Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш дар ноҳияи Данғара 12 сентябр бинои нави Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуд, ки дар қисмати асосии он осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Қасри фарҳанг сеошёна буда, дар таҳхонаи он китобхонаи электронӣ, қироатхона, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор адад ва ҳуҷраҳои кории коргарон сохта шудааст. Дар қисмате аз ошёнаи якуми бино шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия низ ҷойгир шуд.
Қасри фарҳанг дорои нигористон, толори рақси миллӣ, амбори асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон, синфхонаи асбобҳои зарбӣ, толори омӯзиши ҳамаи асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи муаллимон, синфхонаи мусиқӣ буда, барои ҷалби ҳӯнаромӯзии ҷавонон ин ҷо маҳфили пазандагии духтаронаву писарона ташкил карда шудааст.
Бори аввал дар Қасри фарҳанг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ доир гардид.