Дар филмҳои тоҷикӣ ба хотири рушди кинои ватанӣ ва дастгирии ҳунарпешаҳо ҳамкорӣ мекунам. Кинои тоҷик ҳунарпешаву коргардонҳои хуб дорад, ки метавон бо онҳо ифтихор кард. Аммо боиси таассуф аст, ки онҳо бо маблағгузории ночиз фаъолият менамоянд. Муҳиддин Музаффар аз ҷумлаи коргардонҳои ҷавонест, ки кӯшиши кашфи навгониҳоро дар олами синамо дорад. Ин нафаронро дастгирӣ мебояд, - мегӯяд П. Пӯлодӣ.
Инак, ба оромиву субот расидем. Вақти он расида, ки шаҳрчаи филмбардории як замон маъруфи «Тоҷикфилм» - ро дар мавзеи Симиганҷ азнавсозӣ кунем. Ва ё дар ягон гӯшаи зебои ватанамон, амсоли мавзеи Файзобод, қисмати лаби баҳри Норак, аз тарафи Кӯли Сӯфиёни Данғара ва ё мавзеи Чилдухтарону ҳам Сари Хосори Балҷувон шаҳрчаи филмбардориеро эҳё намудан ба манфиати соҳаи синамо ва обрӯи Тоҷикистон дар миёни дигар кишварҳои ҷаҳон мешавад.
Ба гуфтаи Парвиз Пӯлодӣ, барои рушди минбаъдаи синамои тоҷик чунин шаҳрчаи филмбардорӣ чун обу ҳаво зарур аст. Баъдан, итминон комил аст, ки чун «Соли оила», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва амсоли ин, агар дар кишвар солеро чун «Соли кино» унвон дода, таваҷҷуҳ зоҳир намоем, айни муддао мебуд.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО